Тайи солҳои охир таваҷҷуҳи аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, саноатикунонии кишвар ва таъсиси ҷойҳои корӣ равона карда шудааст. Дар ин замина, роҳбарияти Ҳукумати мамлакат ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидани раванди рақамикунонии иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти имкониятҳои содиротии мамлакат ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои иҷтимоиро аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятнок эълон намудаанд.
Дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 низ баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар бар пояи таъмини рушди устувори иқтисодӣ, ҳамчун ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон дарҷ ёфтааст. Ниёз доштани кишвари моро ба модели нави рушд, ки он ҳам ба таъмини диверсификатсия ва рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ алоқаманд мебошад, ҳамчун омили рушди иқтисодӣ нишон медиҳад, ки ин раванд ба афзоиши босуръати соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва бахши молиявӣ вобастагӣ дорад. Бинобар ин, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, қувваи корӣ ва иқтидори истеҳсолии соҳаҳои кишоварзию саноат бо истифодаи самараноки ашёи хоми ватанӣ муҳим арзёбӣ мегардад.
Вобаста ба шароити ҷуғрофии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 93 дарсадро минтақаҳои кӯҳӣ ташкил медиҳанд, масъалаи рақобат бояд боиси ташкили “истеҳсолоти васеи кишоварзӣ” дар ноҳияҳои кӯҳӣ гардад. Ба ақидаи мо, барои ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим аст, ки ба таври назариявӣ муносибатҳои экологию иқтисодиро омӯзанд ва бояд нисбати самаранок истифодабарии захираҳои табиӣ, махсусан захираҳои обӣ тасавуроти бештар дошта бошанд, зеро ҷавҳари асосии инро ҳифзи муҳити зист барои таъминоти ҳаррӯзаи рӯзгордории шаҳрвандон, мақсаднок истифодабарии захираҳою имкониятҳои мавҷуда ва таъмини саломатии худи одамон ташкил медиҳад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қадамҳои аввалин дар самти гузариш ба муносибатҳои экологӣ ва иқтисодӣ гузошта шуда, консепсияҳои ин раванд низ таҳия карда шудаанд. Якуми октябри соли 2007 таҳти № 500 Консепсияи рушди устувор таҳия ва қабул карда шуд. Байни Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи СММ оид ба муҳити зист (ЮНЕП) ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Ин тадбирҳо, ки дорои хусусияти байналмилалӣ мебошанд, барои тақвият додани иқтидор ва мусоидат ба таъсиси механизми ҳамоҳангсозии ҷонибҳои манфиатдор барои таъмини рушди устувор равона шудаанд.
Барои дарки дурусти моҳияти назарияи таҷдиди иқтисодию экологӣ ва роҳҳои ҳалли мушкилоти ин соҳаҳо аз ҷониби муҳаққиқон ва коршиносони соҳа, асарҳои хеле зиёд чоп шуданд, ки қисме аз онҳо то ҳол моҳияти илмию амалии худро гум накардаанд, балки то рафт дар натиҷаи тағйирёбии бошиддати иқлим ва пайомадҳои ногувори он давоми чанд даҳсолаи охир арзишманд гардиданд. Аммо мавриди аз меъёр зиёд истифодабарии захираҳои табиӣ, коркарди давомнок ва афзоиши партови газҳои гулхонаӣ, ки онҳо дар навбати худ сабаби асосии тағйирёбии иқлим мегарданд, оқибатҳои даҳшатбори табиатро ба монанди обхезӣ, дар қисме аз минтақаҳои сайёраи Замин ба амал омадани хушксолию беҳосилӣ ва шиддат гирифтани гармии нурҳои офтоб бар замин нишон додаанд.
Пас аз соли 1992, баъд аз қарори СММ, зиёда аз 100 кишвар, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон стратегияҳои миллии рушди устуворро таҳия карданд. Ин стратегия асоси сиёсати иқтисодиро муайян кард, ки ба омӯзиши муносибатҳои экологӣ ва иқтисодӣ асос ёфтааст. Сатҳи воқеияти сиёсати экологӣ аз таҳияи моделҳои муосири иқтисодӣ вобаста мебошад.
Низоми Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсолаи СММ барои таъмини устувории экологии кишварҳои ҷаҳон тарҳрезӣ шудааст, ки пеш аз ҳама ба ҳалли ду мушкилоти асосии таъмини устувории экологӣ равона шудаанд:
– коҳиш додани сатҳи таъсири инсон ба муҳити зист ва бо ин роҳ гирифтани пеши роҳи камшавии захираҳо;
– беҳтар намудани шароити экологӣ, паст намудани сатҳи таҳдидҳои экологӣ ба бехатарӣ, саломатӣ ва ҳаёти одамон.
Дар робита бо афзоиши буҳронҳои экологии ҷаҳонӣ, номуассирӣ ва номувофиқии вокуниши моделҳои муосири иқтисодӣ ба мушкилоти шадиди экологӣ, масъулияти давлат дар ҳалли мушкилоти экологӣ дар даҳсолаҳои охир бештар гардид. Аз ин ҷост, ки раванди истеҳсолот дар худ тақсимоти иқтисодию иҷтимоиро ифода менамояд ва барои истеҳсоли шаклҳои гуногуни молҳо ин нишондиҳандаҳоро мавриди омӯзишу баҳодиҳӣ қарор медиҳанд. Раванди такрористеҳсолоти ҷамъиятӣ бошад, ҷанбаҳои иқтисодию иҷтимоиро дар худ таҷассум менамояд ва вобаста ба давраҳои таърихӣ шаклҳои гуногунро ба худ мегирад. Аммо дар ҳама давру замон пайваста гузаронидани таҳлили иқтисодӣ ва баҳодиҳӣ ба ин зиддиятҳо, инчунин гурӯҳбандӣ намудани омилҳои таъсиррасон ба истеҳсолот ва самаранок истифода гардидани дастовардҳо дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ муҳим арзёбӣ мегарданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба ҳангоми ироаи Паёмҳои солонаи худ ё ҳангоми суханрониҳояшон дар сатҳи минтақавию байналмилалӣ нисбат ба масъалаи афзоиши партови газҳои гулхонаӣ, тағйирёбии бошиддати иқлим ва пайомадҳои ногувори он, инчунин ба раванди таҳаввулоти босуръату пешгӯйнашавандаи ҷаҳони муосир диққати ҷиддӣ додаанд. Дар ин замина, ҳадаф аз ташаббусҳои байналмилалӣ таҳким бахшидан ба ҳамкории созанда дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим ва истифодаи оқилонаи сарвату захираҳои табиӣ ба ҳисоб меравад, ки танҳо бо ин роҳ рушди устувори кишарҳои ҷаҳони муосир ва ҳифзи муҳити атрофро метавон таъмин намуд.
Дар ин самт роҳбарияти Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуда истодаанд. Айни замон зарур аст, ки бо истифодаи комёбиҳои илмӣ – инноватсионӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, қувваи корӣ ва иқтидори истеҳсолии соҳаи саноати мамлакат ва бо истифодаи самараноки ашёи хоми ватанӣ, инчунин дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои минбаъда низ бо дарназардошти консепсияҳои сиёсати экологӣ ва истифодаи самараноки барномаву нақшаҳои қабулгардида, суръати рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи на кам аз 8 дарсад таъмин карда шавад.
Вобаста ба ин, дар давоми соли 2023 дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба амал омада, ММД кишвар нисбат ба соли 2022 ба андозаи 8,3 дарсад зиёд гардид ва ба маблағи бештар аз 130 739 млн. сомонӣ баробар гардид. Тибқи маълумотҳои пешакӣ нишондиҳандаи кӯтоҳмуҳлати рушди соҳаҳои асосии иқтисодиёт дар давоми моҳҳои январ-июни соли 2024 бо нархҳои ҷорӣ 61712,5 млн. сомониро ташкил намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо ифодаи воқеӣ ба 8,2 дарсад баробар мебошад.
Дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ омадааст: “Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун кишвари дорои захираҳои фаровони об, ҷонибдори истифодаи одилона ва оқилонаи он сарвату захираҳо тавассути ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад ва татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро ягона василаи ҳалли мушкилот дар ин самт медонад”.
Аз ин рӯ, таҳияи сиёсати экологӣ ба омӯзиши амиқи муносибатҳои экологию иқтисодӣ ва модели муосири рушди иқтисодӣ алоқаманд мебошад, бинобар ин ҳадафи асосии сиёсати экологӣ, нигоҳ доштани мувозинатии иқтисодию экологӣ, таъмини вазифаҳои ҳаётбахши захираҳои табиӣ, коҳиш додани сатҳи таъсири инсон ба муҳити зист дар ояндаи наздику дарозмуддат ба ҳисоб меравад. Барои расидан ба ин ҳадафҳо, бояд имкониятҳои соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати самаранок истифодабарии замин, кабудизоркунӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди соҳаи саноат ҷиҳати истеҳсоли молу маҳсулоти воридивазкунанда ва таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои нави корӣ бештар истифода гарданд.
Бобоев Ҷурахон Исломович,
сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои рушди
соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон