Шонздаҳуми ноябри соли 1992-юм, сӣ сол муқаддам, яъне дар он рӯзҳое, ки ба давлати ҷавони соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва миллати ягонаи тоҷик хатари ҷиддии нобуди таҳдид мекард, дар Қасри Арбоби Хуҷанди бостон, вилояти Суғд Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Баъди сӣ сол, агар аз назари имрӯз ба рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии Ватанамон назар афканем, хуб дарк карда метавонем, ки маҳз Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таърихи навини халқу кишварамон оғоз бахшид. Ин Иҷлосия  барои таҳкими истиқлол, барқарории сохти конститутсионӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллӣ пойдевори мустаҳкам гузошт.

Таърихи  борҳо собит намудааст, ки раванди бунёди давлату давлатдорӣ мушкил ва хеле пурихтилоф буда, ҳар як марҳалаи инкишофи он хусусиятҳои хосси худро дорад. Ин раванд орому сокит ва ё баръакс, муташанниҷу ноором ҷараён ёфта, метавонад хатарҳоеро дар роҳи мавҷудияти минбаъдаи давлат эҷод намоянд.

АЗ ин сабаб бисёр миллатҳо аз давлатдории миллии худ бенасиб гашта, фарҳангу забони худро ба нестӣ дода, дар маҷрои пурталотуми таърих симои миллиашонро гум кардаанд. Ин миллатҳо натавонистанд имконияти таърихиеро, ки барои пойдории онҳо фароҳам оварда шуда буд, мақсаднок истифода баранд. Имконе, ки на маротиб муяссар гаштанаш мумкин аст.

Нимаи дуюми садаи XX ба халқи тоҷик муяссар гардид, ки баъди гузашти ҳазорсолаҳо аз нав соҳиби давлати миллии худ гардад, аз нав ба ҷаҳониён доир ба соҳибдавлату соҳибтамаддун будани худ эълон намояд. Аз нав тоҷи давлатдориро дар сар гузошта, давлатеро ба номи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҷой диҳад, вале ин туҳфаи тақдир имтиҳони ҷиддиеро назди миллати мо гузошт.

Паст будани фарҳанги сиёсии ҷомеа, надоштани таҷрибаи давлатдории наву мустақилона, ба ҳисоб нагирифтани хусусиятҳои нави давраи инкишоф, боло гузоштани манфиатҳои гурӯҳию ҳизбӣ аз манфиатҳои умумимиллию умумидавлатӣ ва дахолати қувваҳои манфиатдори беруна кишвари тозаистиқлоли моро ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор сохт.

Соҳибистиқлолӣ фазои иҷтимоиву сиёсии кишварро тағйир дод. Дар арсаи сиёсии мамлакат қувваҳое пайдо шуданд, ки талоши ҳокимиятро доштанд. Дар натиҷаи фалаҷ шудани ҳокимияти сиёсӣ ба ном “неруҳои демократӣ» авҷ гирифта, вазъи сиёсиро мураккаб намуданд. Тақсими ғайрирасмии минтақаҳои мамлакат ба миён омада, маҳалгароӣ ва зӯроварӣ ба авҷи аъло расиданд. Бесарусомонию саргардониҳо ба вуҷуд омаданд. Чунин буд авзои сиёсии давлати соҳибистиқлоли тоҷик дар нимаи аввали солҳои 90-уми қарни гузашта.

Маҳз дар чунин вазъияти мушкилу ҳассоси сиёсӣ Шӯрои Олии мамлакат масъулиятро барои ояндаи давлату миллат ба зиммаи худ гирифта, кафили таъмини сулҳу осоиш ва пойдории давлат гардид.

Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории навини тоҷик саҳифаи наверо боз намуд. Аҳаммияти таърихии он дар муайян намудани сохтори давлатӣ, тарзи идора ва мушаххас сохтани аслҳои асосии давлатдорӣ бениҳоят калон аст. Иҷлосия роҳи минбаъдаи рушди давлатдорӣ–бунёди демократия дар асоси гуногунандешии сиёсию идеологӣ, эътирофи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳамгироӣ бо ҷомеаи ҷаҳониро муайян намуд.

Эълон шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявю ягона, ки онро аксари сокинони мамлакат дар лаҳзаҳои душвортарин ҳам ҷонибдор буданд, ба тамоми он қувваҳое, ки даъвои дигари идеологиро нисбат ба сохти конститусионӣ дар Тоҷикистон пеш мегузоштанд, зарбаи қатъӣ ва ҳалкунанда зад. Дунявият ҳамчун иродаи мардум эътироф гашта, минбаъд дар Конститусия низ таҷассуми худро ёфт.

Бояд зикр намуд, ки ҳамин омил яке аз сабабҳои асосии сар задании ихтилоф дар кишвар маҳсуб меёфт. Аз ин лиҳоз, маҳз иродаи қатъии сиёсии Сарвари давлат ба ҳама баҳсу мунозираҳо атрофи ин масъала хотима гузошта, имкон дод, то ҷомеаи аз кашмакашҳо хасташудаи Тоҷикистон аз вартаи порашавӣ раҳо ёбад.

Рамзҳои давлатӣ, ки муқаддасоти ҳар як давлату миллат ба шумор рафта, нишона аз давлатдорианд, маҳз дар ҳамин Иҷлосия дар радифи муҳимтарин масъалаҳои замон тасдиқи худро ёфтанд. Аҳаммияти сиёсӣ ва таърихии қабул шудани рамзҳои давлатиро ба назар гирифта, Президенти кишвар дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намуда буд: «Тоҷикистон ҳамчунин соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллии худ гардид, ки онҳо волотарин рамзҳои истиқлолияти кишвари мо мебошанд. Шояд ин падидаҳо аз нигоҳи аввал оддию сода ҷилва кунанд, вале дар қиёс бо он ки дар чӣ вартае будем, аз куҷо оғоз кардем, ҳар кадоме аз ин рӯйдодҳо аҳамияти азими таърихӣ ва сиёсӣ пайдо мекунанд».

Бояд тазаккур дод, ки дар ҳамин Иҷлосия ҳукумати нав таъсис ёфта, аз рӯзҳои аввали ба даст гирифтани зимоми давлатдорӣ содиқ будани худро ба арзишҳои башардӯстона нишон дод. Яке аз аввалин изҳороти Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Шӯрои Олии мамалакат доир ба масъалаҳои баргардонидани гурезаҳо буд. Ин бори дигар собит месохт, ки Сарвари давлат муҳиммияти масъаларо бо тамоми ҳастиаш эҳсос намуда, ба хубӣ дарк мекард, ки маҳз тавассути сарҷамъии мардум метавон ба дастовардҳои назаррас ноил шуд. Баргаштани гурезаҳо ба Ватан ин маънои обод кардани хонаю деҳаҳои сӯхта, киштзорҳои поймолшуда, марҳами захмҳои ғарибӣ ва азобу кулфатҳои мусофириро дошт.

Муҳимтар аз ҳама маҳз тавассути бозгаштан ба Ватан имконияти дарки хатои содиршуда ва бахшиши гуноҳи якдигар ба даст меомад, ки омили муҳимми таъминсозандаи сулҳу салоҳ мегашт.

Дур аз Ватан қарор доштани гурезаҳо ба вазъи сиёсию иқтисодии мамлакат таъсири бевоситаи худро мерасонд. Пеш аз ҳама, мардуми ғарибгашта, ки аслан гуноҳе надоштанд, метавонистанд барои қувваҳои манфиатдор ҳамчун воситаи ба даст овардани мақсадои ғаразнок истифода гарданд. Махсусан, ин ҳолат дар Афғонистон, ки вазъи сиёсии нооором дошт, барои мардуми мо мушкилоти вазнинро пеш овард.

Мақсади дигари бозгардонии гурезаҳо таъмини оромии сарҳад буд. Ҷойгир шудани гурезаҳо дар минтақаҳои наздисарҳадӣ метавонист ба авзои марзи давлатӣ таъсир расонад. Қувваҳои гуногуни ҳарбию сиёсӣ, ки дар он тарафи дарё қарор доштанд, бо истифода аз вазъи ҳуқуқии гурезаҳо метавонистанд сафҳои худро пурқувват ва бо мақсади амалӣ шудани ғаразҳои сиёсии худ авзои сиёсии кишварро мураккаб созанд. Баргардонидани гурезаҳо инчунин, яке аз омилҳои муҳими таъмини ваҳдат ва ягонагии миллати тоҷик маҳсуб меёфт.

Маҳз аз ҳамин сабаб Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуда буд, ки «…то як тоҷик берун аз Ватан қарор дорад, ман худамро ором ҳис карда наметавонам» ва ин бори дигар собит месохт, ки тоҷик дигар бедавлату бесоҳиб нест ва фақат худи ӯ қодир аст ватанашро обод намояд.

Нишонаи дигари ба арзишҳои башардӯстона содиқ будани ҳукумати нав қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» буд. Маълум аст, ки авзои ноороми сиёсӣ, ки дар натиҷаи бархӯрди қувваҳои гуногун ба миён омада буд, якеро дидаю дониста, дигареро аз рӯи нофаҳмӣ, сеюмиро аз рӯйи ғараз, чорумиро бо мақсади муҳофизати молу мулк ва оилаи худ ба майдони даргирию қонуншиканиҳо кашид. Дар чунин вазъ гуноҳи якеро исбот намудану бегуноҳии дигареро тасдиқ намудан ғайриимкон буд.

Бинобар ин, Ҳукумати тозатаъсис бо дарки масъулияти баланд ва риояи принсипҳои башардӯстона ҳамаи онҳоро авф намуд. Дар баробари ин таҷрибаи зиндагӣ собит намудааст, ки хунро набояд бо хун шуст, зеро чунин амал кинаю хусуматро бештар намуда, садди роҳи сулҳу созиш ва ҳамдигарфаҳмӣ мегардад.

Иҷлосияи 16-ум ба ташаккулёбии фарҳанги нави сиёсӣ замина гузошт. Истиқлолият, ягонагӣ, ваҳдат ва сулҳу салоҳ дар ҷомеа арзишҳое эътироф гаштанд, ки асоси фарҳанги нави сиёсиро ташкил медоданд. Хусусияти фарқкунандаи фарҳанги нави сиёсӣ дар он буд, ки марҳилаи ноороми инкишоф дар роҳи таҳкими он метавонист мушкилиҳои зиёдеро ба бор орад. Аммо таҷрибаи сиёсӣ нишон дод, ки пайдоиши фарҳанги нави сиёсиро дар ҷомеа зарурати таърихӣ ба миён овардааст. Зеро бархӯрди ҳамаи он ақидаҳо, ки сабаби асосии даргириҳо гашта буданд, натавонистанд, ки манфиатҳои умумимиллиро аз манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ боло гузошта, чунин арзишҳоеро тарғибу ташвиқ намоянд, ки воқеан ҳам ҷавобгӯи талаботи ҷомеа бошанд.

Акнун ба тарафи мухолиф лозим буд, ки ба хотири таъмини якпорчагии Тоҷикистон ва таҳкими давлатдории миллӣ бо назари дигар ба воқеият баҳо дода, таҳаммул ва созиш, гузашт ва бахшидани гуноҳи якдигарро чун пояи фарҳанги нави сиёсӣ эътироф намоянд.

Чун имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон мавриди омӯзишу баррасии ҷомеашиносон қарор дорад, набояд фаромӯш кард, ки принсипи асосии сулҳофарӣ маҳз дар ҳамин иҷлосияи тақдирсоз муайян шуд. Маҳз ҳамин принсипи асосгузор тавонист дар марҳилаҳои минбаъда зина ба зина амалӣ гашта, ба ҷаҳониён модели нави сулҳофариро тақдим намояд.

Имрӯзҳо ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аз он ифтихор дорад, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар саросари олам омӯхта мешавад. Ин таҷриба бори дигар собит сохт, ки ҳама гуна низоъ роҳи ҳалли худро дорад, агар тарафҳои даргир сари вақт мақсади ҳал кардани онро дар миён гузошта бошанд.

Аҳамияти таърихии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин дар он аст, ки ташаккули идеяи ваҳдати миллӣ ва ягонагӣ маҳз дар ҷараёни он ба миён омада буд. Пайдоиши ин идея худ як зарурати таърихӣ ба ҳисоб меравад, ки қодир буд халқи парешонгаштаи тоҷикро сарҷамъ созад.

Ғояи ваҳдати миллӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон тавонист дар муддати кӯтоҳ дар дилу дидаи ҳазорон сокинони дилозурда ҷой гирифта, заминаи бунёди сулҳро гузорад. Таҷрибаи талхи таърихи давлатдории гузашта бори дигар миллати моро водор месохт, ки сари имрӯзу ояндаи давлату миллати худ андеша кунад.

Ташаккули низоми нави давлатдорӣ, ки аз ҳамин Иҷлосия сарчашма мегирад, бори дигар нақши таърихии шахсро дар марҳилаи тақдирсоз собит сохта, шоҳиди ба вуҷуд омадани ниҳоди нави сарварӣ мебошад.

Илм ва таҷрибаи таърихӣ борҳо собит намудааст, ки маҳз фаъолияти мақсадноку ҳадафмандонаи ниҳоди сарварӣ қодир аст дар марҳилаҳои тақдирсози таърихӣ боиси наҷот ва таҳкиму рушди давлатҳои миллӣ гардад. Аҳамияти таърихии фаъолияти ин ниҳодро имрӯз мо метавонем дар мисоли мактаби сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баръало эҳсос намоем.

Воқеан ҳам, ин Иҷлосияи таърихӣ, ки мо дар таҷлили 30-юмин солгардаш ширкат менамоем, дар таърихи давлатдории навини тоҷикон аҳамияти бениҳоят бузург дорад. Маҳз ҳамин Иҷлосия тавонист анҷумани тақдирсозу созанда гашта, сабақи фаромӯшнашавандае дар роҳи пуршебу фарози бунёди давлатдории миллии мустақил барои наслҳои имрӯзу оянда гардад. Маҳз ҳамин анҷуман оғози наҷоти давлатдории миллӣ, якпорчагӣ, сулҳу суббот, ваҳдату ягонагӣ, дӯстию бародарӣ ва пойдории Тоҷикистони соҳибистиқлолу ягона гашт.

Тавонист ба ҷаҳониён хиради азалии миллати тоҷик таҳаммулпазирию башардӯстӣ, қобилияти сулҳофарӣ ва давлатсозии онро собит созад.

Айни ҳол, мардуми кишварамон дар фазои сулҳу салоҳ сарҷамъона кору зиндагӣ карда, ба ояндаи дурахшони он умеду бовар доранд. Фазои солими кишвар буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси давлати соҳибистиқлол узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардида, муносибатҳои гуногунҷабҳаро бо давлатҳои дуру наздик барқарор намудааст ва ин робитаҳо рӯз то рӯз густариш меёбанд.

Қобили қайд аст, ки тӯли ин солҳо кишвари маҳбуби мо узви тамоми ташкилотҳои бонуфузтарини ҷаҳон гашта, дар кори даҳҳо созмонҳову иттиҳодияҳои байналмилалӣ ширкат менамояд.  Натиҷаи чунин муносибатҳост, ки бо дастгирии давлатҳои дуру наздик дар кишварамон корхонаҳои азим бунёд гардида, имрӯз аксари онҳо мавриди истифода қарор доранд.

Чуноне ки Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз сухнрониҳояшон зикр намуда буданд: «Тамоми кӯшишу талошҳо ва ҳамкориҳо ба хотири хушбахтии насли оянда, эҷоди як Тоҷикистони обод, осуда ва пешрафта мебошад».

Самараи ин кӯшишҳо буд, ки дар як давраи ниҳоят кӯтоҳ, дар аксари соҳаҳо пешравиҳо таъмин шуда, хоҷагии халқи кишвар ба нишондиҳандаҳои баланди меҳнатӣ ноил гардид.

Умуман, ояндаи давлат, истиқлол ва соҳибихтиёрии он аз бисёр ҷиҳат ба мо, шаҳрвандони Тоҷикистон, вобаста мебошад.

Агар мо, фарзандони Тоҷикистони гуногунмиллат, аз мушкилиҳо наҳаросем, ба доми фиребу найранги сиёсатмадорони тангназар наафтем, кинаю адоватро ба дилҳоямон роҳ надиҳем, тақдири худро аз тақдири Ватани ягонаамон ҷудо накунем, пас пояҳои давлати мутамаддинро таҳким мебахшем ва зиндагии пурфайзу баракатро барои фарзандони худ ва наслҳои оянда таъмин месозем.

Боварӣ дорем, ки мардуми баору номуси диёри Ваҳдат ҳамдилию ҳамбастагиро азизу муқаддас шуморида, соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёдии мамлакатро чун гавҳараки чашм азиз медоранду дар роҳи ободонии Ватани маҳбубамон корҳои шоистаеро ба ҷо меоранд.

Мо бояд барои фардои нек, рӯзгори осуда ва мамлакати пешрафтаи худ бо умеду боварӣ заҳмат кашида, ҳамеша шукронаи сулҳу субот намуда, ба қадру қимати Ватани азизамон-Тоҷикистони соҳибистиқлол бирасем.

Умуман, тамоми пешравиҳо, дастовардҳои 30-соли ҷомеаи кунунии кишварамон самараи баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб дониста мешавад.

 

Мирзо Ашӯров,
сармутахассиси Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати дохилии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед