Аз марҳилаи аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ҳукумати кишвари навтаъсиси тоҷикон иқдомҳои аввалинро барои бунёди низоми давлатдории қавӣ гузоштанд. Мутаассифона, дар ин марҳилаи ҳассос кишварҳои манфиатҷӯ ва гуруҳҳои мухолифи дохилӣ вазъи сиёсии кишварро ба мудохилат кашида, монеи татбиқи барномаҳои бунёдӣ гардиданд. Вазъият ба ҳадде мушкил гардид, ки доираҳои хориҷӣ аз ин танишҳои сиёсӣ истифода намуда, ихтилофи рӯёрӯиву майдониро то ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ бурданд. Дар ҳолате, ки давлатҳои ҳамсояи мо истиқлолияти худро ҷашн мегирифтанд ва дар фикри ташаккули давлатдории худ қарор доштанд, миллати тоҷик дар маркази шаҳр ба ду гӯрруҳи эътирозӣ тақсим шуда, бо яроқу аслиҳа якдигарро таҳдид мекарданд. Ҳукумат фалаҷ, қонунҳои меъёрӣ амал намешуд, мансабдорон тарки мансаб мекарданд, зиёиёнро ба қатл мерасонданд, дар майдонҳо ҷавонон, пирону калонсол ва занон бо кӯдакони худ, яъне оилавӣ иштирок мекарданд. Дар дили пиру ҷавон нишонаи сулҳу салоҳ шуъла мезад. Аммо роҳбарони гӯруҳҳои мухолифин тарафдорони худро бар асоси идеологияи бардурӯғ ва тафриқаангез ба гумроҳӣ бурда, миёни миллат ҳисси маҳалгароиву хушунатро аланга мезаданд. Мутаассифона, дар ин марҳила касе ба ҳайси роҳбари миллӣ мушаххас нашуд, ки ба заминаи эъломи истиқлоли давлатӣ лаҷоми пешбарии кишвари навтаъсисро бар уҳда гирифта, паи устувории низоми давлатдорӣ сайъ кунанд.

Дар рӯзҳои аввали Истиқлоли давлатӣ гурӯҳҳои мухолиф пайи дарёфти манфиатҳои моддиву маишӣ дар низоми давлатдорӣ ҷойгоҳи худро созиш менамуданд. Кори аввали онҳо тақсими нуфузи худ дар дохили кишвар буд, ки ҳар яки онҳо ба худ майдони баҳс ороста буданд. Дар ҳар вилоят ва минтақа тақрибан панҷ ё шаш гӯруҳи ба ҳам зид мавҷуд буданд. Яке паи дигаре қадам мемонд ва дигаре бо якдигар муноқиша мекарданд. Сарҳадҳои дохилӣ дар минтақаҳо зиёд шуд, дидбонгоҳои мухолиф пайдо шуда буданд, ҳар нафареро бо майли хоҳиши худ тафтиш мекарданд, зери пурсиш қарор медоданд. Зиёде аз шаҳрвандони бегуноҳро маҳз дар ҳамин марҳила ба қатл расонданд. Таҳқир ва зӯроварӣ болои мардум авҷ гирифта буд. Тарсу ҳарос дар чеҳраи ҳамагон мушоҳида мешуд. Ҳолат ба сатҳе расида буд, ки гурӯҳҳои мухолиф дар роҳҳои байналмилалӣ бештар аз нозирони бозрасии давлатӣ ба чашм мерасид. Дар ҷунин вазъияти ҳассос воридоти озуқаи хӯрокворӣ ва ашёву лавозимоти зиндагӣ манъ шуда буд. Захираи амволи давлатӣ ба ғорат рафта буд, гуруснагӣ миллатро фаро гирифт. Дар гӯшаҳои шаҳр дуконҳои нонтақсимкунӣ ташкил шуда буд, ки мардум барои як порча нон дар атрофи ин дуконҳо шабонарӯзӣ навбат меистоданд то аз гуруснагӣ ҳалок нагарданд. Дар деҳоту маҳаллаҳои дурдаст мардум ба хурдани хӯроки чорво даст зада буданд, аз қабили кунҷораву растаниҳое, ки маъмулан барои хӯроки чорво пешбинӣ мегардад. Дар баробари ин мушкилиҳоӣ гӯруҳҳои мухолиф ба дуконҳои нонтақсимкунӣ ҳамла меоварданд,  мардумро ғорат мекарданд. Ҳар фарде, ки зиддият мекард дарҳол ба қатл мерасонданд.

Абрҳои сиёҳ осмони софро фаро гирифта, рӯз ба мисли шаб буд, борону барф ба тезӣ меборид, ҳаво чунон сард буд, ки тифлони навзод ва кӯдакон қурбони зиндагӣ шудабуданд. Тақдири талх ва рӯзи сиёҳ ба рӯйи миллати тоҷик омада буд. Давлатҳои манфиатдор ва гӯруҳҳои мухолиф  даҳшати рӯзи маҳшарро дар он рӯзҳо ба мардум аён намуда буданд.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар ин маврид, пас аз истеъфои сарвари тоза- интихобгаштаи кишвар, мансабдорон, зиёиён, равшанфикрон ҳама пайи ҳам ба истеъфо рафтанд. Раиси Шӯрои Олии вақтии мамлакат аз минбари баланди Иҷлосия ба истеъфо рафтани мансабдоронро баён карда буд. Миллат аз ноумеди ва таҳдиди гурӯҳҳои мухолиф роҳи гурезро пеша гирифт. Дақиқан ҳудуди як миллион нафар аз мамлакат фирор карда буданд. Қисми зиёди мардум дар қишлоқу маҳаллаҳо миёни дӯстону хешовандон пинҳон шуда буданд. Охирин умеди миллати тоҷик дар баргузор гаштани Иҷлосияи 16 Шӯрои Олӣ буд, ки тамоми бурду бохти давлатдориро маҳз аз натиҷаҳои он интизорӣ доштанд. Садоҳои баланд ба ноумедӣ оварда мерасонд, ки тоҷикон аз таърихи бузурги давлатдорӣ маҳрум мешаванд ва ғуломи дарбори бегонагон мегарданд.

Наворҳои хазинавии ин Иҷлосия баёнгар ва исботкунандаи гуфтаҳои болост. Дар рафти ҷаласаҳои Иҷлосия ҳар як шахсияти дар толор буда ба атрофи худ назар мекарданд. Боварӣ дар он надоштанд, ки ин Иҷлосия бо оромиву осӯдагӣ ба анҷом мерасад. Дида мешавад, ки яке дигареро мегӯяд “ Бин силоҳдорон даромаданд”. Тарс дар чашмони ҳар яки онҳо мушоҳида мешуд. Яко як ба минбар баромада сухан меронданд ва яке ба гуфтаи дигаре розӣ намешуд, баҳсҳо ба вуҷуд меомад, лаҳзаҳои басо мушкил ва ҳассос дида мешавад, ки бо андак баланд равияҳо метавон ин Иҷлосияро ба кашмакаши ва хунрезӣ оварда расонанд. Дар рафти Иҷлосия раиси Шӯрои Олӣ ба истеъфо меравад ва интихоби раиси нави Шӯро оғоз мешавад. Вакилони дар толор иштирокдошта, аз даъвои мансабталабӣ худдорӣ намуда, касе омода набуд, ки тақдири минбаъдаи кишварро бар душ дошта бошад. Намояндагон аз дарёфти мансаб худдорӣ намуда, касе намехост масъулияти наҷоти миллатро бар дӯш гирифта, ҷони худро зери хатар гузорад.

Таърих гувоҳи он аст, ки дар чунин вазъияти пешгӯинашаванда, шахсияте рӯйи саҳнаи сиёсат омад, ки бо сухаронии ҷонбахш ва бо боварии амиқ ба ояндаи нек дар дили миллати тоҷик эътимодро зинда намуда, руҳияи мусбиро бунёд кард.

Пешвои муаззами Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон бахшида ба 20 солагии ин Иҷлосияи тақдирсоз аз он мушкилиҳо ёдовар шуда, чунин иброз доштанд, ки “маҳз ба шарофати хираду заковати азалӣ, дурандешӣ, сабру таҳаммул ва ҷавҳари созандаи миллати тоҷик Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон баргузор шуд, ки он дар таърихи навини тоҷикон ҳамчун оғози воқеии раванди сулҳ ва эҳёи рукнҳои давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад.

 Бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд дар заминаи талошҳои воқеан ватандӯстонаи вакилони мардумӣ ягона минтақаи ороми кишвар – шаҳри бостонии Хуҷанд макони баргузории иҷлосияи шонздаҳум интихоб гардид.

Албатта, даъват ва баргузор намудани иҷлосия дар он рӯзҳо кори саҳлу осон набуд. Зеро қувваҳои бадхоҳ бо ҳар роҳ мехостанд садди роҳи баргузории он гарданд ва ҳар гуна монеаҳо эҷод мекарданд.”

Нақши Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо дар суботу оромии кишвар балки тамоми ҷабҳаҳои пешбурди сиёсати дохилуву хориҷии кишвар нақши муассир дорад. Бузургии ин Иҷлосия дар он аст, ки ба миллати тоҷик шахсеро насиб гардонд, ки тамоми орзуву ормонҳои дар дил будаи миллат амалӣ мешуд.

Бояд гуфт, ки дар ин рӯзҳои ҷашни 30- солаги Иҷлосияи тақдирсоз аввалан суботу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва устувории давлатӣ пеши назари ҳар фарди тоҷик меистад. Ҳадафу барномаҳои сиёсӣ ва пешрафти ҳар Ҳукумат танҳо дар шароити оромиву осудагӣ ва суботи ҷамъиятӣ рушд хоҳад кард. Бинобар ин, дастовардҳои бузурги даврони Истиқлолият маҳз аз Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ сарчашма мегирад.

Ногуфта намонад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳгонаи амнтарин кишварҳои олам қарор дорад ва яке аз зеботарин кишварҳои Осиё маҳсуб меёбад.

Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо аз минбари баланди байналмилалӣ мавқеи миллати тоҷик садо медиҳад, ки ҳастии миллати тоҷикро муайян мекунад. Маҳз бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат китоби бузурги “Тоҷикон” дубора нашр гардида, ба ҳар як хонадони мамлакат тақдим гардид, ки ба ин васила рӯҳи гузаштагон, номи шоирону бузургон ва аҷдодони мо дубора зинда гашт. Иқдоми бузурги Пешвои миллат исботкунандаи ғамхории он кас нисбати миллати тоҷик мебошад то, ки ҳар як фарди Ватандор аз гузаштаи худ огоҳ бошад ва дубора дар доми фиреби баъзе давлатҳои хориҷ ва гӯруҳҳои мухолиф дучор нашаванд.

Вобаста ба гуфтаҳои боло, ҳар як сокини ин мамлакати гулгулшукуфонро зарур аст, ки пайваста аз ин таърихи талхи миллӣ дар марҳилаи аввали соҳибистиқлолӣ ёдоварӣ намуда, ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи ҳукумати кишвар намояд ва тамоми саъйю талоши худро баҳри пешбурди ин сарзамин дареғ надорад. Таърихи Иҷлосияи тақдирсозро насл ба насл аз зери гаҳвораи кӯдакон гӯем ва номи Пешвои худро то абад зиндаву ҷовидон нигаҳ дорем.

Тағоймуродов Некруз,
мутахассиси пешбари Раёсати
таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед