Рӯзҳои 22-23 майи майи соли 2023 таҳти раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи 18-уми Форуми Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Форуми Созмони Ҳамкории Шанхай механизми бисёрҷонибаи машваратӣ-экспертии ҷамъиятӣ мебошад, ки барои мусоидат ва дастгирии илмӣ-таҳлилии фаъолияти СҲШ, рушди ҳамкории марказҳои илмӣ-таҳқиқотии давлатҳои узви СҲШ, гузаронидани таҳқиқоти муштарак доир ба масъалаҳои мубрами доираи Созмон, тавсеаи табодули афкор байни олимон ва коршиносон дар соҳаҳои сиёсат, амният, иқтисод, иҷтимоиёт, экология, технологияҳои нав ва ғайра равона шудааст.
Форуми мазкур соли 2006 таъсис ёфта, аз ҳар кишвари узв як маркази муҳимми таҳлилӣ шомили он мебошад. Раёсатро дар Форум ҳар сол як маркази миллии таҳлилии кишвари узв ба зимма мегирад. Форумро аз номи Тоҷикистон Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ мекунад.
Аз замони таъсисёбиаш то имрӯз таҳти раёсати кишварҳои узв 17 ҷаласаи он баргузор шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон қаблан ду маротиба солҳои 2010 ва 2016 дар Форум раисӣ дошта, онро дар сатҳи баланди байналмилалӣ доир намуда буд. Маврид ба зикр аст, ки мақоми раисӣ дар Форуми СҲШ соли 2022 аз Донишгоҳи давлатии муносибатҳои байналмилалии Маскави Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия ба ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд ва имсол сеюмин давраи раисии Тоҷикистон дар Форуми СҲШ мебошад. Дар Форум роҳбарон ва коршиносони варзидаи марказҳои таҳлилӣ ва муассисаҳои илмию таҳлилии давлатҳои узв, нозир ва шарикони муколамаи СҲШ, Котиботи СҲШ, намояндагони Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ, коршиносон ва рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ ширкат доштанд.
Ҳамоишро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ намуда, иштирокчиёни нишастро хайрамақдам гуфт. Сипас Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ, Котиби Генералии СҲШ Чжан Мин (дар шакли маҷозӣ) ва собиқ Котиби Генералии СҲШ (солҳои 2016–2018) Рашид Олимов, иҷрокунандаи вазифаи Координатори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои СҲШ Аҳмад Саидмуродзода суханронии ифтитоҳӣ намуданд.
Баъдан роҳбарони ҳайатҳои намояндагони кишварҳо: директори генералии Шуро доир ба корҳои байналмилалиии Ҷумҳурии Ҳиндустон Виджай Тхакур Сингх, ноиби президенти Академияи масъалаҳои байналмилалиии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Жун Ин, намояндаи Маркази таҳқиқоти Осиёи Шарқӣ ва ҲСШ-и Пажуҳишгоҳи таҳқиқоти байналмилалии Институти давлатиии муносибатҳои байналмилалии Маскави Вазорати корҳои хориҷиии Федератсияи Русия, Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия Михаил Конаровский, директори Пажуҳишгоҳи таҳқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Элдор Арипов, директори Шурои мудирони Пажуҳишгоҳи таҳқиқоти стратегиии Исломободи Покистон, сафир Холид Маҳмуд, директори Пажуҳишгоҳи миллии таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Канатбек Азиз суханронии табрикӣ намуданд.
Ҷаласаи 18-уми Форуми СҲШ дар чаҳор сессия доир гардид ва дар онҳо масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифтанд:
- СҲШ ва воқеиятҳои нави ҷаҳонӣ: вазъи кунунии иқтидори посухгӯйии Созмон ба чолишҳои муосир.
- Уфуқҳои стратегии СҲШ дар шароити ташаккулёбии ҷаҳони бисёрқутбӣ.
- Сиёсати амниятии СҲШ дар шароити тағйирёбии шаклҳо, табиат, ҷуғрофиё, миқёси чолишҳо ва таҳдидҳои анъанавӣ ва ғайрианъанавӣ.
- Хатарҳои иттилоотӣ ва шабакавӣ: дарки таҳдидҳо, таҷрибаҳои миллии муқовимат ва механизмҳои табодули таҷриба дар доираи СҲШ.
- Тамоюли нави ҳамкории давлатҳои СҲШ дар шароити нави ҷаҳонӣ: дурнамои рушди фарогири иқтисодӣ, инноватсионӣ ва технологӣ.
- Равандҳои муҳоҷират дар ҳавзаи СҲШ: вазъ ва масоили танзими он;
- Ҳамкориҳои гуманитарӣ дар доираи СҲШ: дастовардҳо, мақом ва нақши илм, маориф ва фарҳанг дар тавсеаи равандҳои ҳамгироӣ.
- Дастовардҳо ва дурнамои ҳамгироии иқтисодӣ дар доираи СҲШ: иттиҳодияи байнибонкӣ, системаи ягонаи молиявӣ, шабакаи ягонаи нақлиётӣ ва системаи ягонаи мониторинги боркашонӣ.
- Ташаккули самтҳои нави ҳамкорӣ дар доираи СҲШ: рушди иқтисоди сабз, энергияи сабз, ҳифзи муҳити зист ва чораҳои пешгирии тағйирёбии иқлим.
Аз ҷониби Тоҷикистон дар сессияи якуми Ҷаласаи Форуми СҲШ таҳти унвони “СҲШ дар шароити воқеияти глобалии нав: вазъи кунунӣ, зарфияти “оилаи СҲШ”, дурнамои рушди он” директори маркази тадқиқоти стратегиии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Форуми СҲШ, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи АМИТ Хайриддин Усмонзода дар мавзуи “Дурнамои ҳамкориҳои марказҳои таҳлилии СҲШ дар шароти тағйирёбандаи низоми ҷаҳонӣ”, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, достори илмҳои сиёсӣ Парвиз Муҳаммадзода дар мавзуи “СҲШ дар воқеияти нави глобалӣ: нигоҳ аз Тоҷикистон”, дар сессияи дуюми Ҷаласаи Форум таҳти унвони “Самтҳои стратегии СҲШ дар шароити ташаккули ҷаҳони бисёрқутба” профессори кафедраи минтақашиносӣ ва сиёсати беруниии Донишгоҳи (славянии) Русияву Тоҷикистон Гузел Майтдинова дар мавзуи “Ҳамгироии Созмони Ҳамкории Шанхай, “Як камарбанд, як роҳ”, Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё, стратегияҳои миллии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шароити ҷаҳонсозиии нав: самтгирии стратегӣ, зарфият ва дурнамо”, дар сессияи чаҳорум таҳти унвони “Тамаюлҳои нав дар ҳамкориҳои давлатҳои узви СҲШ дар шароити низоми нави ҷаҳонӣ: дурнамои фарогири рушди иқтисодӣ, инноватсионӣ, технологӣ ва башардӯстона” доктори илмҳои иқтисодӣ, мудири шуъбаи таҳқиқоти назариявӣ ва муносибатҳои байналмилалии Пажуҳишгоҳи иқтисодиёт ва демографияи АМИТ Мавзуна Каримова дар мавзуи “Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои узви СҲШ дар таъмини амнияти озуқаворӣ” суханронӣ намуданд.
Иштирокчиёни ҷаласаи Форуми СҲШ дар ҳар як сессия андешаҳои худро пиромуни маърузаҳои ироашуда иброз намуда, вазъ ва дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои давлатҳои узви СҲШ-ро мавриди таҳлил ва арзёбӣ қарор доданд.
Муовини Котиби генералии СҲШ Шуҳрат Собирзода зимни суханронии худ дар бораи ҳамоҳангсозии амалу фаъолият, табодули иттилоот ва расонидани кумакҳои ҳамдигарӣ, муборизаи дастаҷамъӣ ба муқобили терроризму ифротгароӣ, мустаҳкам намудани ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои сиёсиву амниятӣ, иқтисодиёту тиҷорат, амалисозии самарабахши зарфиятҳои иқтисодӣ, транзитию нақлиётӣ, тандурустӣ, фарҳанг, маориф ва сайёҳии кишварҳои узви СҲШ ибрози андеша намуд ва ба кори Ҷаласаи 18-уми Форуми СҲШ баҳои баланд дод.
Дар фарҷоми ҳамоиш аз ҷониби сардорони ҳайати намояндагони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай протоколи ҷамъбастии Ҷаласаи 18-уми Форуми СҲШ имзо гардид.
Ҷаласаи 18-уми СҲШ-ро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода натиҷагирӣ ва ҷамъбаст карда, ба иштирокчиёни ҳамоиш изҳори сипос намуд ва изҳори боварӣ кард, ки ҳамоиши баргузоршуда барои рушду густариши ҳамкориҳои судманди минбаъдаи байни кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай мусоидат хоҳад кард.
Дар ҳошияи Форуми СҲШ роҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор роҳбарони ҳайатҳои намояндагони кишварҳои узви СҲШ мулоқоти дуҷониба анҷом доданд. Инчунин, байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти тадқиқоти стратегии Ҷумҳурии Беларус Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид.
Дар охири ҳамоиш маросими вогузор намудани раёсати Форуми ШОС доир шуд. Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Форуми СҲШ Хайриддин Усмонзода ба таври тантанавӣ рамзи Форуми СҲШ-ро ба директори Пажуҳишгоҳи таҳқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Элдор Орипов супорид. Ҷониби Ӯзбекистон солҳои 2023-2024 раёсати ин созмони бонуфузро ба уҳда дорад.
Пас аз анҷоми ҳамоиш иштирокчиёни Ҷаласаи 18-уми Форуми СҲШ ба шаҳри Роғун сафар намуда, ба рафти сохтмони иншооти бузурги аср– Неругоҳи барқи обии “Роғун” шинос шуданд ва бо таассуроти бузург ба шаҳри Душанбе баргаштанд.
Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии
назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон