Рӯзи  24 декабри соли 2019 ҷаласаи навбатии  Шӯрои илмии  Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Ҳамоиши илмиро бо сухани муқаддимавӣ муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Хуршед Зиёӣ  ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки тибқи рӯзнома дар ҷаласа чунин масъалаҳо мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор мегиранд:

  1. Ҳисобот доир ба натиҷаҳои фаъолияти раёсатҳои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019.
  2. Нақшаву пешниҳодҳо доир ба фаъолияти раёсатҳои Марказ дар соли 2020.

3.Нақшаву пешниҳодҳо доир ба ташкили ҳамкориҳо  бо мақомоти давлатии идоракунӣ, муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ.

Сипас дар назди ҳозирин сардорони раёсатҳои Марказ доир ба натиҷаҳои корҳои  илмию тадқиқотиии раёсатҳои худ дар соли 2019 мухтасаран гузориш  ироа намуда,  ба саволҳои ҳозирин посухҳои қаноатбахш доданд.

Таъкид карда шуд, ки гузоришҳо аз семинару конфронсу мизҳои гирд ва дигар чорабинҳои илмии Марказ  дар  васоити ахбори оммаи давлатӣ ба таври васеъ инъикос шуда, ҳамчунин, хабари баргузории  онҳо дар сомонаи Марказ сари вақт  гузошта шудаанд. Дар баробари  ин, кормандони Марказ дар конфронсу ҳамоишҳо, семинару маҳфилҳо,  мизҳои гирд, ки аз ҷониби созмонҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ   доир шуданд, ширкат варзида, бо маърӯзаҳои илмӣ суханронӣ намуданд.

Муқарризон ва музокирачиён дар қатори аҳамият ва арзиши кори илмию тадқиқотии анҷомдодаи раёсатҳои номбурда камбудиву норасоиҳоро низ гуфта гузаштанд ва барои боз ҳам беҳтар гардидани он тавсияҳо доданд.

Аъзоёни Шӯрои илмиии Марказ доир ба фаъолияти илмию тадқиқотии Марказ дар соли 2019 ва  доир ба ҳамкориҳо бо мақомоти давлатии идоракунӣ, муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ таклифҳои муфид пешниҳод намуданд.

Ҷаласаи Шӯрои илмии Марказро муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ, муовини директори Марказ Парвиз Муҳаммадзода, роҳбари Дастгоҳи Марказ Наҳтулло Назаров,  котиби илмии Марказ Рухшона Одилова ҷамъбаст намуда, натиҷагирӣ карданд.

Ҳамоиш  дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.

 Хадамоти  матбуотии Маркази

тадқиқоти стратегии  назди

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед