Рӯзи 4-уми  феврали  соли 2020 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло  Ҳикматуллозода  ҷамъомад  баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти нави Марказ ба ҳайати кормандон муаррифӣ  карда  шуд.  Неъматулло  Ҳикматуллозода  иттилоъ дод, ки бо  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Диловар Баҳриддин бо сабаби ба дигар кор гузаштанаш аз вазифаи директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд. Сипас Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи директори  Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани доктори илмҳои фалсафа, профессор Зиёӣ Хуршед Махшулзода қироат карда, ӯро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.  Ҳамзамон,  иттилоъ дод, ки  бо Амри  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷӯрахонзода  Саодати Хурсанд  муовини директори  Марказ таъин шуд.  Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти кории мавсуф маълумоти мухтасар ироа гардид.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ   Неъматулло Ҳикматуллозода ба собиқ директори Марказ Қодирзода  Диловар Баҳриддин барои фаъолияти пурсамараш дар вазифаи директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуд ва қайд кард, ки ӯ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст ва дар ин вазифаи масъулиятнок  барори кор  таманно намуд.             Сипас Қодирзода Диловар Баҳриддин ба сухан баромада, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боварӣ ва таъин намудан ба вазифаи масъулиятноки давлатӣ  изҳори сипос  намуд ва қайд кард, ки кӯшиш ба харҷ медиҳад, то сазовори эътимоду боварии Пешвои миллат гардад ва ба ҳамаи кормандони Марказ барои фаъолияти пурсамарашон дар давраи  роҳбариаш изҳори миннатдорӣ намуд.

     Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Зиёӣ  Хуршед Махшулзода  ба сухан баромада, ба  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боварӣ ва таъин намудан ба вазифаи масъулиятноки давлатӣ  изҳори сипос  намуд ва қайд кард, ки  сайъ ва кӯшиш мекунад, то сазовори эътимоду боварии Пешвои миллат гардад.

Дар  охири ҳамоиш Ёрдамчиии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ  Неъматулло Ҳикматуллозода бори дигар роҳбарияти  нави Маркази тадқиқоти стратегии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати таъин гардиданашон ба вазифаҳои масъулиятнок  табрику муборакбод  гуфта,  ба онҳо  ва  ҳайати кормандони  Марказ барори кор ва комёбиҳо орзу намуд.

Хадамоти  матбуотии

Маркази тадқиқоти стратегии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед