Рӯзи 30 сентябри соли 2022 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад ба муносибати Рӯзи забони  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамоишро роҳбари дастгоҳи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Умед Давлатов ифтитоҳ карда,  ҳозиринро ба муносибати Рӯзи  забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд ва зимнан қайд кард, ки чуноне Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд рӯз қабл, 27 сентябри соли ҷорӣ, дар  мулоқот бо омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода барҳақ иброз намуданд: “Забони ширину шевои тоҷикӣ муҳимтарин унсури ҳастӣ ва бақои умри миллати куҳанбунёди мо мебошад, ки дар даврони истиқлол ва дар марҳалаи бунёди давлатдории миллӣ рисолати миллатсозиву давлатсозии худро идома бахшида истодааст.

Санаи 5-уми октябри соли 2009 бо дарназардошти воқеияти замони соҳибистиқлолӣ ва давлатдории миллӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” қабул карда шуд. Ин санаи муҳим Рӯзи забони давлатӣ эълон гардид ва ҳар сол аз ҷониби соҳибзабонон, яъне мардуми шарифи Тоҷикистон таҷлил карда мешавад”.

Қобили зикр аст, ки масъалаи забони давлатӣ ва тақвияту таҳкими мақоми он дар таърихи давлатдории навини мо ҳамеша яке аз масъалаҳои муҳимтарин ба шумор рафта, имрӯз низ дар маркази диққати давлату ҳукумати мамлакат қарор дорад. Яъне забони давлатӣ дар Тоҷикистон зери ҳимояву пуштибонии мустақими давлат қарор дошта, барои рушду пешрафти он дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишвар ҳамаи шароиту имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд. Дар ин раванд, давра ба давра барномаҳои рушди забони давлатӣ таҳия, тасвиб ва амалӣ карда мешаванд. Аз ҷумла Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2030, ки 29-уми ноябри соли 2020 қабул гардид, дурнамои рушди забони моро барои даҳ соли оянда дар бар гирифта, ба татбиқи муваффақонаи Қонуни забон равона шудааст.

Баъдан дар назди ҳозирин муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайҳомид Шарипов  дар мавзуи “Эҳёи забони давлатӣ дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ намуд.

Сипас чанде аз ҳозирини ҷамъомад дар бораи мақом ва манзалати забони давлатӣ, ҳифзу нигаҳдошти  забони модарӣ, иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” ва дигар мавзуъҳои марбута  ибрози назар карда, дар ситоиши забони тоҷикӣ шеърҳо қироат намуданд.

Ҳамоишро роҳбари дастгоҳи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатов  ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда, ҳайати кормандони Марказро бори дигар ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд.

Ҷамъомад дар вазъи тантанавӣ, самимият ва ҳусни тафоҳум доир гардид.      

Хадамоти  матбуотии  Маркази
тадқиқоти стратегиии   назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед