Дар назар аст, ки санаи 27-уми июни соли 2022 дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия ҷаласаи коршиносони байналмилалӣ дар мавзӯи “Роҳандозии шабкаи ҳушдори аввалия дар самти муқовимот бар зидди терроризм барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ” баргузор гардад.
Чорабинии мазкур бо ташаббуси муштараки Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ ва Дафтари зиддитеррористии СММ дар чаҳорчӯби лоиҳаи “Ба сӯи татбиқи ҳамаҷонибаи Стратегияи ҷаҳонии зиддиттеррористии СММ дар Осиёи Марказӣ – марҳилаи 4 доир ” мегардад.
Мақсад аз баргузории ин ҳамоиш тавсеаи ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ миёни сохторҳои қудратӣ, сохторҳои марбут ба муқовимат бар зидди терроризм, коршиносон, намояндагони созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, инчунин механизмҳои минтақавӣ дар самти муқовимат бар зидди терроризм ҷиҳати коркарди шабкаи ҳушдори аввалия дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ ҳамчун платформа барои баланд бардоштани иқтидор ва коркарди стратегияҳои зиддитеррористии самарабахш ва андешидани тадбирҳо барои вокуниши созгор бар зидди таҳдиду хатарҳо ба амният ташкил медиҳад.
Бояд қайд намуд, ки дар кори ҳамоиш намояндагони Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ ва Дафтари зиддитеррористии СММ, намояндагони дигар созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, олимону пажӯҳишгарон, коршиносони масъалаҳои сиёсию амниятӣ аз марказҳои зеҳнии минтақавӣ ва намояндагони раёсатҳои марбут ба муқовимат бар зидди терроризм аз мақомоти дахлдори кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок менамоянд.
Ҷониби Тоҷикистонро дар конфронси мазкур олимону таҳлилгарони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар сохторҳои мартбут ба муқовимат бар зидди терроризм аз мақомоти дахлдори кишвар намояндагӣ менамоянд.
Маркази матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон