Рӯзи 15 феврали соли 2022 ҷаласаи Шӯрои илмии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамоиши илмиро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ намуд.
Сипас тибқи рӯзнома дар ҷаласаи мазкур чунин масъалаҳо мавриди баррасӣ ва тасдиқ қарор гирифтанд:
- Ҳайати нави Шӯрои илмии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Нақшаи кории Шӯрои илмии Марказ.
- Барномаву нақшаҳои кории раёсатҳои Марказ барои соли 2022.
- Ҳайати Шӯрои илмию методии Марказ.
- Нақшаи кории Шӯрои илмию методии Марказ.
- Нақшаи чорабиниҳои Марказ дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Ахбор доир ба нақшаи кории Шӯрои олимони ҷавони Марказ барои соли 2022.
Дар ҷаласа қайд карда шуд, ки дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз сӣ нафар мутахассиси ҷавон фаъолият доранд. Онҳоро Шӯрои олимони Марказ мутаҳҳид ва раҳнамоӣ менамояд. Дар ҷаласаи Шӯрои илмии Марказ фаъолияти илмии олимони ҷавон, вазъи таълифи рисолаҳои илмӣ, самтҳои таҳқиқотӣ ва дифои рисолаҳои илмии онҳо мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифтанд.
Аъзоёни Шӯрои илмии Марказ доир ба бурду бохти фаъолияти илмию тадқиқотии Марказ дар соли 2021 ва вазифаҳои ин ниҳоди муҳимми давлатӣ дар соли 2022 фикру андешаҳои муфид ва арзишманд иброз намуданд.
Ҷаласаи Шӯрои илмиро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ҷамъбасту натиҷагирӣ кард.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон