Рӯзи 5 октябри соли 2021 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамоишро   директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ ифтитоҳ карда,  ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд ва зимни маърӯзаи худ қайд кард, ки  қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол барои бунёди давлате, ки орзую омоли тоҷикон буд, оғоз бахшид. Асосҳои сохти конститутсионӣ усулҳои роҳбарикунандае мебошанд, ки фаъолияти ҷомеа ва давлат дар асоси онҳо ба роҳ монда мешавад. Усулҳои демократизм, ҷумҳурият, волоияти қонун, иқтисоди бозорӣ, давлати иҷтимоӣ, дунявӣ, гуногунадешии сиёсӣ ва мафкуравӣ ба ҷумлаи ин усулҳо дохил мешаванд.

Хусусиятҳои муҳимтарини Тоҷикистон ҳамчун давлат дар моддаи 1-и Конститутсия зикр шудаанд: соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ. Соҳибихтиёрӣ маънои хеле васеъ дорад, яъне он ҳам ба халқ ҳамчун сарчашмаи ҳокимият тааллуқ дорад. Соҳибихтиёрии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки давлат самтҳои асосии сиёсати дохилӣ–роҳу усулҳои пешрафтро дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, қонуният, дар сиёсати хориҷӣ роҳу усулҳои муносибат бо давлатҳои хориҷӣ ва умуман ҷомеаи ҷаҳониро мустақилона муайян менамояд.

Бояд таъкид кард, ки халқ баёнгари соҳибихтиёрист. Халқ ҳокимияти худро бевосита (дар раъйпурсӣ ва овоздиҳӣ) ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Дар қисми сеюми моддаи 6-уми Конститутсия мафҳуми “халқ” шарҳ  дода шудааст. Тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, сарфи назар аз миллаташон, халқи  Тоҷикистон ҳисоб меёбанд. Соҳибихтиёрии халқ боз дар он ифода меёбад, ки аз номи вай танҳо Президент, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи худ ҳуқуқи сухан гуфтан доранд. Сабаб ин аст, ки Сарвари давлатро тамоми шаҳрвандон ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мекунанд, яъне ӯ ба маънии комилаш вакили олии халқ аст. Вакилони Парлумонро низ халқ тавассути овоздиҳии умумихалқӣ интихоб менамояд. Райъпурсии умумихалқӣ ва интихобот ифодаи олии ҳокимияти бевоситаи халқ аст.
Тоҷикистон аз рӯзи қабули Конститутсия (6-уми ноябри соли 1994)  то ба ҳол давлати ҳуқуқбунёд месозад ва бисёр нишонаҳои он дар ҳаёт татбиқ шудаанд. Агар танҳо ба ҷилдҳои “Маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” нигарем, хоҳем дид, ки ягон соҳаи ҳаёти ҷомеа ва давлат нест, ки доир ба танзими он қонун қабул нашуда бошад. Яъне қонун ба ҳайси танзимгари муносибатҳои ҷамъиятӣ паҳлуҳои гуногуни зиндагӣ ва кору фаъолияти мову шуморо мураттаб месозад.

Аломатҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд инҳоянд: волоияти қонун, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тақсимоти ҳокимият ва масъулияти байниҳамдигарии дав­лат ва шахсият. Ин аломатҳо дар боби аввали Конститутсия, инчунин, дар бисёр қонунҳои дигар инъикос ёфтаанд.

Ҳамин тавр,  дар заминаи ин санади муҳим давлати соҳибистиқлоли  тайи 27 соли амали Қонуни Асосии Тоҷикистон соли Истиқлоли давлатӣ  ба рушду пешрафти беназир ноил шуд. Бинобар ин, бо гузашти солҳо аҳаммияти таърихии ин санади муқаддасу сарнавиштсоз боз ҳам бештар хоҳад гашт.

Дар даврони Истиқлоли давлатӣ, бар замми мушкилоту монеаҳои зиёд бо шарофати эҳтиром ва амалишавии меъёрҳои Конститутсия, мо тавонистем ҷомеае бунёд намоем, ки дар он фазои озоду демократӣ ҳукмфармо ва суботи сиёсиву ваҳдати миллӣ, пешрафти бемайлон ва пойдориву бардавомии имрӯзу ояндаи давлату миллат таъмин гардидааст.

Дар таърихи 22 майи соли 2016 бо мақсади ба пешрафти  замон мутобиқ гардонидани ин санади сарнавиштсози халқу миллат тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия таѓйиру иловаҳои нав ворид карда шуданд. Яке аз ҷанбаҳои муҳими ин таѓйиру иловаҳоро самтҳое ташкил медиҳанд, ки бевосита ба ҷавонон рабт доранд.

Бисту ҳафт соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон исбот намуд, ки шакли идораи давлату давлатдории тоҷикон аниқу дақиқ интихоб шудааст. Маҳз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол  аст, ки Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ватани азизи моро ба ҳайси субъекти фаъоли ҳуқуқи байналмилалӣ эътироф  менамоянд. Агар ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар кишвар зарурати қабули Конститутсияро ба миён гузошта бошад, қабули он барои бунёди давлати соҳибистиқлол заминаи устувор фароҳам овард ва дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ, аркони давлатдорӣ нақши муҳим бозид. Конститутсияи Тоҷикистон санади таърихиест, ки ҳамчун сарчашмаи ташаккули низоми нави қонунгузорӣ иштироки озодонаву васеи шаҳрвандонро дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии мамлакат ва идораи давлат таъмин намуд. Бо мақсади таъмини сулҳу оромӣ, ваҳдату ягонагӣ дар он дарҷ гардид, ки Тоҷикистон ҳамеша сиёсати сулҳҷӯёнаро дар амал татбиқ менамояд.

Ҳамин тавр, қабули Конститутсия арзишмандтарин дастоварди давлати ҳуқуқбунёдамон ба шумор рафта, натиҷаи мантиқии талошҳои мардуми сарбаланди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба марҳалаи тозаи рушду инкишофи кишвари азизамон ва муаррифии давлатамон дар арсаи ҷаҳон мебошад. Бо шарофати Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол рӯзгори халқи кишварамон баракат ёфта, хушу осудатар гардида, пояҳои давлатдорӣ ва мақому эътибори он дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам устувору мустаҳкамтар мегардад.

Сипас дар назди ҳозирин  сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии  Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа Назриева Ойниёл Шарифовна дар мавзӯи  “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зеҳнияти насли созанда”,  мутахассиси пешбари ҳамин Раёсат Алиназар Ашӯров дар мавзӯи “Нақши  Контитутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккул ва таҳкими давлатдории миллӣ” суханронӣ намуданд.

Ҷамъомадро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ  ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда, ҳайати кормандони Марказро бори дигар ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд.

Ҳамоиш дар вазъи тантанавӣ, самимият ва ҳусни тафоҳум доир гардид.      

Хадамоти  матбуотии  Маркази
тадқиқоти стратегиии   назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Чоп кунед