Сухангӯи Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе хабар дод, ки 30 декабри соли 2021 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Чоршанбиев Чоршанбе, бо қарори Суди ноҳияи Останкинои шаҳри Москва барои қонуншиканиҳои маъмурӣ ва дағалона вайрон намудани қоидаҳои будубош, зери хатар мондани ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон ба маблағи калон ҷаримабандӣ гардида, аз ҳудуди Федератсияи Россия хориҷ карда шуд. Ӯ ба Тоҷикистон истирдод ва барои як зумра ҷиноятҳои дигараш дастгир карда шуда, ҳоло тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Бояд зикр намуд, ки ду-се соли охир Чоршанбиев Чоршанбе бо андешаҳои муғризонааш бар зидди тоҷикон ва Тоҷикистон мавриди “шинохт”-и ҳамагон қарор гирифт. Ӯ ҳамчун блогер тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, хусусан саҳифаи шахсиаш «chchorshanbiev_pm» пайваста баромадҳои иғвоангез намуда, ба барангехтани кинаву адовати миллию маҳалгароӣ ва даъват барои ташкил кардани бетартибиҳои оммавӣ машғул буд.

Мутаассифона, Чоршанбиев Чоршанбе ба ҷойи он ки дар мулки ғарибӣ аз ҳамватани худ дифоъ кунад, баръакс бо муҳоҷирини тоҷик пайваста муноқиша менамуд ва ба ҷойи он ки аз Тоҷикистону манфиатҳои кишвар дифоъ кунад, мудом ба амалҳое машғул буд, ки обруву ҳайсияти кишварро миёни дигар миллатҳои сокини Русия поин мебурд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ чандин наворҳоеанд, ки аз қонунвайронкунӣ, гуфтору амалҳои дағали ӯ шаҳодат медиҳанд.

Дар Федератсияи Россия қарор дошта, Чоршанбиев Чоршанбе шояд фикр мекард, ки ҳар чизе, ки  хоҳад бар зидди тоҷикон метавонад бигӯяд, вале фаромӯш набояд кард, ки ҳар нафаре ба таҳқиру туҳмати миллат даст мезанад, дер ё зуд дар назди миллат ҷавоб хоҳад гуфт.

Ҳоло ки ӯро аз Русия бадарға ва ба Тоҷикистон истирдод кардаанд, шояд дарк карда бошад, ки бозгашти ҳар як тоҷикистонӣ боз ба ҳамин Ватан аст. Бинобар ин, муқобиди миллат ва давлат гуфтани сухани бад дар ҳеҷ сурат ҷоиз нест.

Дар таҷрибаҳои дунё ҳар як варзишгар мехоҳад, ки пирӯзӣ ба даст оварда, ному парчами ватанашро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунад. Яъне меҳвари ҳадафи ҳар як варзишгар – дар арсаи байналмилалӣ обрӯву эътибори давлату миллати худро баланд бардоштан аст. Вале Чоршанбиев Чоршанбе ҳамеша дар сабқатҳояш тоҷик ва тоҷикистонӣ буданашро инкор ва аз тоҷикият чашми  нафрат доштааст. Масалан, гуфтаҳои ӯ: “Таджика в зеркале увидишь, я помирец запомни это навсегда» як беэҳтиромии бузург нисбат ба тоҷикон ва ба ҳаммилатонаш аст.

Илова бар ин, дар ҷойи дигар  ӯ аз кадом як парчами Помир сухан мегуяд ва иброз медорад, ки барои ин парчам ҷони худро лозим бошад фидо мекунад. Саволе пайдо мешавад, ки магар Тоҷикистон давлати ягона ва дорои як парчам, як нишон ва як суруди миллӣ нест? Пас ин кадом парчам аст? Албатта, ин як парчами сохтаву бофтаи худи ӯ  ва чанде аз кӯтоҳзеҳноне ба монади ӯст. Ин парчами ихтилофу ҷудоиангезӣ, парчамӣ беэҳтиромӣ ба миллат ва парчами бенагист!

Бинобар ин, ҷавонон, хусусан, ҷавонони бонанги Бадахшон бояд ба чунин нафарон ҳеҷ гоҳ пайравӣ накунанд. Зеро ҳеҷ як амали ӯ ва гуфтораш  наметавонад намунаи ибрат бошад. Баръакс, инсонҳоро ба ҷудоиву бадбинии ҳамдигарӣ моил менамояд.

Замонов Ардашер,
коршинос

Чоп кунед