Рӯзи 25 ноябри соли 2022 ҷаласаи ҳисоботии Шӯрои илмию методии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои илмию методии Марказ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Парвиз Муҳаммадзода  ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки тибқи рӯзнома дар ҷаласа масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор мегиранд:

  1. Ҳисобот доир ба натиҷаҳои фаъолияти илмию таҳқиқотии раёсатҳои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022.
  2. Нақшаи фаъолияти корҳои илмию таҳқиқотии раёсатҳои Марказ барои соли 2023.

         Сипас сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иқтимоӣ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Абдураҳмон Қурбонов дар мавзуи кори илмию таҳқиқотии Раёсат: “Самтҳо ва ҳадафҳои асосии сиёсати иҷтимоӣ дар шароити кунунӣ: мушкилот ва дурнамо”, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилӣ, номзади илмҳои таърих Сайҳомид Шарипов дар мавзуи кори илмию таҳқиқотии Раёсат: “Технологияи сиёсии таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди ҳамкориҳои ҳокимияти давлатӣ бо воситаҳои ахбори омма”, сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавӣ Имомназар Каримиён дар мавзуи кори илмию таҳқиқотии Раёсат: “Самтҳои стратегии модернизасияи истеҳсолоти саноатӣ”, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷӣ Маъруф Абдуҷабборов дар мавзуи кори илмию таҳқиқотии Раёсат: Самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи нави рушди давлатдории миллӣ: ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба”, муовини сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ ва инкишофи бахши  хусусӣ Аниса Содиқова дар мавзуи кори илмию таҳқиқотии Раёсат: Заминаҳои ташаккули инфрасохтори соҳибкориии инноватсионӣ”, сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавӣ Комрон Ҳидоятзода дар мавзуи кори илмию таҳқиқотии Раёсат: “Раванди ташаккули система ва масоили таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ”, муовини сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодӣ Рустамҷони Сайдуллои Қузратзода дар мавзуи кори илмию таҳқиқотии Раёсат: “Мониторинги амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ” ва муовини сардори Раёсати таъминоти иттилоотӣ Валиҷон Олимзода дар бораи фаъолияти солонаи Раёсат мухтасаран гузориш ироа намуда, ба саволҳои ҳозирин посухҳои қаноатбахш доданд. Дар бораи корҳои илмию таҳқиқотии ҳар як раёсати Марказ тақризҳои муқарризони берунӣ ба самъи ҳозирин расонида шуданд.        

Дар ҷаласа зимнан таъкид гардид, ки гузоришҳои иттилоотӣ аз семинару конфронсу мизҳои гирд ва дигар чорабинҳои илмии Марказ дар васоити ахбори оммаи давлатӣ ва фазои маҷозӣ ба таври васеъ инъикос шуда, ҳамчунин, хабари баргузории онҳо дар сомонаи Марказ сари вақт гузошта шудаанд. Дар баробари ин, кормандони Марказ дар конфронсу ҳамоишҳо, семинару маҳфилҳо, мизҳои гирд, ки аз ҷониби созмонҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ доир шуданд, ширкат варзида, бо маърузаҳои илмӣ суханронӣ намуданд.

Музокирачиён дар қатори аҳаммият ва арзиши корҳои илмию таҳқиқотии анҷомдодаи раёсатҳои номбурда камбудиву норасоиҳоро зикр намуданд ва барои пешрафти фаъолият тавсияҳои муфид доданд. Аъзои Шӯрои илмию методии Марказ пиромуни  фаъолияти илмию таҳқиқотии Марказ дар соли 2022 фикру андешаҳои судманд иброз намуданд. Ҳамзамон, дар кори Шӯрои илмию методӣ нақшаи корҳои илмиву таҳқиқотии Марказ барои соли 2023 баррасӣ ва муҳокима гардид.

Ҷаласаи Шӯрои илмию методии Марказро муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои илмию методии Марказ Парвиз Муҳаммадзода, муовини директори Марказ Саодат Ҷӯрахонзода ва котиби илмии Марказ Рухшона Одилова ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карданд.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед