Истиқлоли давлатӣ аз файзи озодӣ дару дарвозаҳои иқболу саодат ба рӯи мардуми кишвар, хусусан ҷавонон боз намуд. Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷавонон аз ҷониби роҳбарияти олии мамлакат дастгирӣ ёфтаанд ва ҷиҳати рушди зеҳнӣ ва ҷисмонии онҳо имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шуд. Бо истифода аз ин имкониятҳо ҷавонон тавонистанд давлату миллати худро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд ва ҳамчун ворисони воқеии ормонҳои миллӣ эътироф гарданд.
Имсол мо дар остонаи 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ соҳибихтиёри тоҷикон қарор дорем. Бо шарофати ин руйдоди бузург мо ба дастовардҳои зиёде ноил гаштем ва Тоҷикистони азизи мо аз ҷониби ҷомеаи башари ҳамчун давлати мустаъқил эътироф шуд.
Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати
сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шуда, таҷрибаи сулҳи тоҷикон манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон шудааст, ки боиси ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Вобаста ба ин моро зарур аст, ки ба хотири зиндагии осудаамон атрофи роҳбарияти мамлакат бо дарки масъулияти баланд ва иродаи қавӣ муттаҳид шуда, истиқлолияти давлатиро бо кору фаъолияти беғаразона муаррифӣ ва ҳифз намоем.
Бо дарназардошти он, ки беш аз 70 фисади аҳолии мамлакатро ҷавонон ташкил медиҳанд онҳоро зарур аст, ки тамоми неруву тавоноии худро баҳри ободии кишвар равона созанд. Ҷавонон қишри муҳим ва меҳварии давлату миллат буда, маҳз онҳо пешбаранда ва инкишофдиҳандаи ҷомеа мебошанд. Дар ҳақиқат, ҷавонони мо дорои нерӯи қавӣ буда фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо низ ҳамҷун яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати Ҳукумат боқӣ мемонад. Дар баробари ин, Ҳукумати мамлакат ҳифзи манфиатҳои ҷавононро дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор додааст. Ҷалби неруи ҷавононро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, таъмини ширкати фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ, ва даъвати ҷавонони нерӯманд ба сафҳои хеш, барои устувор намудани рукнҳои давлатдории навин ва эмин нигоҳ доштани давлату миллат аз таҳдидҳои замони муосир мусоидат менамояд.
Яке аз далелҳои хушбахтӣи ҷавонон дар даврони соҳибистиқлолӣ тавваҷҷуҳу ғамхории падаронаи Пешвои миллат нисбат ба онҳо ва ҳамчун самти афзалиятнок эътироф шудани сиёсати ҷавонон мебошад. Дар ин росто Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон қайд намуданд, ки “Ҳадафи сиёсати давлатии мо дар бахши ҷавонон тарбияи кадрҳо, мутахассисони донишманду соҳибмаърифат, насли дорои ҷаҳонбинии васеъ ва хислатҳои ватандустиву ватанпарасти мебошад”. Дар умум гуфтан ҷоиз аст, ки тамоми заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати пешгирифтаашон дар самти ҷавонон бисёр арзанда арзёбӣ гардида, барои мақоми хоса пайдо кардани сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми беназир гузоштааст.
Ҷавононро зарур аст, ки бо донишу заковати хеш истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллиро аз ҳар гуна равандҳои номатлуб эмин нигоҳ доранд, то ки ба наслҳои оянда ваҳдати пойдор боқи монад.
Мутаассифона, имруз дар ҷомеа базе афроде мавҷуданд, ки бо ғояҳои ифроти ва пайгири мақсадҳои ғаразнок талош менамоянд ҷавонони моро гумроҳ сохта қурбонии манфиатҳои худ месозанд. Дар ҷунин ҳолат ҷавонони ноогоҳ фирефтаи ҳамин созмонҳои ифротгаро гардида дар муқобили амнияти миллии кишвари худ қарор мегиранд ва ба истиқлоли сиёсӣ, субот ва ваҳдати миллӣ таҳдид эҷод мекунанд. Албатта, теъдоди чунин ҷавонони ноогоҳе, ки фирефтаи ғаразҳои созмонҳои террористи ва эктремистӣ мегарданд хеле каманд вале новобаста аз ин, имрӯз ҷавонони моро зарур аст, ки беш аз пеш ҳушёру зирак бошанд ва кӯшиш намоянд, ки ҳадафи бадхоҳони миллат қарор нагиранд. Аз ин ҷост, ки роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талаботу манфиати ҷавононро дарк намуда, дар сиёсатгузориҳои худ ба сарнавишт ва ояндаи ҷавонон диққати махсус зоҳир менамоянд. Татбиқи барномаҳо ва стратегияҳои гуногун дар ҷомеа, ба корҳои идориву сиёсӣ ҷалб намудани ҷавонон ва фароҳам овардани тамоми имконот баҳри рушди онҳо худ гувоҳии сиёсати ҷавонмеҳвари Пешвои муаззами миллат аст. Агар мушаххас карда гуем сиёсати Пешвои миллат дар самти ҷавонон, ин сиёсат рӯи ояндаи миллат мебошад. Бояд қайд намуд, ки дар посух ба ҳамаи ин ташабусҳои арзишманд ва барномаҳои ҷавонмеҳвари роҳбари давлат имрӯз ҷавонони тоҷик худро ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ намуда, дар таъмини рушди устувори Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.
Исмоилов С.Р.
Мутахассиси пешбари
Раёсати таҳлил ва ояндабинии
сиёсати хориҷи