Рӯзи 6-уми декабри соли 2024 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсияи илмӣ- амалӣ таҳти унвони “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва нақши он дар таҳкими ваҳдату якпорчагии миллат” баргузор гардид.

Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ муовини директори Марказ номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ораз Муртазозода ифтитоҳ намуда, мухтасар доир ба сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масири рушди бомароми мамлакат иттилоъ дод ва таъкид намуд, ки ҷавҳари асосии барномаю ҳадафҳои ҲХДТ-ро ормонҳои миллӣ, таҳкими арзишҳои демократӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллии кишвар дар шароити пуртазоди минтақа ва ҷаҳон ташкил медиҳад.

Сипас Роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хонзода Абдураҳмон Умар дар мавзуи “Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташаккули давлатдории миллӣ” суханронӣ намуда, иброз дошт, ки ҲХДТ ба унвони мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътироф шудааст. Инчунин, тамоми дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсули рисолати сарнавиштсози Роҳбари сиёсии ҲХДТ мебошад.

Зикр гардид, ки маҳз Раиси ҳизб, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки дар ҳама шароит дар паҳлуи мардум бошанд ва афзалиятҳои умумимиллиро дар фаъолияти гуногунсамтаи худ амалӣ намоянд, ки ин маҳбубиятҳо дар байни мардум эҳтироми беандозаро нисбат ба Пешвои миллат ба вуҷуд овардааст. Дар шароити имрӯзаи пур аз ҳаводиси ҷаҳон, Президенти кишвар ва роҳбарияти олии ҲХДТ саъю кӯшиш доранд,ки як давлати мутамаркази пешрафтаву қодир барои иҷрои сиёсатҳои созандагӣ ва мардуми эътиқодманд ба зарурати тавсеаи иқтисодӣ дошта бошем.

Таи 33 соли Истиқлолияти давлатӣ барои расидан ба ҳадафҳои волои миллӣ ҲХДТ дар асоси таҷрубаи кишварҳои пешрафтаи дунё, вазифаи асосии худ медонад, ки ба мақсади таъсиси давлати қудратманди мутамарказ, як силсила барномаҳои мушаххаси стратегиро дар бахши иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг ва ғайра қабул намояд.

Дар идомаи маҷлис номзади илмҳои фалсафа, котиби матбуотии Марказ Рамазонӣ Давлатов дар мавзуи “Нақши ҲХДТ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ ва суботи ҷомеа” баромад намуда, қайд намуд, ки дар саҳифаи истиқлолиятёбии комили Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ҲХДТ, ки бевосита бо ташаббусу роҳнамоии маънавию ғоявии Пешвои миллат ташаккул ёфт, хеле бузургу нотакрор аст. ҲХДТ дар шароити мушкили ҳаёти ҷамъиятии Тоҷикистон ташаккул ёфта, бо сайъу талошҳои пайвастаи сарварии сиёсии худ дар роҳи таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, эҷоди низоми мукаммали давлатдории миллӣ, таъмини рушди муътадили тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дар байни сокинони мамлакатамон сазовори эҳтирому арзёбии шоиста гардид.

Халқи тоҷик ба Пешвои хеш ба сифати дармонбахши дарди миллат ва бунёдгузори воқеии сулҳу ваҳдат менигарад ва ин амал аз сафарҳои Президенти кишвар ба дилхоҳ гӯшаву канори мамлакат ба хубӣ ҳувайдост.

Роҳбари сиёсии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муттаҳидсозии миллат, ҳалли буҳрони сиёсӣ дар кишвар, бунёди давлати миллӣ, эъмори сохти конститутсионӣ, барқарор намудани иқтисоди харобгардида, эҷоди фазои баробарҳуқуқӣ, ироаи пешниҳоду таклифҳои шоён аз минбарҳои баланд, аз ҷумла минбари Созмони Милали Муттаҳид доир ба соҳаи об, ҳифзи муҳити зист, алоқаманд набудани дини мубини ислом бо терроризму ифротгароӣ ва дигар ташаббусҳои созандаи худ дар самту арсаҳои мухталиф ,ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳони маъруфият пайдо намуданд.

Бахусус, таъкид шуд, ки 24 сентябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар Мубоҳисаҳои умумии 79-уми Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид таваҷҷуҳи иштирокдорони ҳамоишро ба вазъи хеле ҳассосу мураккаби ҷаҳон ҷалб намуда, таъкид доштанд, ки равандҳои пуртазоди геосиёсӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, шиддат гирифтани ҷанги сард, низоъҳои мусаллаҳона, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва дигар хатару таҳдидҳои глобалӣ, бешубҳа, оқибатҳои манфиро ба ҳаёти инсон зам мекунанд.

Бояд таъкид намуд, ки масоили мубрами аҳли сайёраро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мавриди таваҷҷуҳи хос қарор дода, пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милалли Муттаҳид “ Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул карда шавад.

Ин пешниҳоди нави Президенти Тоҷикистон дар ҳамоиши сатҳи баланди Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид заминаҳои саривақтӣ дар дарки масоили мубрами ҷомеа буда, бо ибрози андешаву пешниҳодҳои олимону донишомӯзони мамлакат роҳҳои беҳтар барои пешгирӣ ва мубориза бо чунин хатарҳо кумак хоҳад расонд. Ҳамин муҳаббату дилбастагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки имрӯз чун роҳбари дилсӯз ва тарғибгари сулҳу амонӣ ва дӯстии халқҳо ном баровардаанд.

Мавсуф изҳори назар намуд, ки «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ном гирифтани ин пешниҳод бори дигар далели он мебошад, ки тамоми талошу заҳматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо ба хотири ояндаи дурахшони насли наврасу ҷавон мебошад. Хулоса, ин нуктаро Роҳбари олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайваста хотирнишон намуда, даъват ба амал меоранд, то дастовардҳои Ваҳдати миллиро ҳифз намоем ва Ватани азизамонро ободу зебо карда, барои наслҳои оянда як мамлакати пешрафтаву обод ба мерос гузорем.

Дар хотимаи ҳамоиш Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Қурбонзода Убайдулло, муовинони директори Маркази тадқиқоти стратегӣ номзади илмҳои иқтисодӣ Саодат Ҷӯрахонзода ва доктори илмҳои сиёсатшиносӣ Лоҳутӣ Шарифзода ба музокира баромада, вобаста ба нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ, рушди тафаккури шаҳрвандон ва нақши Пешвои миллат дар баланд бардоштани эҳёи арзишҳои миллию маънавӣ изҳори андеша намуданд.

Ҳамоишро муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ораз Муртазозода ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда, ба иштирокчиёни ҳамоиш барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд.

Ҳамоиш дар руҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда анҷом ёфт.

Хадамоти матбуотии МТС-и назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед