ДУШАНБЕ, 20.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он ҷиҳати омода будан барои расонидани кумакҳои ҳамаҷониба ба Тоҷикистон ва ҳамчунин ба хонаводаю наздикони фавтидагон ва осебдидагон миннатдорӣ баён кард. Дар ин бора муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ 19 сентябр зимни брифинг дар Душанбе изҳор дошт.

Содиқ Имомӣ ба иштирокчиёни брифинг – намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ва воситаҳои ахбори оммаи ватанию хориҷӣ доир ба хронологияи рӯйдодҳои рӯзҳои охир ва тадбирҳои андешидаи ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ дар минтақаи сарҳадӣ маълумоти муфассал дод.

14-18 сентябр Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон бе ягон сабаб нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти таҷовузкоронаи мусаллаҳона анҷом доданд. Дар ҷараёни ин амалиёти таҷовузкорона ҷониби Қирғизистон аз миномёт, пулемёт ва дигар аслиҳаи оташфишон, ҳавопаймоҳои бесарнишини зарбазанандаи «Байрактар ТБ2» ва симтемаҳои мушакии зарбазананда истифода намуд.

Маълумоти муфассали расмӣ дар бораи амалҳои таҷовузкоронаи Ҷумҳурии Қирғизистон нисбат ба тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хронологияи рӯйдодҳо дар сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон нашр шудааст.

khovar.tj

Чоп кунед