Рӯзи  23 январи соли 2023 ҷаласаи Шурои илмии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид. Ҳамоиши илмиро бо сухани муқаддимавӣ раиси Шурои  илмии Марказ, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор  Хайриддин Усмонзода  ифтитоҳ намуд. Сипас   тибқи рӯзнома дар ҷаласаи мазкур чунин масъалаҳо мавриди баррасӣ ва тасдиқ қарор гирифтанд:

  1. Ҳайати нави Шурои илмии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  2. Нақшаи кории Шурои илмии Марказ.
  3. Барномаву нақшаҳои кории раёсатҳои Марказ барои соли 2023.
  4. Ҳайати Шурои илмию методии Марказ.
  5. Нақшаи кории Шурои илмию методии Марказ.
  6. Нақшаи чорабиниҳои Марказ дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  7. Ахбор доир ба нақшаи кории Шурои олимони ҷавони Марказ барои соли 2023.

Дар ҷаласа қайд карда шуд, ки дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз сӣ нафар  мутахассиси ҷавон фаъолият доранд. Онҳоро Шӯрои олимони ҷавони  Марказ мутаҳҳид ва раҳнамоӣ менамояд.  Дар ҷаласаи Шӯрои илмии Марказ  фаъолияти илмии олимони ҷавон, вазъи таълифи рисолаҳои илмӣ, самтҳои таҳқиқотӣ ва дифои рисолаҳои илмии онҳо мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифтанд. Дар ҷаласа  раиси нави Шурои олимони ҷавони Марказ интихоб гардид.

Аъзоёни Шӯрои илмии Марказ доир ба бурду бохти фаъолияти илмию  пажӯҳишии Марказ дар соли 2022 ва вазифаҳои ин ниҳоди муҳимми давлатӣ дар соли 2023 фикру андешаҳои муфид ва арзишманд иброз намуданд.

Ҷаласаи Шурои илмиро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода  ҷамъбаст ва натиҷагирӣ кард.

Хадамоти  матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии  назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед