Барои мавҷудоти соҳибтафаккур таъмини суботу амният ва дастрасӣ ба ниёзҳову қонеъгардонии талаботҳо масъалаи авлавиятнок ба ҳисоб меравад. Аз оғози пайдоиш то асри муосир инсоният ҳамеша бар он кӯшиш намуда, ки ба василаи қонеъ намудани талаботҳо ва ҳифзи манфиатҳо мавҷудияту бақодории худро дар арсаи ҷаҳон таъмин намояд. Дар ин раванд яке аз василаҳои муҳими таъмини бақодории инсоният маҳз истиқлолу озодӣ аст, ки халқу миллатҳо барои ба даст овардани он мубориза ва ҷоннисориҳои зиёд намудаанд. Таърихи сиёсии Тоҷикистон ва раванди ҳифзу таҳкими истиқлолияти давлатӣ бозгӯи андешаҳои болост.

Истиқлолияти сиёсӣ дар рушди давлати миллӣ, ҳифзи арзишҳои таърихӣ ва фарҳангиву миллӣ, тамаддун ва бақои физикиву биологии миллат нақши калидӣ дорад. Аз ин ҷост, ки миллатҳо пайваста талош менамоянд, ки истиқлолияти сиёсии худро ҳифз ва таҳким бахшида, рушди устувори давлатро таъмин намоянд.

Ҳифзу таҳкими истиқлолият аз ба даст овардани он душвортар аст!

Таърихи муборизаи миллатҳо барои ноил гардидан ба истиқлолу озодӣ ва раванди таҳким ва устуворгардонии пояҳои истиқлолият нишон медиҳад, ки ҳифзу таҳкими истиқлолияти давлатӣ аз ба даст овардани он душвортар аст. Зеро, агар дар раванди истиқлолхоҳӣ як муборизаи умумӣ кифоя бошад, пас раванди ҳифз ва таҳкими истиқлоли давлатӣ маҷмӯи барномарезиҳо, дидгоҳҳои стратегӣ, иродаи сиёсӣ ва ҳувияти қавии миллиро тақозо менамояд. Албатта, дар раванди ҳифзу таҳкими истиқлолияти давлат омилҳои гуногун нақши муҳим доранд вале, илмҳои сиёсӣ ва таҷрибаи давлатҳо собит намудаанд, ки дар ҳифзи истиқлоли сиёсӣ ва мавҷудияту бақои давлат сарвари сиёсӣ ҷойгоҳи асосӣ дорад. Маҳз фаъолияти ҷудонопазир аз хиради сарвари сиёсӣ имкон фароҳам меорад, ки манфиатҳои миллӣ дар сатҳи зарурӣ ҳимоя карда шавад.

Таҳлили раванди бунёд ва ҳифзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, дунявӣ, ягона, демократӣ ва ҳуқуқбунёд нишон медиҳад, ки дар ин масир нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Таъкид намудан зарур аст, ки ҳар лаҳзаи фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогири арзишҳои бузург ва ташаббусҳои созанда дар роҳи таҳкими истиқлолият ва устувории Тоҷикистон аст. Барои дарки масъалаи мазкур ба хонандаи соҳибандеша чанд ҳақиқати инкорнашаванда ва чанд ташаббусу барномарезиҳои стратегии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро иброз доштан муҳим аст, ки дар таҳким истиқлолияти давлат ва устувории Тоҷикистон нақши бунёдии худро гузоштанд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти мардумӣ истиқлоли сиёсии Тоҷикистонро ҳифз намуд!

Таърихи сиёсии кишвар ва марҳилаи аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон гувоҳ аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти мардумӣ дар ҳифзи Истиқлоли сиёсии Тоҷикистон нақши калидии худро гузошт. Ба ҳама маълум аст, ки миллати тоҷик баъд аз ҳазорсоли бедавлатӣ соҳиби давлати мустақил гардид ва баробари эълони Истиқлоли давлат ба вартаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Воқеан дар он вақт давлати тозаистиқлол дар ҳолати нобудӣ ва миллат дар ҳолати парокандашавӣ қарор дошт. Зуҳури таҳдидҳо, манфиатҷӯии гурӯҳҳои мухталиф ва идомаи низоъҳо ҳамоно сарнавишти ояндаи давлатро норавшаван ва истиқлоли сиёсиро зери хатари ҷиддӣ қарор дода буданд. Буҳрони сиёсии ба вуҷуд омада вуруди шахсияти соҳибхирад, огоҳ, андешаманд ва далеру шуҷоъро тақозо менамуд, ки тавонад бо корнамоии худ миллатро аз парокандагӣ ва истиқлоли давлатро аз нобудӣ ҳифз намояд. Чунин шахсияти сатҳи миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки бо омадани худ аввалин талошҳоро барои ҳифзи Истиқлоли сиёсии Тоҷикистон анҷом дод, ки дар ин раванд муваффақ ҳам гардид. Вакилони халқ дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, ки аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардида, дар ин Иҷлосия аксарияти вакилони халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба сифати Раиси Шӯрои Олӣ интихоб намудаданд. Бояд қайд намуд, ки дар чунин марҳилаи ҳасос ва душвор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабл аз ҳама ҳамчун насли огоҳи миллати тоҷик рисолат ва вазифаи миллии худро дар назди наслҳои гузашта, имрӯза ва оянда ба анҷом расонид. Яъне, Роҳбари давлат дар саргаҳи фаъолияти худ ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳимми давлату миллатро гузошт ва ба ин васила Истиқлоли сиёсии Тоҷикистонро ҳифз намуд.

Андешаи “Ман ба шумо сулҳ меорам”-и муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шиори холӣ набуд балки, як воқеияти бузург ва як талоши самарабахш гардид!

Бояд қайд намуд, ки дар он лаҳзаи душвор масъалаи барқарории сулҳу ваҳдат дар рӯзномаи кории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт. Роҳбари давлат бо андешаи барқарории сулҳу ваҳдат ба саҳнаи сиёсати миллат ворид гардида, фаъолияти худро оғоз намуд. Дар ҳақиқат, иброз доштани “Ман ба шумо сулҳ меорам”-и муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомаи амал пӯшид. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки ҳамоно бо шиддат ва харобкории азим идома дошт ва садҳо нафар куштаву ҳазорҳои дигар гуреза гардида буданд, шахсиятҳои алоҳида ва гурӯҳҳои бадхоҳи миллат дар байни ҷомеа таблиғотеро роҳандозӣ намуда буданд, ки ҳадафи он ночиз нишон додани фаъолияти Сарвари давлат буд. Вале, ҳақиқати зиндагӣ нишон дод, ки андешаи “Ман ба шумо сулҳ меорам”-и Эмомалӣ Раҳмон шиори холӣ набуд балки, як воқеияти бузург ва як талоши самарабахш гардид.

Бояд таъкид намуд, ки дар марҳалаи даргириҳо ва авҷи низоъ дар мамлакат ва ҳамзамон дастгирӣ ёфтани нерӯҳои бадхоҳ аз ҷониби қудратҳои хориҷӣ барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ ва таъмини амнияти миллӣ кори мушкил буд. Ҳанӯз аз давраи аввали ба сифати Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардидан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи таъмини амнияти шахс, ҷомеа ва давлат аҳамияти ҷиддӣ зоҳир менамуд. Барои тасдиқи ин андеша садҳо далел мавҷуд аст, вале дар ин ҷо овардани ду нукта кифоя аст, ки талошҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини амнияти миллӣ дарк карда шавад. Якум, дар шароити ҷанги шаҳрвандӣ, ки беш аз як миллион аҳолии Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла ба Афғонистон гуреза шуда буданд, Президенти кишвар мақсади охирон фарди гурезаро ба ватан баргардониданро дошт. Ва барои таҳаққуқи ин ҳадаф талошҳоеро анҷом дод, ки ба ҷони худ хатар эҷод мекард. Замони ба Афғонистони ҷангзада сафар намудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳеҷ ниҳод амнияти худи Роҳбари давлатро кафолат намедод. Вале, эҳсоси ватандӯстӣ ва ғояи инсондӯстӣ Роҳбари давлатро ба дохили хатар барои ҳифзи шаҳрвандон мебурд. Маҳз бо чунин кӯшишҳо тамоми гурезагон ба ягонаи такягоҳ ва охирин сарпаноҳ Тоҷикистон баргаштанд. Дуюм сиёсатгузории сулҳмеҳвар ва инсонпарвари Эмомалӣ Раҳмон боис гардидааст, ки Тоҷикистон дар раддабандиҳои ҷаҳонӣ дар сархати амнтарин кишварҳои ҷаҳон қарор гирад. Имрӯз ҳар як инсон ва шаҳрванде, ки дар Тоҷикистон қарор дорад дар дилхоҳ вақт эҳсоси амнияту оромӣ мекунад ва давлат ҳам кафили ҳамин суботу амнияти шаҳврандон аст.

Ҷонфидоӣ, талошҳо ва ҷасорати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омиле гардид, ки суботу ҳамгироии миллӣ дар давлат барқарор гардида, ваҳдати миллӣ тантана ёбад. Имрӯз дар фазои субот, амнияти миллӣ, ҳамгироӣ ва ваҳдату якдилӣ рушд намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон самараи фаъолияти сулҳофаринии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Барномаррезиҳои стратегии Пешвои миллат ва таъмини рушди устувори Тоҷикистон

Пас аз он, ки 27 июни соли 1997 дар кишвар сулҳу субот барқарор гардид, масъалаи бартараф намудани харобаҳои ҷанг ва баромадан аз буҳрони шадиди иқтисодӣ ва ҳамзамон таъмин намудани шароити зиндагии арзанда барои аҳолии кишвар дар авлавияти сиёсатгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт. Мувофиқи оморҳо дар аввали солҳои 2000 тақрибан 80%-и аҳолии кишвар дар ҳолати камбизоатӣ қарор дошт. Мушкилоти дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ ба миён омада, Роҳбари давлатро водор менамуд, ки бо қабули стратегия ва барномаҳои махсус мушкилоти мавҷударо ҳал намояд. Бо ин мақсад Ҳукумати мамлакат се ҳадафи старатегӣ-баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва расидан ба истиқлолӣ энергетикиро қабул намуд. Таҳлилҳои имрӯз ва воқеияти рушди кишвар нишон медиҳад, ки ҳадафҳои гузошташуда амалӣ гардида, таъсири худро дар рушди Тоҷикистон ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум гузоштанд.

Масалан, бунёд ва азнавсозии роҳу нақбҳо, ки то имрӯз дар мамлкат идома доранд, мушкилоти коммуникатсиониро пурра ҳал намуда, Тоҷикистонро ба кишвари транзитӣ табдил дод. Ҳамчунин, дар ҷумҳурӣ корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ташкил ва бозсозӣ гардида, заминҳои бекорхобида мавриди истифода қарор гирифтанд ва дар ин замина соҳаи кишоварзӣ рушд дода шуд, ки он ҳам дар таъмини амнияти озуқаворӣ нақши худро гузошта истодааст.

Дар самти расидан ба истиқлоли энергетикӣ дар мамлакат як қатор нерӯгоҳҳои барқии обӣ бунёд карда шуданд, ки ҳам амнияти энергетикии мамлакатро таъмин намуданд ва ҳам дар пешрафти корхонаҳои саноатӣ мусоидат намуданд. Махсусан, бунёди Нерӯгоҳи барқии обии Роғун ва ба истифода додани ду чархаи он, яке аз муҳимтарин корнамоии таърихии Эмомалӣ Раҳмон баҳогузорӣ карда мешавад. Ин воқеиятест, ки инкорнашаванда аст. Доираҳои фикрӣ гувоҳанд, ки нақшаи бунёди НБО Роғун-ро ҳанӯз давлати абарқудрати Шӯравӣ роҳандозӣ намуда, ба анҷоми сохтмони ба он натавонист ноил гардад. Ин ормон ва ҳадафи миллӣ маҳз бо талош ва фаъолияти Эмомлаӣ Раҳмон амалӣ гардида истодааст. Дар натиҷаи чунин иқдомҳо имрӯз сатҳи камбизоатӣ дар кишвар то 26% поён фароварда шудааст, ки дар муқоиса ба соли 2000 дастоварди хеле бузург ба шумор меравад. Зимнан, ҳоло дар ҷумҳурӣ ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар роҳандозӣ гардидааст, ки татбиқи ин ҳадаф имкон медиҳад, рушди сифатии Тоҷикистон таъмин карда шавад.

Рушди сиёсати хориҷӣ ва ташаббусҳои бузурги Пешвои миллат дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ

Новобаста аз он, ки дар марҳилаи аввали соҳибистиқлолӣ давлат ба мушкилоти дохилӣ рӯ ба рӯ гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати махсус зоҳир намуданд. Дар ҷаҳони муосир яке аз принсипҳои асосии ба дастовардани Истиқлолияти давлатӣ ин аст, ки давлат бояд аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофи умумиро соҳиб гардад ва истиқлолияти худро машруият бахшад. Дар сиёсати байналмилалӣ эътироф гардидани истиқлолияти як давлат аз ҷониби давлатҳои дигар рӯйдоди муҳимми сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Яъне, танҳо бо эълони Истиқлолият наметавон, ки пояҳои онро таҳким бахшид. Аз ҳамин хотир амалӣ гардонидани маҷмӯи чорабиниҳо дар самти таҳкими истиқлолияти давлатӣ муҳим арзёбӣ карда мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин маротиба 29 сентябри соли 1993 дар минбари бонуфузтарину бузургтарин ташкилоти байналмилалӣ Созмони Милали Муттаҳид сухнаронӣ намуда, мақсаду маром, ҳадафу барнома ва моҳияти давлатдории миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуданд.

Мувофиқи Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои кушода», сулҳхоҳона ва беғараз буда, зимни татбиқи он, Тоҷикистон омодааст бо ҳамаи давлатҳои ҷаҳон робитаҳои дӯстона ва эътирофи манфиатҳои тарафайнро дар асоси эҳтироми ҳамдигар, баробарӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд  рушд диҳад. Пайгирии чунин сиёсат ба кишвари мо имкон дод, ки дар як муддати кӯтоҳ ҳамкориҳоро бо кишварҳои гуногун ва ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ густариш диҳад. Гузашти солҳо ва натиҷаи татбиқи сиёсати “дарҳои кушода” собит намуд, ки дар сиёсати хориҷии кишвар меҳвар қарор додани он кори хирадмандона ва дурандешона будааст. Зеро имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бузургтарин созмонҳои ҷаҳонӣ аз қабили СММ ҳамкорӣ дошта, барномаҳои мушаххасу муштаракро амалӣ мегардонад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки ҷиҳати таҳким ва тақвияти истиқлолияти давлатӣ бо давлатҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ ҳамкориҳо ба роҳ монад. Натиҷаи сиёсатгузориҳои арзишманди Пешвои миллат буд, ки имрӯз истиқлоли кишвари моро беш аз 192 давлати ҷаҳон эътироф намуда, Тоҷикистон бо беш аз 180 давлат робитаҳои дипломатиро барқарор намудааст. Дар баробари ин бонуфузтарин созмонҳои байналмилалӣ Истиқлолияти сиёсии Тоҷикистонро эътироф намудаанд ва Тоҷикистон узви комилҳуқуқи онҳо мебошад. Бояд зикр намуд, ки айни ҳол Тоҷикистон узви комилҳуқуқи 57 созмонҳои минтақавию байналмиалӣ мебошад. Масалан, кишвари мо 2 марти соли 1992 узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид гардида барои тақвияти ҳамкориҳо бо сохторҳои таркибии ин ниҳоди бонуфузи байналмилалӣ шароит фароҳам орад.

Зимнан, дар ин муддат мактаби дипломатияи миллӣ ташаккул дода шуд, ки имрӯз дар омода намудани кадрҳои баландихтисос нақши муассир дорад.

Раёсати Тоҷикистон дар созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дастоварди дигари фаъолияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти сиёсати хориҷии кишвар аст. Маҳз дар натиҷаи ҳамин корнамоиҳои Сарвари давлат имрӯз дар Тоҷикистон модели дипламатияи миллӣ ташаккул ёфт.

Дар баробари рушди сиёсати хориҷӣ ва ташккули мактаби муосир дипломатии тоҷикон муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон бо пешниҳод ва ташаббусҳои байналмилалии худ тавонистанд, ки аз як тараф ба таҳкими истиқлоли давлатӣ ва шинохти ҷаҳонии давлати миллии тоҷикон муваффақ гардида, ҳамзамон дар ҳалли мушкилоти ҷаҳони муосир саҳми бузурги худро гузорад. Пешниҳоди ташаббусҳои ҷаҳонӣ аз ҷумла, пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии СММ 1 октябри 1999 – эълон намудани соли 2003 – Соли оби тоза ва дар асоси ин ташаббус эълон гардидани соли 2003 ҳамчун “Соли байналмилалии оби тоза”, эълон гардидани солҳои 2005-2015 ҳамчун даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, эълони солҳои 2018-2028 даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” ва ғайра ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки аз ҷониби кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф ва ҷонибдорӣ гардид.

Ҳифзи дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол вазифаи миллӣ ва рисолати ватандории ҳар як шаҳрванд аст!

Ҳамин тариқ, раванди ҳифз ва таҳкими истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди кишвар дар муддати 31 сол ба фаъолияти шабонарӯзии пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагии амиқ дорад. Барномарезиҳои стратегиву андешамандонаи Роҳбарияти олии кишвар давлатро аз хатари нобудӣ ва миллатро аз парокандашавӣ наҷот дода, устувории Тоҷикистон ва истиқлолияти миллиро таҳким ва ҳифз намуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун срвари сиёсии хирадсолор ормони ҳазорсолаи миллати тоҷикро ҳимоя намуда, давлатро ба марҳилаи рушди устувори иқтисодӣ ворид намуд, ки ин бузургтарин дастоварди таърихии мо ва арзишмандтарин неъмат аст.

Тавре маълум аст, ҷаҳони муосир бо мушкилот ва таҳдидҳои бузург мувоҷеҳ аст. Афзоиши хатару таҳдидҳои терроризму ифротгароии байналмилалӣ, манфиатҷӯии давлатҳои абарқудрат, рақобатҳои шадиди геополитикӣ ва бархурди тамаддунҳо амнияти минтақа ва ҷаҳонро осебпазир гардонидаанд. Чунин шакл гирифтани сиёсати ҷаҳонӣ моро водор менамояд, ки беш аз пеш дар самти ҳифзу таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ диҳем. Зеро имрӯз, ки мо дар фазои орому осуда зиндагӣ дорем ва тамоми шароитҳо барои рушди зиндагии мо фароҳам аст, маҳз самараи соҳибистиқлолии кишвар ва талошҳои созандаи Роҳбари давлат аст. Ояндаи дурахшон ва зиндагии шоистаи миллат ба ҳифзи истиқлолияти давлат ва дастовардҳои он алоқамандии ногусастанӣ дорад. Аз ҳамин лиҳоз имрӯз вазифаи миллии ҳар як тоҷик ва рисолати шаҳрвандии ҳар як тоҷикистонӣ аст, ки дар таҳким Истиқлолияти давлатӣ ва рушди устувори Тоҷикистон саҳми худро гузорад.

Алиназар Ашуров,
муовини сардори Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати хориҷии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед