Рӯзи 14 ноябри соли 2019 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавии ҳайати кормандони Марказ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамоишро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода ифтитоҳ карда, ҳозиринро аз номи роҳбарияти Марказ ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд ва қайд кард, ки мувофиқи моддаи 2-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ки аз 14-уми майи соли 2016 қабул шудааст, дар Тоҷикистон рӯзи 16-уми ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз дар саросари кишвар ҷамъомадҳои илмӣ, мулоқоту вохӯриҳои мардумӣ, мусобиқаҳои варзишию фарҳангӣ ва чорабиниҳои идона доир гашта, мардуми Тоҷикистон ин ҷашнро бо суруру шодмонӣ таҷлил мекунанд.
Сабаби ба ин рӯз рост омадани чунин ҷашни фархунда дар он аст, ки маҳз дар ҳамин санаи таърихӣ, яъне 16-уми ноябри соли 1994, Пешвои маҳбуби миллати мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу ватан савганд ёд карданд. Дар ҳамин сол дар аввалин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки аз тарафи мардум қабул карда шуд, шакли идоракунии кишварамон ба ҷумҳурии президентӣ табдил дода шуд. Дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ, ки Ватани мо, пеш аз ҳама, ба сулҳу субот ва ваҳдату сарҷамъӣ ниёз дошт, низоми идоракунии президентӣ маҳз бо мақсади пурзӯр намудани ҳокимияти иҷроия, баланд бардоштани самаранокии он, қабули фаврии қарорҳои идорӣ, такмили механизми иҷрои қонунҳо, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ҷорӣ карда шуд. Хушбахтона, гузаштан ба низоми президентӣ на танҳо боиси наҷоти давлату миллат, балки омили рушди устувори тамоми соҳаҳои идораи давлатӣ, аз ҷумла иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг, маориф ва соҳаҳои дигар гардид.
Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва Раиси ҳокимияти иҷроия ҳисоб шуда, ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдорию бардавомии давлат ва риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад. Бинобар ин, бузургдошти “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба маънои дарки аҳамияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу пешрафти давлатдории миллии мо ва ҳамчунин, ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад. Ин аст, ки “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷашни фархундаи ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва иди ҳар як сокини озоду осудаи Тоҷикистон аст.
Интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ниҳоди давлатӣ рӯҳ ва маънои бузург бахшида, мақоми президентиро ба як ниҳоди наҷотдиҳандаи давлат ва сарҷамъии миллат табдил дод. Маҳз ба Эмомалӣ Раҳмон муяссар гашт, ки тамоми таҷрибаи таърихию байналмилалӣ ва зарфияти ҳуқуқию сиёсии ниҳоди президентиро истифода намуда, ин тарзи давлатдориро ба модели наҷоти миллии мо табдил диҳад. Илова бар ин, фаъолияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми президентиро такмил дода, дар меҳвари он мактаби нави давлатдории миллии тоҷиконро ба вуҷуд овард, ки имрӯз бо бартарию хусусиятҳои худ эътирофи байналмилалӣ касб намудааст. Ҳамин тавр, дар таърихи давлати соҳибистиқлоли мо мафҳуми “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо шахсияту хидматҳои бузурги Эмомалӣ Раҳмон ҳамсадо гашта, пайванди ногусастанӣ дорад.
Агар дастовардҳоеро, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат ба даст овардааст, канори ҳам гузорем, метавон гуфт, ки дар натиҷаи фаъолияти ҷиддӣ ва бисёрсамтаи Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари давлати тоҷикон, Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ҷойгоҳи устувори худро дар таърихи башарият ва дар арсаи байналмилалӣ касб намуд. Ин аст, ки дар Тоҷикистони имрӯза ҷонибдорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон маънои ҷонибдорӣ аз ояндаи устувори давлатдории миллӣ, аз истиқлолияти сиёсӣ, аз низоми давлатдорӣ, аз суботу амнияти ҷомеа ва ҷонибдорӣ аз ваҳдату сарҷамъии миллат мебошад.
Дар остонаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамоям, ки роҳбарият ва кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аҳли яке аз муҳимтарин марказҳои фикрии кишвар дар оянда низ барои татбиқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якдилона талош хоҳанд намуд. Фаъолияти пайваста дар ин самт ва саҳмгузорӣ дар ин раванди бузурги таърихӣ на танҳо вазифаи хизматӣ, балки вазифаи шаҳрвандӣ ва ватандории ҳар яки мо низ ба ҳисоб меравад.
Сипас мушовири директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоҳи Раҳнамо дар мавзӯи “Дастовардҳои ниҳодии Тоҷикистон дар давраи роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон” ва мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилӣ, раиси Шӯрои олимони ҷавони Марказ Фирӯзи Рамазон дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлатдории навини тоҷик” суханронӣ намуданд.
Ҳамоишро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода ҷамъбаст карда, бори дигар изҳор дошт, ки роҳбарият ва ҳайати кормандони Марказ минбаъд низ барои татбиқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош варзида, бо таҳияи маводҳои таҳлилӣ ва таклифу пешниҳодҳои муфиду арзишманд дар рушду пешрафти Тоҷикистон саҳм хоҳанд гузошт.
Ҷамъомад дар вазъи тантанавӣ, самимият ва ҳусни тафоҳум доир гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон