Рӯзи 8 апрели соли 2022 ҷаласаи Шӯрои олимони ҷавони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҷаласаро раиси Шӯрои олимони ҷавони Марказ Фирӯзи Рамазон ифтитоҳ намуда, суханро ба дирктори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Хайриддин Усмонзода вогузор намуд.

Хайриддин Усмонзода зимни суханронии худ қайд кард, ки аксари кормандони илмии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд ва онҳоро зарур аст, ки ҳарчи бештар аз илмҳои замонавӣ бархӯрдор шаванд ва дар рӯҳияи ватандӯстию садоқат ба халқу ватан дар роҳи ҳимояи манфиатҳои миллӣ қодир бошанд. Чунончи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карданд: “Ҷавонон ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии давлату Ҳукумати мамлакат мебошанд. Онҳо дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ буда, дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳое, ки зидди давлату миллатанд, омода мебошанд ва манфиатҳои миллиро аз ҳар манфиати дигар боло медонанд. Мо бо ҷавонони бонангу номуси худ ифтихор мекунем ва барои ҳалли масъалаҳои онҳо минбаъд низ тамоми тадбирҳоро амалӣ мегардонем. Ҷавонони мо дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин боз ҳам фаъолона иштирок карда, дар муаррифии давлати миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлолият ва рушди Тоҷикистони азиз беш аз пеш саҳм мегузоранд”.

Сипас ӯ дар мавзуи “Хусусиятҳои таҳлили масъалаҳои иҷтимоӣ” муфассал суханронӣ намуд ва олимони ҷавонро ба таҳқиқу омӯзиши илмӣ, пажӯҳиши академӣ, тарзу усули гирдоварии маълумоти зарурӣ, риояи стандартҳои байналмилалӣ дар таҳқиқоти илмӣ, метод ва усулҳои муосири таҳлили равандҳои ҳаёти ҷамъиятӣ барои мутахассисони ҷавони Марказ ошно намуд. Тазаккур дод, ки зарурати донистани роҳу усулҳои навини таҳлил ва таҳқиқи масоили гуногун, хусусан, барои кормандони ниҳодҳои таҳлилӣ, хеле муҳим ва мубрам мебошад. Олимони ҷавон ҳамеша бояд аз навгониҳои илмии дунёи муосир бархӯрдор гардида, дар асоси методу усулҳои илмӣ манфиатҳои милливу давлатиамонро ҳимоя намоянд. Мавсуф ба саволҳои ҳозирин посухҳои қаноатбахш дод.

Ҳамоишро раиси Шӯрои олимони ҷавони Марказ Фирӯз Рамазон ҷамъбасту натиҷагирӣ карда, аз номи олимони ҷавони Марказ ба устод Хайриддин Усмонзода барои суханронии пурмуҳтаво изҳори сипос намуд.

Ҷаласа дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед