Рӯзи 5 марти соли 2025 ҷаласаи Шурои олимони ҷавони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҷаласаро Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки аксари кормандони илмии Маркази тадқиқоти стратегиро ҷавонон ташкил медиҳанд ва онҳоро зарур аст, ки ҳарчи бештар аз илмҳои замонавӣ бархӯрдор шаванд ва дар руҳияи ватандӯстию садоқат ба халқу ватан дар роҳи ҳимояи манфиатҳои миллӣ саъю талош варзанд.
Таъкид гардид, ки олимони ҷавонро зарур аст ба таҳқиқу омӯзиши илмӣ, пажуҳиши академӣ, тарзу усули гирдоварии маълумоти зарурӣ, риояи стандартҳои байналмилалӣ дар таҳқиқоти илмӣ, метод ва усулҳои муосири таҳлили равандҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, бештар таваҷҷуҳ зоҳир намояд. Тазаккур дода шуд, ки зарурати донистани роҳу усулҳои навини таҳлил ва таҳқиқи масоили гуногун, хусусан, барои кормандони ниҳодҳои таҳлилӣ, хеле муҳим ва мубрам мебошад. Олимони ҷавон ҳамеша бояд аз навгониҳои илмии дунёи муосир бархӯрдор гардида, дар асоси методу усулҳои илмӣ манфиатҳои милливу давлатиамонро ҳимоя намоянд.
Сипас, раиси Шурои олимони ҷавони Марказ Саидаҳтам Талбаков дар мавзуи “Фаъолияти олимони ҷавони Марказ дар соли 2024 ва нақшаҳои илмиву ташкилӣ барои соли 2025” суханронӣ кард.
Иштирокчиёни ҷаласа пиромуни бурду бохти фаъолияти Шурои олимони ҷавони Марказ андешаҳо ва пешниҳодҳои худро баён намуданд.
Дар қисмати дуюми ҷаласа интихоби нави раиси Шурои олимони ҷавони Марказ баррасӣ гардид, ки номзадии Иброҳимзода Иброҳим Шоҳ пешниҳод шуд ва аз ҷониби аъзои Шуро якдилона пазируфта шуд.
Ҳамоишро Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода натиҷагирӣ карда, ба саволҳои ҳозирин посухҳои қаноатбахш дод.
Ҷаласа дар руҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон