Рӯзи 7 марти соли 2023 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистоон ҷамъомади тантанавӣ ба  муносибати  Рӯзи Модар баргузор гардид. Ҳамоишро  муовини директори  Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Парвиз Муҳаммадзода   ифтитоҳ намуда,  қайд кард, ки ба оғози эҳёи табиат–фасли зебои баҳори нозанин ва  ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ  рост омадани Рӯзи Модар рамзи неку хуҷаста мебошад, чунки агар баҳор оғози эҳёи табиат ва зиндагӣ, ибтидои нақшаву ниятҳо ва ташаббусу  иқдомоти тоза, омодагӣ ба киштукор ва оғози нави корҳои ободонию созандагӣ бошад, Модар сарчашмаи зиндагӣ  ва ҳаёт аст. Аз ин рӯ, мо модаронро  чун шахсони муқаддас дӯст медорем ва  ҳурмату эҳтиромашро баҷо меоварем. Сипас сухани табрикиро ба директори Марказ Хайриддин Усмонзода вогузор намуд.

Мавсуф зимни сухани табрикии худ қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6 марти соли 2009 дар бораи Рӯзи Модар эълон намудани 8 март фармон ба имзо расониданд. Таҷлили Рӯзи Модар ҷашни ҳар бону ва ҳар хонавода аст ва бешак, дар тарбияи аҳли ҷомеа нақши муҳим мебозад. Ин рӯзи саид инсонҳоро бори дигар ба бузургдошти Зан-Модар, эҳтирому гиромидошти шахси азизтарини ҳар кадоми мо ҳидоят месозад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ бо дастовардҳои бунёдиашон сарнавишти давлату миллати тоҷикро муайян сохта, дар таърихи навини тоҷикон нақши бориз гузошт. Ӯ тавонист, ки дар муддати барои таърих бисёр кӯтоҳ системаи мукаммал ва муосири давлатдориро барқарор намуда, аркони давлатдории миллӣ ва ниҳодҳои асосии давлатдории моро эҳё намояд. Яке аз рукнҳои муҳимми сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо ба шумор меравад.  Ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро бонувону занон ташкил медиҳанд. Инчунин, бонувону занон дар соҳаи маориф 73 фоиз, тандурустӣ 71, фарҳанг 47, бонкдорӣ 39, алоқа 25, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоиз мебошанд.

Таъсиси грантҳои президентӣ ба густариши фаъолияти соҳибкории занону бонувон мусоидат намуд ва онҳо дар баробари беҳтар сохтани шароити оилавии худ ҳоло ба рушди иқтисоди кишвар низ таъсири назаррас расонида истодаанд.

Соли 2022 ба зиёда аз 600 ҳазор занону бонувон аз ҷониби муассисаҳои бонкӣ ба маблағи беш аз 3 миллиарду 400 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба соли 2018-ум 2,4 баробар зиёд мебошад. Умуман, дар панҷ соли охир маблағи қарзи ба занону бонувон пешниҳодшуда 12,1 миллиард сомониро ташкил кардааст. Рақамҳои зикршуда гувоҳи равшани фаъол будани занону бонувон дар иқтисодиёти кишвар мебошанд.

Дар 21 соли охир беш аз 504 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбиро хатм карда, соҳибкасб шудаанд. Аз ин ҳисоб 239 ҳазор нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ гардида, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил карда истодаанд. Тасмим гирфта шуд, ки  ҷалби бонувон ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш дода шавад, зеро онҳо дар ҷомеаи  кишварамон қувваи бузург мебошанд.

Чӣ  тавре Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21.12.2022 таъкид карданд: «Мо тасмим дорем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем”.

Бояд гуфт, ки дар ҳақиқат,  дар сатҳи давлатӣ  таҷлил намудани Рӯзи Модар нишонаи эътибору арҷгузории  Ҳукумати кишварамон нисбат ба бонувон ва гувоҳи равшани дар даврони соҳибистиқлолӣ  ба мақому манзалати хосса соҳиб гаштани занону духтарон мебошад,–гуфт дар охири суханронӣ Хайриддин Усмонзода  ва  тамоми кормандони Марказро  ба муносибати ҷашни фархундаи Рӯзи Модар самимона табрику муборакбод намуд.

Сипас сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Марказ Зубайдулло Давлатов дар мавзуи “Мақоми Зан Модар дар давраи соҳибистиқлолӣ” суханронӣ намуд.  Баъдан дар бахши музокира  сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Марказ Абдураҳмон Қурбонов, сармутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Марказ Мирзо Ашӯров, сармутахассиси Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти мнтақавии Марказ Саидхоҷа Акбаров, котиби матбуотии Марказ Қиёмиддин Сатторӣ ва дигарон дар бораи мақому манзалати Зан-Модар андешаронӣ карда, иштирокчиёни ҳамоишро ба муносибати Рӯзи Модар табрик намуданд.

Дар охир дар вазъи тантанавӣ ба бонувон гулдастаҳо  ва туҳфаҳои  хотиравӣ супорида шуд.

Ҳамоиш дар фазои тантанавӣ ва самимият баргузор гардид.

   Хадамоти матбуотии
Маркази стратегии  назди
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед