Мубориза бо ифротгароии динию мазҳабӣ раванди басо нозук ва ҳассос аст. Барои безарар кардани як ифротгаро ҳуҷраи маҳбас кифоят аст, аммо барои ифротгаро нашудани як нафар тамоми қувваи давлат: оила, мактаб, маориф, воситаҳои ахбори омма, масҷид, коргоҳ, неруи ҳарбӣ, тасмимҳои амниятӣ ва ғайра зарур мебошанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки пайваста пайи ҷустуҷӯйи роҳу усули самараноки мубориза бо ифротгароӣ талош меварзад, истифодаи шеваи дуюм, яъне бунёди мактабу рушди маорифро дар сиёсатгузориҳои худ авлавият медиҳад, то ин ки нафаре ифротгаро нашавад. Сиёсати кишвар ба он равона шудааст, ки дину маориф созандаи ҳам бошанд, на хилофи  манфиатҳои умумии давлат. Ба истилоҳи дигар, маорифе, ки ҷомеаро аз ифротгароӣ раҳо бибахшад ва диндорие, ки ба ифротгароӣ набарад.

Тоҷикистон тайи даврони соҳибистиқлолӣ, дар заминаи чунин шеваи сиёсатгузорӣ ба чанд дастовардҳо ноил гардид, ки қадам ба қадам иқтидори кишварро дар ростои мубориза бо ифротгароӣ боз ҳам пурзӯр намуд ва тамоюли тезутунди ба доми ифротгароён афтодани шаҳрвандонро коҳиш дод. Зимнан чанде аз дастоврадҳои меҳвариро дар ин самт, ки даркашон муҳим ва арзише барои арҷ гузоштан доранд, батафсил зикр мекунем.

Якум, таҳияи заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ. Дастоварди бунёдии  кишвар дар самти мубориза бо ифротгароӣ заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба шумор мераванд. Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқиро: аз он ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”,  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм”, Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 – 2020”-ро ба тасвиб расиданд, ки барои муборизаи оштинопазир бурдан бо зуҳуроти номатлуб мусоидат менамоянд.  Бо вуҷуди ин, ҳеҷ як санад дастовард буда наметавонад, агар аз он ҷомеа ва давлат суде ба даст наоварад. Ё агар он натиҷае надиҳад, вале ин аснод аз он зумра нестанд ва дар ҳошияи татбиқи воқеӣ ва дигар усули самараноки мубориза бо ифротгароӣ Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Дуюм, тарҷума ва ба ҳуруфи кириллӣ баргардон намудани китобҳои гаронарзиши динӣ. Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон якчанд маротиба китоби Қуръони маҷид, «Тарҷумаи тафсири Табарӣ», «Саҳеҳи ал-Бухорӣ», “Фиқҳи исломӣ дар асоси мазҳаби ҳанафӣ” ва ғайра бо ҳуруфи кириллӣ ва бо забони тоҷикӣ нашр гардиданд, ки мақсад аз он таъмин намудани дастрасии аҳолӣ бо омӯзиш ва дарки моҳияти амиқи дини ислом ва аз байн бурдани хурофоти динию мазҳабӣ миёни аҳолӣ мебошад. Ибтидои солҳои 2000-ум бисёре аз адабиёти динӣ ба кишвар ворид мегардиданд, ки гӯё хонандаро аз ислом бохабар мекарданд, вале дар асл мазҳабу равияҳои гуногунро пардапӯшона тарғиб менамуданд. Аз ин рӯ, дар он марҳала бо китобҳои асл аз асли дин бохабар кардани омма амали шоиста ва таърихӣ ба шумор мерафт. Имрӯз сокинон имкон доранд, ки ин китобҳоро бевосита мутолиа намуда, мазмуну муҳтавои онҳоро дарк намоянд ва фирефтаи ҳар гуна фитнаҳои мазҳабӣ нашаванд.

Ташаббуси мазкур, ба такомули фарҳанги динӣ ва таҳаммулгароии динӣ миёни аҳолӣ мусоидат намуд.

Сеюм, манъи фаъолияти ҷараёни “Салафия” ва ба қатори ташкилоти ифротӣ ворид кардани он. Тибқи қарори Суди олӣ, аз 8-уми январи соли 2009 бо мақсади пешгирии ҳолатҳои низоъи миллӣ, нажодӣ, динӣ ва паст задани шаъну эътибори миллӣ фаъолияти равияи динии “Салафия” дар қаламрави Тоҷикистон манъ ва декабри соли 2014 ин гурӯҳ ба қатори ҳаракатҳои ифротӣ шомил карда шуд.

Бояд зикр намуд, ки фаъолияти ин равияи ихтилофбарангез, ки ҳадафашон “аз номи ислом бар зидди ислом” аст, дарвоқеъ, ба ҷудоиандозӣ миёни мусалмонон равона шуда, фазои динии кишварро ба буҳрон кашида буд. Салафиён худро пайрави аслии Қуръон ва Ҳадис унвон карда, нисбат ба мазҳабҳои дигар нигоҳу рафтори таҳамлнопазиронаи худро нишон доданд. Хусусан, ихтилофу тафриқаандозии пайравони “Салафия” дар масҷидҳо ва дар тарзи ибодоти мардум бештар аз худ дарак доданд. Ҳатто ин ихтилоф дар сатҳи оилаҳо низ зуҳур кард ва миёни волидайну фарзандони ба салафия гаравида ҷудоӣ ба миён омад. Аз ин рӯ, манъи фаъолияти ҷараёни «Салафия» аз ҷониби Суди Олии Тоҷикистон худ аз худ пайдо нашуда, балки дар заминаи дарки хавфи бузурги ҷамъиятӣ эҷод шудааст. Шурӯъ аз он замон ҳар нафаре, ки ба ин ҷараён мепайвандад ва ба нашру паҳни адабиёти марбут ба он машғул мешавад, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешавад.

Албатта, пеш аз манъи “Салафия” ва баъд низ чандин гурӯҳҳо ва ҳизбу ҳаракатҳо ба ташкилоти террористию экстремистӣ шомил карда шуданд, вале “Салафия” дар ин миён таҳдиду хатари бештар эҷод намуда, баъди ба ҷавобгарӣ кашидани мубаллиғонаш, фаъолияти худро дар байни муҳоҷирони корӣ интиқол дод. Пешгирӣ шудани чунин ҳаракатҳо омили таъмини амну субот дар кишвар мебошанд, зеро мавҷудияти чунин ҳизбҳои ифротгаро мувозинати ақидатию идеологиро метавонанд вайрон карда, заминаро барои ихтилофҳои оянда, аз он ҷумла ихтилофҳои иҷтимоию сиёсӣ дар кишвар фароҳам созанд.

Бинобар ин, манъи “Салафия” қадами басо муҳиме дар самти пешгирии ихтилофу ифрот Тоҷикистон ба шумор меравад.

Чорум, Соли бузургдошти Имоми Аъзам” эълон гардидани соли 2009 ва таҷлили 1310-солагии муассиси мазҳаби ҳанафии дини ислом Имом Абӯҳанифа. Бо дарназардошти хизматҳои таърихии ин мураббии маънавии миллатҳо Пешвои миллат зимни суханронӣ дар маросими таҷлили 17-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки соли 2009 ҳамчун соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон гардад ва 1310-солагии ин шахсияти барҷаста таҷлил карда шавад.

Бояд зикр намуд, ки яке аз ҳадафҳои асосии ин ташаббус аз байн бурдани ихтилофоти динӣ дар ҷомеа буд, зеро он замон дар кишварамон равияҳои тундрави бунёдгароёна пайдо шуданд, ки исломро ба мардум ҷудо аз арзишҳои миллӣ маънидод намуда, бо ин роҳ мехостанд, кинаву адовати динӣ ва низои миллиро дар ҷомеа ба вуҷуд оранд.

Гурӯҳҳои гуногун дини исломро ҳамчун сипар хусусияти сиёсӣ бахшида, баҳри расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ даст ба ифтротгароӣ мезаданд. Вобаста ба ин, Пешвои миллат боисрор таъкид намуданд, ки “барои мо – тоҷикон шинохти чунин шахсияти камназир дар раванди ташаккули худшиносии миллӣ ва инкишофи андешаи миллӣ аҳамияти бузурги ҳаётӣ ва байналмилалӣ дорад. Шинохти комили таърихи ислом бе омӯзиш ва баҳои муносиб додан ба нақши махсуси тоҷикон, аз он ҷумла  бунёдгузори бонуфузтарин мазҳаб дар дини ислом фарзанди арҷманди халқи тоҷик Имом Абӯҳанифа аз имкон берун аст. Аз ин ҷиҳат, исломро аз фарҳанги миллӣ ва фарҳанги миллиро аз ислом ҷудо ҳисобидан хатост”. Ин ташаббус ва чунин мавқеи устувори давлатӣ ба ихтилофи динӣ дар кишвар нуқтаи бузург гузошт. Дар ҳошияи иқдоми мазкур Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалӣ дар мавзӯи «Мероси Абуҳанифа ва аҳамияти он дар муколамаи тамаддунҳо»-ро баргузор кард, ки дар он аз 49 давлати дунё муҳаққиқон иштирок намуданд ва даҳҳо асарҳои арзишманд таҳия, нашр ва мавриди дастрасии омма қарор дода шуданд.

Ин қадами басо дурандешона дар самти мубориза бо ифротгароӣ дар кишвар буд.

Панҷум, баргардонидани донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои динии кишварҳои хориҷ таҳсил менамуданд. Солҳои қабл бисёре аз волидон, бо умеди додани маълумоти хуби динӣ ба фарзандони худ онҳоро бо роҳҳои гуногун ба мадрасаҳои хориҷӣ ва дигар марказҳои таълимии исломӣ мефиристоданд. Мутаассифона, дар аксари ҳолатҳо, наврасони бепарастор на мулло, балки дар роҳи терроризм ва экстремизми динӣ таҳсил намуда, огоҳона ва ё ноогоҳона шомили равияҳои гуногуни ифротӣ шуданд. Ҳатто равияи “Салафия” низ тибқи сарчашмаҳо соли 1998 дар пояи таъсири ҳамин нафароне ба вуҷуд омад, ки дар хориҷи кишвар таҳсили илмии динӣ гирифта буданд. Ҷавонони тоҷик як қатор мактабҳои мазҳабии кишварҳои исломиро хатм карда омада, бо рӯҳонияти суннатӣ дар вонуниш қарор гирифтанд. Ҳукумати мамлакат сари вақт ин воқеият ва пайомади онро дарк намуд ва 20 декабри соли 2010 дар машварати васеи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ин масъала қарори марбута қабул карда шуд. Шурӯъ аз соли 2010 аз мамлакатҳои Миср, Покистон, Яман, Либия, Эрон, Туркия, Арабистони Саудӣ ва ғайра донишҷӯёнеро, ки бо роҳҳои ғайриқонунӣ дар муассисаҳои таҳсилоти динӣ таҳсил мекарданд, ба Ватан баргаронида шуданд. То ин дам аз қаламрави кишварҳои болозикр, ки 3 ҳазору 694 нафар донишҷӯёни Тоҷикистон таълими мазҳабӣ мегирифтанд, беш аз 3 ҳазор донишҷӯ ба ватан баргардонида шуданд. Мувофиқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон то давраи соли 2018 шумораи шаҳрвандоне, ки дар хориҷи кишвар таҳсилоти ғайриқонунии динӣ мегиранд, 289 нафарро ташкил медиҳанд, ки онҳо низ тадриҷан ба ватан бозгардонида мешаванд.

Ҳамзамон, моҳи майи соли 2011 парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қонун “Дар бораи озодии виҷдон” тағйиру иловаҳо кард, ки тибқи он шахсоне, ки дар хориҷа таълимоти динӣ  гирифтан мехоҳанд, бояд ҳатман розигии мақомоти дахлдор – Вазорати маориф ва илм ва Кумитаи корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати кишварро гиранд.

Пеш аз додани иҷозат барои омӯзиши дин дар хориҷи кишвар, мақомоти давлатӣ тавассути намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар бораи донишгоҳ маълумотро оид ба доштан ё надоштани  иҷозатномаи расмӣ, ҷараёни таълим дар донишгоҳ ва дар доираи кадом фанҳо таҳсил намудани донишҷӯйи оянда ва ғайра ҷамъоварӣ мекунанд. Чунин амал барои он зарур аст, ки донишҷӯёни донишгоҳҳои хориҷии исломӣ ба шабакаҳои гурӯҳҳои гуногуни террористӣ ва экстремистӣ ворид нашаванд.

Бо ин роҳ дарвозаи бузург ба рӯйи вуруди селаи ифротгароён ба кишвар баста шуд.

Шашум, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”. Тарбия ва ба камол расондани насли ояндасоз дар ҳама давру замон аз ташкили дурусти оила ва ташаккули маърифати оиладорӣ сарчашма гирифтааст. Агар оила мустаҳкаму пойдор ва аз ҷиҳати маънавию ахлоқӣ солим бошад, ҷамъият ҳам устувор мегардад. Барои он ки дар тафаккури фарзандон ақидаи ғаразноки ҷиноӣ, аз ҷумла, ифротӣ роҳ наёбад, онҳоро бояд тарбия  намуд, то ки ба муқобили падидаҳои манфии ғаразнок устувор ва муқовиматпазир бошанд. Маҳз бо ин мақсад  ва як қатор ҳадафҳои дигари инкишофи таълиму тарбия миёни наврасон ва ҷавонони кишвар 2 августи соли  2011, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардид, ки ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модарро дар таълиму тарбияи фарзандон, ташаккул додани рӯҳияи инсондӯстӣ ва ватандории онҳо боз ҳам баланд мебардорад. Дар моддаи 8-уми қонуни мазкур ӯҳдадориҳои падару модар  дар тарбияи фарзанд дарҷ шудаанд. Дар ин қисмат падару модаронро ҷиҳати пешгирии насли наврас дар даст задан ба ҳар гуна амалҳое, ки ба ифртгароӣ оварда мерасонад, ҳушдор медиҳад. Ҳамчунин, дар моддаи моддаи 9 уҳдадориҳои падару модар  дар таълими фарзанд муқаррар шудаанд, ки тибқи он “ҷалби фарзанд барои гирифтани таълим дар таълимгоҳҳои ғайриқонунӣ ё дар назди шахсони алоҳидаи бе иҷозатнома фаъолияткунанда”  ва “таълими фарзанд дар хориҷи кишвар бе ризояти хаттии мақомоти ваколатдори давлатӣ манъ” карда мешавад. Барои риоя накардани ин банди қонун ҷавобгарӣ муқаррар шудааст.

Механизми мазкур низ таҷрибаи хубе дар самти пешгирии ифротгароӣ дар Тоҷикистон мебошад. Татбиқи қонуни мазкур масъулияти падару модарро дар самти тарбия ва таълими фарзандонашон, пешгирӣ аз шомил шудан ба ҳар гуна равияҳои ифротгаро боз ҳам тақвият дод.

Ҳафтум, баргардонидани ифротгароён аз кишварҳои ҷангзада ва авф намудани онҳо. Даҳсолаи охир аз лиҳози амниятӣ марҳилаи   бисёр мураккаб буд, зеро маҳз дар ҳамин як ҳошияи ками вақт нисбат ба солҳои қаблӣ дараҷаи шомилшавии шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳизбу ҳаркатҳои ифротӣ зиёд ба назар гирифта шуд. Дар ҳамин давра Ховари миёна гирфитори бӯҳрони амиқи сиёсӣ шуд, ва гурӯҳи тундраве дар сарзамини Ироқу Шом ба авҷи қудрати ифротӣ расида, бо роҳу воситаҳои гуногун сокинони аслан ҷавони кишварҳо, аз он ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистонро ба худ ҷалб намуд. Новобаста аз он ки сокинони кишвар чӣ гуна ба ин гурӯҳ шомил шуданд: бо майли худ ва ё зери таъсири фиребу найранг,  Ҳукумати кишвар эълом дошт, ки ҳар нафаре аз гуноҳи худ сидқан пушаймон шуда, ба Ватан бармегардад ва ё хоҳиши баргаштанро мекунад, омода аст, ёрӣ расонад ва гуноҳи онҳоро бибахшад. Ин равиш самараи хеле назаррас дод. Дар ин замина аз хориҷи кишвар зиёда аз 300 нафар шаҳрвандон, ки ҷиҳати пайвастан ба гурӯҳҳои ҷангҷӯёни  террористиву ифротгаро, бахусус “Давлати исломӣ”, ба Ватан баргардонида шуданд. Корҳо дар самти ба Ватан баргардонидани дигар шаҳрвандони кишвар, ки фирефтаи ташвиқоту таблиғоти созмонҳои террористӣ ва тундгаро гашта, дар  минтақаҳои задухӯрдҳои мусаллаҳона қарор доранд, ҳамоно идома доранд.

Чунин шева нисбат ба аъзоёни якчанд ҳизбу ҳаракатҳое низ ба монанди “Гурӯҳи 24”,  “Ҳизби наҳзати исломӣ” ва ғайра пиёда мешаванд, ки онҳо ба қатори ташкилоти террористию экстремистӣ ворид шудаанд. Яъне ҳукумати кишвар имкониятеро барои нафароне додааст, ки аз карда сидқан пушаймон шуда, аз узвият даст кашанд ва дигар дунболи ҳадафҳои ифротӣ нараванд.

Хушбахтона, солҳои охир теъдоди ҷавононе, ки фирефтаи мубаллиғони “Давлати исломӣ” мешаванд, хеле коста шудааст. Ин натиҷаи кори хубу назарраси дастгоҳҳои таблиғотӣ ва дигар тадбирҳои таъсиррасони Ҳукумат ва ҷомеаи Тоҷикистон мебошанд. Яъне тамоми ҷомеаи Тоҷикистон кӯшишҳои зиёд ба харҷ доданд, то дар ин самт ба натиҷаи дилхоҳ бирасанд.

Ин таҷрибаи нодири авф низ усули самараноки коҳиш додани тамоюли ифротгароӣ дар кишвар шуд.

Ҳаштум, баргардонидани кӯдакону наврасони тоҷик аз кишварҳои ҷангзада. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30-юми апрели соли 2019 84 кӯдаку навраси тоҷик аз минтақаҳои ҷангзадаи Шарқи Наздик ба Тоҷикистон баргардонида шуданд. Ин иқдом арзиши баланди миллатдӯстӣ ва нангу номуси миллии роҳбарияти олии ҷумҳуриямонро нишон дод. Бо вуҷуди ин, иқдоми мазкур кӯшиши аввалин нест, қаблан низ чандин наврас аз маконҳои ҷангзадаи Ироқу Сурия ба ватан баргардонида шуда буданд.

Маъмулан, калонсолон аз рӯйи хости худашон, пайрави ин ё он ҳаракати ифротӣ мешаванд ва ба сарзамини кишварҳои ҷангзада мераванд, аммо тифли наврас, ки ҳамроҳи падару модараш рафт ё дар ҳамон ҷо ба дунё омада тарбия ёфт, дар муҳити ҷангу куштору даҳшат ва гуруснагӣ ба воя расид, айбе надорад. Аз ин рӯ, баргардонидани кӯдаконе, ки бо амри тақдир вориди марзи Ироқ гардидаанд, амали солеҳ ва миллатдӯстона мебошад. Ин тадбир тақдири даҳҳо наврасро, ки ҷуз ифротгарову бадбахт каси дигаре ба воя намерасиданд, куллан тағйир дода, соҳибватану бахтёр намуд.

Ҳамин тавр, дар самти пешгирӣ аз ифротгароӣ ва мубориза бо он Тоҷикистон чандн дастовардҳоро  соҳиб гардидааст, ки маҷмӯан, дар ҳошияи фақат як даҳсола сурат гирифтаанд. Ин даҳсоларо метавон авҷи таҳдидҳои ифротӣ ба Тоҷикистон ва авҷи тадбирҳои зиддифротии кишвар номид.Дастовардҳои мазкур ниҳояти сиёсати давлатӣ дар умури амният ва пешгирии ифротгароӣ нестанд. Боз даҳҳо нуктаҳои меҳварии ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти ифротгароӣ номбар кардан мумкин аст, ки хосияти баланди намунаофарӣ доранд. Ҳамин нуктаро бояд зикр намуд, ки муносибати нек ва таҳаммулпарваронаи байниҳамдигарии намояндагони мазҳаби ҳанафӣ  ва шохаи исмоилии ҷомеаи тоҷик яке аз дастовардҳои муҳимми таърихии кишвари мо дар умури дин ва таъмини ҳамзистии осоишта мебошад. Бинобар ин, ҳамеша иттифоқиро чун марги нифоқ, ваҳдатро ҳамчун қотили ваҳшат ва оромиро асли адами нокомӣ бояд ҳифз кард.

 

 

МАЪРУФ Абдуҷабборов, муовини

сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии

сиёсати хориҷии Марказ

Чоп кунед