ДУШАНБЕ, 22.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия вобаста ба воқеаҳои охир дар хати сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон изҳороти расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забонҳои англисӣ, русӣ ва туркӣ тарҷума шуда, ба расонаҳои кишвари иқомат фиристода шуд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Манижа МАҚСУД дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анқара хабар доданд.

Дар натиҷа, 21-уми сентябр расонаҳои “Gazete Berlin”, “Gazete Hollywood”, “Gazete Katar”, “Gazete Viyana”, “Rusya Gazetesi” ва “Turk News” дар саҳифаҳои худ мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҷеъ ба амалҳои беандешонаи гурӯҳҳои манфиатҷӯӣ Қирғизистон бо забонҳои туркӣ, русӣ, англисӣ ва зиёда аз 14 забони дигар нашр намуданд.

Ёдовар мешавем, ки 14-18 сентябр Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон бе ягон сабаб нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти таҷовузкоронаи мусаллаҳона анҷом доданд. Дар ҷараёни ин амалиёти таҷовузкорона ҷониби Қирғизистон аз миномёт, пулемёт ва дигар аслиҳаи оташфишон, ҳавопаймоҳои бесарнишини зарбазанандаи «Байрактар ТБ2» ва симтемаҳои мушакии зарбазананда истифода кард.

Маълумоти муфассали расмӣ дар бораи амалҳои таҷовузкоронаи Ҷумҳурии Қирғизистон нисбат ба тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хронологияи рӯйдодҳо дар сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон нашр шудааст.

khovar.tj

Чоп кунед