ДУШАНБЕ, 23.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Намояндагони Ҳукумати қирғиз зери шиори «дузди зӯр соҳиби говро бастааст» амал намуда, аз ҳақиқат дурӣ меҷӯянд ва сарбозону афсарони тоҷикро айбдор мекунанд. Ин роҳи интихобгардида дар шароити қувват пайдо кардани воситаҳои муосири иттилоотӣ ба кор нарафта, ҳама ҷомеаи ҷаҳонӣ огоҳӣ ёфтанд, ки аввал тирпаррониро қирғизҳо шуруъ намуданд ва баъд ҷанг сурат гирифт»,-ингуна ибрози назар намудааст Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА дар шабакаи иҷтимоии Facebook.
Ба андешаи сафир, тоҷикон дар тӯли таърих ҳеҷ гоҳ ба муқобили қавму миллате ҷанг накардаанд, хуни ноҳақ нарехтаанд ва лашкаркашу ҷангҷӯ набудаанд. Ин хислатҳои ҳамидаи халқи тоҷик дар бисёре аз сарчашмаҳо ва таърихномаҳо таъкид шудаанд. Тоҷикон аз қадим мардуми китобдор ва бо илму ирфон буданд ва ин анъанаи некро то имрӯз идома медиҳанд.
«То ду даҳсола пеш ду халқ дар ҳамзистӣ умр ба сар бурда, ба ҳамдигар кумак мекарданд, аз бозорҳои ҳамдигар истифода менамуданд, роҳҳоро муштарак бунёд ва таъмир мекарданд, чорабиниҳои фарҳангӣ мегузарониданд ва барои таҳкими дӯстиву ҳамсоягӣ талош меварзиданд. Пас, чаро имрӯз қирғизҳо аз тоҷикон душман тарошида, бо ҳамсоягони худ даст ба ҷанг мезананд, бо роҳи дипломатӣ масъалаҳои марзиву сарҳадиро ҳал кардан намехоҳанд. Сабабҳои ин гуна нафрату адовати онҳоро аз роҳбарияти кунунии Қирғизистон бояд пурсид»- зикр менамояд А. Раҳмонзода.
Ба гуфтаи ӯ, роҳбарияти Қирғизистонро зарур аст, ки ба ҷойи гунаҳкор ҷустан ва мардуми тоҷику Роҳбарияти олии сиёсии онро сиёҳ кардан бояд ҳарчи зудтар роҳи муколамаро пайдо намояд ва барои расидан ба сулҳ талош варзад.
«Бо иллати сиёсати яктарафаи роҳбарони имрӯзаи Қирғизистон мардуми осоишта, ки дар фазои дӯстиву ҳамсоягӣ умр ба сар мебурданд, тайи чанд соли охир аст, ки ба душманони ҳақиқӣ табдил ёфта истодаанд, дар пайи озори ҳамдигар талош доранд ва рақиби ҳамдигар гардидаанд. Ҳол он ки Ҳукумати ин кишвар метавонад бо роҳи осоишта сари музокирот нишинад ва масъалаҳои ҳудудиву марзиро дар асоси сарчашмаҳои таърихиву ҳуҷҷатҳои мавҷуда ҳал намояд ва ба ҷангу ҷидол ва хонасӯзиву хонавайронкунӣ хотима бахшад», — мегӯяд сафири Тоҷикистон.
Абдуҷаббор Раҳмонзода даъват менамояд, то ки танҳо бо роҳи осоишта масъалаҳои марзиву сарҳадӣ баррасӣ шаванд ва барои тамоми маҳаллаҳои тоҷикинишин шароити ҳамлу нақли молу маҳсулот фароҳам оварда шуда, пеши роҳи ҳар гуна хунрезӣ ва ҷанг гирифта шавад. «Танҳо бо роҳи гуфтушунид тарафҳо метавонанд масъалаи ниҳоят нозукро ҳал намоянд ва хати сарҳадҳои ҳамдиггарро дуруст муайян намоянд», — зикр намудааст Абдуҷаббор Раҳмонзода.