Рӯзи 27 декабри соли 2022 ҷаласаи навбатии Шурои илмии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ директори Марказ Хайриддин Усмонзода кушода, тибқи рӯзномаи ҷаласа доир ба фаъолияти илмию таҳлилӣ ва ташкилии Марказ дар соли 2022 гузориш ироа намуд. Ӯ аз ҷумла қайд кард, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ) ба ҳайси яке аз марказҳои таҳлилӣ ва машваратии кишвар бо мақсади амалишавии стратегияҳо, барномаҳои давлатӣ ва такмили механизми татбиқи сиёсати дохилию хориҷӣ ва сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд. Дар соли 2022 Марказ дар доираи нақшаҳои корӣ дар чунин самтҳо фаъолият намуд:

Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти кормандони Марказро пешбурди корҳои илмию таҳқиқотӣ ташкил медиҳад. Аз рӯйи нақшаи корҳои илмию пажӯҳишӣ барои соли 2022 таҳқиқот аз рӯйи мавзуъҳои зерин бурда шуд:

  • Амнияти миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар марҳалаи нави рушди давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳо ва дурнамои стратегии таъмини он.
  • Роҳҳои баланд бардоштани амнияти миллӣ ва таъмини рақобатпазирии иқтисодии Тоҷикистон.

Тибқи нақшаи корҳои илмию таҳқиқотӣ барои соли 2022 дар доираи самтҳои болозикр пажӯҳишҳо аз рӯйи шаш зермавзуъҳои зерин гузаронида шуданд:

  • Раванди ташаккули система ва масоили таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ;
  • Мониторинги амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ;
  • Технологияи сиёсии таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди ҳамкориҳои ҳокимияти давлатӣ бо воситаҳои ахбори омма;
  • Самтҳои стратегии модернизатсияи истеҳсолоти саноатӣ;
  • Самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи нави рушди давлатдории миллӣ: ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба;
  • Заминаҳои ташаккули инфрасохтори соҳибкориии инноватсионӣ;
  • Самтҳо ва ҳадафҳои асосии сиёсати иҷтимоӣ дар шароити кунунӣ: мушкилот ва дурнамо.

Вобаста ба иҷрои мавзуъҳои зикршуда МТС моҳи декабр дар Шурои ҳамоҳангсозии АМИТ ҳисоботи муфассалро манзур намуд. Масъалаи иҷрои нақшаи корҳои илмиву таҳқиқотии раёсатҳо мунтазам дар ҷаласаҳои Марказ мавриди баррасӣ қарор мегирифт. Ин имкон дод, ки ҳисоботи илмию таҳқиқотии Марказ дар муддати муайяншуда босифат ва ба талабот ҷавобгӯй пешниҳод гардад. Ба ғайр аз ин, иҷрои чорабиниҳои мушаххас бо мақсади таъмини самаранокии амалии пажӯҳишҳо дар ин муддат амалӣ гардониданд. Бахусус муҳокимаи пайвастаи масъалаҳо дар Шурои илмӣ ва Шурои илмию методӣ судманд буданд.

Шурои илмии Марказ дар ҳайати 21 нафар, аз ҷумла 10 доктори илм ва 3 номзади илм фаъолият доранд. Шурои илмию методии Марказ аз 15 нафар иборат аст. Дар Шурои илмию методӣ натиҷаҳои корҳои илмӣ ва таҳқиқотии раёсатҳо мунтазам мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Таҳия ва пешниҳоди гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилӣ низ ҷузъи муҳими фаъолияти кормандони Марказро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ дар доираи баргузории корҳои илмию таҳқиқотӣ кормандони Марказ тибқи вазифаҳои низомномавии хеш пешниҳодот, гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилиро барои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шурои амният ва дигар вазорату кумитаҳои давлатии дахлдор омода намуда, ирсол намуданд.

Кормандони Марказ пайваста дар ҳайати комиссияҳои Ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои кории вазорату идораҳо ворид гардида, барои таҳия ва татбиқи стратегию барномаҳои мушаххаси соҳавӣ саҳм мегиранд.

 Ҳамкориҳо бо мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муасисаҳои илмию таҳқиқотӣ дар соли ҳисоботии 2023 вусъати тоза пайдо намуданд. Марказ робитаҳои кории машваратиро бо вазорат, кумита ва агентиҳои ҷумҳурӣ, мақомоти маҳаллии идоракунии давлатӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, аз ҷумла, Пажӯҳишгоҳи фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносии ба номи академик А.Баҳоуддинов, Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демография, Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат амалӣ намуд.

Баргузории конфронсҳои илмию амалӣ, симпозиум, мизҳои гирд ва семинарҳо заминаи муҳимро барои дарку шинохти масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа, минтақа ва ҷаҳон аҳамияти назариявию амалиро дорост, ки Марказ дар ин самт хеле фаъол буд.

Сомонаи интернетии Марказ ва нашри пайвастаи маҷаллаҳои “Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз” ва “Муносибатҳои байналмилалӣ ва амният” низ дар рушди ҷаҳонбинии илмӣ, тарғиби дастовардҳои илмии кормандони Марказ ва таъмини устувории мавқеи ҷамъиятии аъзоёни ҷомеа саҳмгузоранд. Сомона ба таври доимӣ фаъол буда, дар он маводи илмию таҳлилӣ, хабару матолиби ҳаррӯза, гузоришҳо, суханрониҳо, мақолаҳои маҷаллаи “Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз” ва асарҳои илмии таълифнамудаи кормандони Марказ нашр гардиданд.

Дар сомонаи Марказ тамоми нусхаҳои маҷаллаҳои «Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз» ва «Муносибатҳои байналмилалӣ ва амният» дар шакли PDF ҷойгир карда шудааст, ки хонандагон метавонанд ба таври ройгон истифода баранд. Дар сомона тамоми чорабиниҳои дар Марказ гузаронидашуда сари вақт инъикоси худро ёфтаанд.

Корҳои ташвиқотӣ ва тарғиботӣ низ дар маркази таваҷҷуҳ ва фаъолияти кормандони Марказ қарор дорад. Дар соли 2022 роҳбарият ва кормандони Марказ дар як қатор чорабиниҳои сиёсӣ ва тарғибу ташвиқи сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми фаъол доштанд.

Ҳамкорӣ бо марказҳои таҳлилӣ ва пажӯҳишии дигар кишварҳо таҷрибаи таҳлилию коршиносии кормандони Марказро дар сатҳҳои берунӣ муаррифӣ намуда, дар навбати худ он хубтару беҳтар ташаккул меёбад. Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ бо як қатор марказҳои таҳлилӣ ва пажӯҳишии дигар давлатҳо, аз ҷумла, бо марказҳои таҳқиқоти стратегии Русия, Қазоқистон, Чин, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Арабистони Саудӣ, Туркманистон, Покистон, Беларус ҳамкориҳои самарабахш дошт.

Татбиқи тадқиқоти сотсиологӣ аз ҷониби кормандони Марказ вобаста ба масъалаҳои мубрами ҳаёти ҷомеа, минтақа ва ҷаҳон дар шароити хеле мураккаби имрӯза дар соли ҷорӣ шоистаи таҳсин буд. Марказ дар соли 2022 ду тадқиқоти сотсиологӣ гузаронид, ки натиҷаҳои онҳо дар раванди омодасозии таҳлилу гузоришҳо васеъ истифода бурда мешаванд.

Баъдан муовинони директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода ва Саодат Ҷӯрахонзода доир ба фаъолияти бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодии Марказ дар соли 2022 ба таври мухтасар гузориш ироа намуданд.

Сипас пиромуни ҳисоботи ироашуда аъзои Шурои илмии Марказ профессорон Сироҷиддин Комилов, Диловар Қодирзода, Пирӣ Ҷалилов, Рухшона Одилова, сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоӣ Абдураҳмон Қурбонов, сардори Раёсати таъминоти иттилоотӣ Зубайдулло Давлатов, сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавӣ Имомназар Каримиён фикру андешаҳои муҳим иброз карда, фаъолияти илмию таҳлилӣ ва ташкилии Марказро дар соли 2022 мусбат арзёбӣ карданд.

Ҷаласаро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ҷамъбасту натиҷагирӣ карда, барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фаъолияти илмию пажӯҳишии Шурои илмии Марказ дастуру тавсияҳои муфид пешниҳод намуд.

Ҳамоиш дар фазои самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда ба анҷом расид.

Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти Стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед