Рӯзи 16 июли соли 2021 ҷаласаи кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ ифтитоҳ намуда, тибқи рӯзномаи ҷаласа доир ба натиҷаҳои фаъолияти илмию пажӯҳишӣ ва ташкилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи аввали соли 2021 ва нақшаву пешниҳодҳо доир ба фаъолияти раёсатҳои Марказ дар нимсолаи баъдинаи соли 2021 гузориш ироа намуд. Ӯ аз ҷумла қайд кард, ки дар давраи ҳисоботӣ дар Марказ пажӯҳишҳо дар мавзӯъҳои зерин сурат гирифтанд:
- Амнияти миллӣ, минтақавӣ ва манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон: моҳият, мундариҷа, таҳаввулот ва ҷанбаҳои сиёсию ҳуқуқӣ;
- Моҳият ва усули арзёбии амнияти иқтисодӣ дар шароити муосир;
- Технологияи сиёсии ҳамкории ниҳодҳои давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Трансформатсияи сохтории иқтисодиёт ва мушкилоти навсозии инноватсионии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Хусусиятҳо ва заминаҳои такмили сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи нави рушди давлатдории миллӣ;
- Таҳлилу арзёбии вазъи соҳибкории инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Амнияти иҷтимоӣ: муҳтаво ва махсусиятҳои он дар марҳилаи нави рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар аввали сол корҳои илмиву таҳқиқотии раёсатҳо дар ҷаласаҳои Марказ мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифтанд. Ин имкон дод, ки ҳисоботи илмию таҳқиқотии Марказ дар муддати муайяншуда бо сифат ва ба талабот ҷавобгӯй пешниҳод гардад. Ба ғайр аз ин, иҷрои чорабиниҳои мушаххас бо мақсади таъмини самаранокии амалии пажӯҳишҳо ба нақша гирифта шудааст.
- Шӯрои илмӣ ва Шӯрои илмию методии Марказ
Шӯрои илмии Марказ дар ҳайати 23 нафар, аз ҷумла 12 доктори илм ва 5 номзади илм фаъолият кард. Ба мақсади амалӣ намудани стратегияи ягонаи давлатӣ, ҷамъиятию сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар ба ҳайати Шӯрои илмӣ дар қатори олимони Марказ олимону мутахассисон аз дигар ташкилотҳои ҷумҳурӣ низ дохил карда шуданд.
Шӯрои илмию методии Марказ аз 17 нафар иборат аст. Дар Шӯрои илмию методӣ натиҷаҳои корҳои илмӣ ва таҳқиқотии раёсатҳо мунтазам мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. Ҷаласаҳои Шӯрои илмию методии марказ оид ба натиҷагирии корҳои илмию таҳқиқотӣ барои соли 2021 ва солҳои 2021–2025 доир гардиданд.
- Таҳия ва пешниҳоди гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилӣ
Дар доираи баргузории корҳои илмию таҳқиқотӣ кормандони Марказ дар шаш моҳи аввали соли 2021 ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои давлатӣ 46 гузориши таҳлилӣ, иттилоотию таҳлилӣ дар ҳаҷми умумии 1043 саҳифа пешниҳод карданд.
- Иштирок дар комиссияҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои корӣ
Роҳбарият ва мутахассисони Марказ дар гурӯҳҳои кории ҳукуматӣ ва ҷамъиятӣ доир ба масъалаҳои мушаххас иштирок намуданд:
- Гурӯҳи кории байниидоравӣ доир ба “Таҳсилоти босифат” дар Вазорати маориф ва илми Ҷумщурии Тоҷикистон;
- Гурӯҳи корӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон: “Лоиҳаи таҳқиқоти таҳлилии вазъият дар бораи дастрасӣ ва иштироки шахсони дорои маъюбият ба хизматрасониҳои тиббӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, маориф, воситаҳои зиндагӣ ва таҳияи стандартҳои дастрасӣ дар Тоҷикистон”;
- Гурӯҳи корӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон: “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим”;
- Гурӯҳи корӣ дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:”Таҳияи Кодекси андоз дар таҳрири нав”.
- Ҳамкориҳо бо мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муасисаҳои илмию таҳқиқотӣ
Марказ робитаҳои кории машваратиро бо вазорат, кумита ва агентиҳои ҷумҳурӣ, мақомоти маҳаллии идоракунии давлатӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, аз ҷумла, Пажӯҳишгоҳи фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносии ба номи академик А.Баҳоуддинов, Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демография, Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат амалӣ намуд.
Дар шаш моҳи соли 2021 дар Марказ аз Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат 4 нафар, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 32 нафар, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон 9 нафар, дар маҷмӯъ, 45 нафар донишҷӯ таҷриба омӯхтанд.
- Ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ
Марказ дар доираи созишномаҳои ҳукуматӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, намояндагиҳои Созмони Милали Муттаҳид, САҲА, СҲШ, СААД, Бонки Ҷаҳонӣ, Фонди Байналмилалии Асъор, Созмони Олмонии Ҳамкории Байналмилалӣ, Маркази дипломатияи пешгирикунанда (шаҳри Ашқобод) ҳамкориҳоро густариш дод. Марказ узви Маркази таҳлилии СААД, узви Форуми СҲШ ва яке аз муассисони Академияи САҲА дар шаҳри Бишкек мебошад.
- Конфронсҳои илмию амалӣ, симпозиум ва мизҳои гирд
Марказ дар шаш моҳи соли ҷорӣ чорабиниҳои илмию амалӣ дар мавзӯъҳои зерин баргузор намуд:
Мизи гирд дар мавзӯи “Дидгоҳи давлатмењвар ва масъалањои тањкими истиќлоли давлатї” (18.03.2021), конфронси байналмилалии илмиву амалӣ дар мавзӯи “Таъмини амнияти иқтисодӣ: таҳдидҳо ва дурнамо” (20.04.2021), “Нишасти маҷозии муштарак бо Маркази мутолиоти сиёсӣ ва байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Эрон” (11.05.2021), мизи гирд дар мавзӯи “Амнияти зеҳнӣ дар низоми амнияти миллӣ“ (21.05.21), конфронси муштараки илмию амалӣ дар мавзӯи “Нуқтаҳои нави густариш ва таҳкими ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон” (03.06.2021), мизи гирд дар мавзӯи “Фазои маҷозӣ: имконият ва таҳдидҳо ба амнияти миллӣ“ (8.06.2021), видеоконфронси маҷозӣ таҳти унвони “Ӯзбекистон ва Тоҷикистон: дурнамои ҳамкории мутақобилан судманд” (16.06.2021), видеоконфронси маҷозии байналмилалӣ таҳти унвони “Ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстӣ, фазои боз–асоси пешрафти ҳамкориҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон” (17.06.2021), “Форуми байналмилалии коршиносони ИДМ доир ба амнияти иттилоотӣ“ (29.06.2021).
Гузоришҳо аз чорабиниҳои илмӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардида, дар рӯзномаҳои давлатӣ ва мустақил ба таври васеъ инъикос ва дар сомонаи интернетии Марказ гузошта шуданд.
Дар ин давра кормандони Марказ дар конфронсу ҷамъомадҳо, семинару маҳфилҳо, мизҳои гирд, ки аз ҷониби созмонҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баргузор шуданд, бо 85 маърӯза суханронӣ карда, беш аз 250 мавод дар васоити ахбори омма нашр намуданд.
Дар Марказ то охири соли 2021 боз беш аз дувоздаҳ чорабинии илмию амалӣ баргузор мегардад.
- Фаъолияти нашриявӣ
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи ташвиқотӣ ва фаҳмондадеҳиро таҳти унвони “Нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ: моҳият ва самтҳои асосии он” дар шакли китобча таҳия намуда (дар ҳаҷми 60 саҳифа, дар шакли электронӣ), ба Дастгоҳи иҷроияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд.
- Ҳамкорӣ бо марказҳои таҳлилӣ ва пажӯҳишии дигар кишварҳо
Марказ бо як қатор марказҳои таҳлилӣ ва пажӯҳишии дигар давлатҳо, аз ҷумла, бо марказҳои таҳқиқоти стратегии марказҳои Русия, Қазоқистон, Чин, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркия, Латвия, Литва, Лаҳистон ҳамкориҳои самарабахш дорад.
- Сомонаи интернетии Марказ ва маҷаллаи “Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз”
Сомонаи Марказ (www.mts.tj) фаъол буда, дар он маводи илмию таҳлилӣ, хабару матолиби ҳаррӯза, гузоришҳо, суханрониҳо, мақолаҳои маҷаллаи “Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз” ва китобҳои таълифнамудаи кормандони Марказ ҷой дода шудаанд. Дар ин давра дар сомонаи интернетии Марказ 433 мақола ва матолиби гуногуни илмӣ, хабару гузоришҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҷой дода шуданд.
Дар ин давра шумораи якуми маҷаллаи «Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз» №1 (73) соли 2021 бо теъдоди 25 мақола ба нашр расид. Шумораи №2(74)-и нашрияи номбурда бо теъдоди 26 мақола таҳияву таҳрир гардида, барои чоп омода карда шуд. Инчунин, тамоми нусхаҳои маҷаллаи Марказ дар шакли PDF дар сомонаи мазкур ҷойгир карда шудаанд, ки ниёзмандон метавонанд ба таври ройгон аз онҳо истифода баранд.
Кормандони Марказ дар нимсолаи якуми соли 2021 беш аз 254 мавод, мусоҳиба ва суханронӣ дар васоити ахбори омма (ВАО) намуданд.
10.Корҳои ташвиқотӣ ва тарғиботӣ
Дар шаш моҳи аввали соли 2021 роҳбарият ва кормандони Марказ дар як қатор чорабиниҳои сиёсӣ ва тарғибу ташвиқи сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми фаъол доштанд. Шумораи умумии суханрониҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассиса ва корхонаҳои давлатӣ бештар аз 54 адад буд.
Сипас чанд нафар кормандони Марказ пиромуни бурду бохти фаъолияти илмию пажӯҳишӣ ва ташкилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли 2021 ва нақшаву пешниҳодҳо доир ба фаъолияти раёсатҳои Марказ нимсодаи баъдинаи соли 2021 фикру андешаҳои судманд иброз намуданд. Музокирачиён дар қатори аҳамият ва арзиши корҳои илмию таҳқиқотии анҷомдодаи Марказ камбудиву норасоиҳоро низ гуфта гузаштанд. Онҳо барои боз ҳам беҳтар гардидани он тавсияҳо доданд ва доир ба фаъолияти минбаъдаи илмию таҳқиқотии Марказ доир ба ҳамкориҳо бо мақомоти давлатӣ, муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ таклифҳои муфиду арзишманд пешниҳод намуданд.
Ҷаласаи кормандони Марказро мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда, ба аҳли кормандони ин муассисаи муҳимми давлатӣ барори кор орзу намуд.
Ҳамоиш дар фазои озод, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон