Дар дидори раисони марказҳои стратегии Эрону Тоҷикистон густариши ҳамкориҳои илми ва роҳбурди миёни марказҳои стратегии ду кишвар таъкид гардид
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Раиси маркази мутолеъоти стратегии раёсат Эрон Муҳаммадсодиқи Хаётиён, дар дидор бо раиси маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода дар бораи густариши ҳамкориҳои илмӣ ва роҳбурди миёни марказҳои стратегии ду кишвар таъкид кард, иттилоъ додааст хабаргузории “Форс”.
Оқои Хаётиён дар ин дидор бар аҳамияти ин кишвар дар сиёсати хориҷии давлати мардуми бар густариши муносибатҳо ва ҳамкориҳои илми ва роҳбурди миёни ду маркази роҳбурди раёсати ҷумҳурии кишварҳо таъкид кард.
Ҳамчунин дар ин дидор тарафайн зимни баёни зарфиятҳои ҳамкории дуҷониба дар абъоди иқтисодӣ, фанни, сиёсӣ ва дипломатик фурсатҳо ва чолишҳои муносибот ва роҳкорҳои таҳаққуқи матлуби тавофуқоти дуҷонибаро мавриди барраси қарор доданд.
Дар ин дидор оқои Хаётиён, зимни ишора ба пайвандҳои амиқи таърихи, фарҳангӣ ва тамадунии ду кишвар ва бозтоби он дар равобити ҳасанаи ду кишвар иродаи ҷиддии сарони ду кишвар барои иртиқои сатҳи равобит байни ҳамдигарро омили муҳим барои гусариши таъомулот ва пешбурди ҳамкориҳо барои рушди ду кишвар баршуморид.
“Эрон барои рушди равобит бо Тоҷикистон ҳеҷ маҳдудияти надорад”, – таъкид кард ӯ.
Вай ҳамчунин бар зарурияти тақвияти муносибаҳои иқтисодӣ ва рафъи чолишҳои мавҷуд ва истифода аз зарфиятҳои бузурги неруҳои фанни ва муҳандисии Эрон дар тарҳҳои фаннии Тоҷикистон таъкид кард.
“Дипломатики саломат ва дипломотики илми бо таъкид бар табодули устод ва донишҷу ва ҳамчунин ҳамкориҳо дар ҳавзаҳои фановарӣ ва дониши бунён аз дигар масоиле аст, ки метавонад пайванди ду миллати Эрон ва Тоҷикисонро беш аз пеш амиқ ва густариш диҳад”, – гуфт оқои Хаётиён.
Дар ин дидор раиси маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон низ зимни таъкид бар ҷойгоҳи роҳбурдии Эрон ва нақши калидии ин кишвар дар маносибатҳои минтақаӣ бар густариши равобити дуҷониба таъкид ва бар анҷоми тарҳҳо ва ёдошти тафоҳумҳои муштарак ишора кард.
Раиси маркази мутолеъот ва стратегии Тоҷикистон хатари терроризм ва ҷараёни такфириро хатари муштарак барои минтақа донистб
“Метавон аз таҷрубаи мувафақи Эрон дар мубориза бо терроризм ва муқобила бо ҷараёнҳои такфири барои сулҳу суботи минтақа истифода кард”, – гуфт Хайриддин Усмонзода.
Чоп кунед