Рӯзи 5 марти соли 2021 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи Модар баргузор гардид. Ҳамоишро директори  Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ  ифтитоҳ намуда,  қайд кард, ки ба оғози эҳёи табиат–фасли зебои баҳори нозанин ва  ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ  рост омадани Рӯзи Модар рамзи неку хуҷаста мебошад, чунки агар баҳор оғози эҳёи табиат ва зиндагӣ, ибтидои нақшаву ниятҳо ва ташаббусу  иқдомоти тоза, омодагӣ ба киштукор ва оғози нави корҳои ободонию созандагӣ бошад, Модар сарчашмаи зиндагӣ  ва ҳаёт аст. Аз ин рӯ, мо Модаронро  чун шахсони муқаддас дӯст медорем ва  ҳурмату эҳтиромашро баҷо меоварем.

Фарқи занону модарони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз дигар бонувони вазорату муассисаҳои давлатӣ дар он аст, ки шумо дар Маркази зеҳнӣ кору  фаъолият менамоед ва барои рушду пешарафти Тоҷикистони азиз тавассути маводҳои таҳлилии таҳиякардаатон пешниҳодҳои муҳим ва  мубрам манзур менамоед.           

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  Паёми навбатии худ ба  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем. Дар Паём аз ҷумла омадааст:   “Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Мувофиқи натиҷаҳои интихоботи соли 2020 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ 8 нафар занон ё 25,8 фоиз ва Маҷлиси намояндагон 15 нафар ё 23,8 фоиз интихоб шуданд, ки нисбат ба интихоботи гузашта қариб 4 фоиз зиёд мебошад.

Шумораи занон дар маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ба 41,5 фоиз, вилоятҳои Хатлон қариб 35 фоиз, Суғд беш аз 33 фоиз, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 34 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қариб 30 фоиз расидааст. Занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат торафт бештар ҷалб гардида истодаанд. Ба ҳолати якуми январи соли 2021 аз шумораи умумии 19210 нафар хизматчиёни давлатӣ 4485 нафар ё 23,4 фоизро занон ташкил медиҳанд.

Саҳми занон дар рушди соҳаҳои илму маориф ва тандурустии мамлакат торафт афзуда истодааст. Имрӯз дар соҳаи маорифи кишвар 73 фоиз ва тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қариб 68 фоизро занону бонувон ташкил медиҳанд.

Фаъолияти бонувон дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар низ назаррас буда, ҳоло шумораи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби занон 35600 нафар ва занони соҳибкор 77400 нафарро ташкил медиҳад. Ҷудо намудани қарз яке аз василаҳои беҳтар намудани шароити иқтисодии занон ва оилаҳо мебошад. Соли 2020 ба занону бонувони соҳибкор ба маблағи 2 миллиарду 100 миллион сомонӣ қарз дода шудааст.

Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад. Бо ин мақсад, ба Кумитаи кор бо занон ва оила супориш дода мешавад, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати мамлакатро дар бораи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030» ва нақшаи амалисозии онро барои солҳои 2021 – 2025 таҳия ва пешниҳод намояд”.

         Бояд гуфт, ки дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани  Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишварамон нисбат ба модарону занон ва гувоҳи равшани дар даврони соҳибистиқлолии давлатамон ба мақому манзалати хосса соҳиб гаштани занону духтарон мебошад,–гуфт дар фарҷоми суханронӣ Хуршед Зиёӣ  ва  бонувони Марказро ба  муносибати Рӯзи Модар самимона табрику муборакбод намуд. 

Дар охир дар вазъияти тантанавӣ ба бонувони Марказ гулдастаҳо  ва туҳфаҳои  хотиравӣ супорида шуд.         

Ҷамъомад дар фазои тантанавӣ ва самимият баргузор гардид.      

Хадамоти матбуотии  Маркази стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед