Дар кишвари  азизи мо, ки имрӯзҳо ислоҳоти босуръати  сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ пеш меравад ба донишу неруи созандаи ҷавонони бо нангу номус эҳтиёҷи калон дорад. Чунки ҷавонон дар шароити кунунӣ ба муқаддасотҳои сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир зудтар ва беҳтар ҳамоҳанг гардида, дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми назаррас гузошта метавонанд.

Агар ба саҳифаҳои таърихи 30-солаи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон назар кунем, хоҳем дид, ки ин ҳама пешравиҳо кӯшишу талоши  пурсамари Пешвои миллат бо такя ба ҷавонон ва дигар табақаҳои ҷомеа ба даст оварда шудаанд.

Ғамхории Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон рӯз то рӯз зиёд мегардад. Имрӯзҳо дар кишвар шароитҳои беҳтарини фаъолияти корӣ, таҳсил дар ҳар донишгоҳу донишкада, омӯзишгоҳҳову коллеҷҳо инчунин, муассисаҳои таълимӣ фароҳам оварда шудаанд. Ҷавонон  имкон доранд, ки дар донишгоҳҳои олии кишвар ва ё хориҷ аз он таҳсили илм намоянд.

Дар шароити имрӯза нисбати ҷавонон таваҷҷуҳи зиёд равона гардида, барои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар самти дастгирии моддиву маънавӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва ҷалби онҳо ба чорабиниҳои гунонгуни сиёсӣ тадбирҳо андешида мешаванд. Вале дар ин бобат баъзе мушкилот дида мешавад. Масалан имрӯзҳо мо дар маҳалҳо гоҳе бо масъалаи бекорӣ пошхурии оилаҳо, дастрасӣ ба манзил рӯ ба рӯ мешавем, ки бевосита ба ҳаёти ҷавонон таъсир мерасонанд. Ғайр аз ин, масъалаи тарбияи ахлоқӣ ва сиёсиву идеологии ҷавонон низ ҳоло боиси нигарониҳои зиёди аҳли ҷомеа гардидааст.

Дар Паёми Пешвои миллат, Перзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омадааст:

 “Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа дида бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд”.

Насли замони Истиқлоли давлатӣ аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихор ҷомеаи имрӯза аст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, ба амалӣ гардонидани онҳо имкониятҳоии мавҷударо фароҳам меоваранд. Ҷавонони моро зарур меояд, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши худро ба донишандузӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд.

Ҷаҳони имрӯз аз ҷавонон тақозо менамояд, ки ҳарчи бештар ба омӯзиши технологияи муосири иттилоотӣ ва сиёсӣ мароқ зоҳир намуда, онро дар сатҳи олӣ аз худ намоянд. Вобаста ба он роҳбари давлат чунин қайд намуданд: “Мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро азхуд кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд”.

Таҳқиқоти коршиносон нишон медиҳад, ки бештар аз ҳама ҷавонон ҳадафи асосии гурӯҳҳои террористию экстремистӣ қарор мегиранд. Омилҳои асосии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мазкур мусофират, сатҳи пасти маърифатнокӣ, носолимии муҳити оила, бепарвоӣ зоҳир намудани падару модар ба тақдир ва ояндаи фарзандон, истифодаи васеи сомонаҳои интернетӣ мебошад. Гузашта аз ин, омилҳои муайяншуда дар мавриди шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ нишон доданд, ки ин пеш аз ҳама ба зиёдаравӣ, бегонапарастии онҳо низ рабт дорад.

Аз ин рӯ, ҳар фарди ватандӯст ва ҷавонони миллати тоҷик имрӯзу ояндаи ватанамонро некбинона назар карда, мебояд, ки  ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанду барои осудагии Ватан саҳмгузор бошанд.

Мирзо Ашуров,

сармутахассиси Раёсати таҳлил ва

ояндабинии сиёсати дохилии

Марказитадқиқоти стратегии назди

 Президенти ҶумҳурииТоҷикистон

Чоп кунед