Таҳдиду хатарҳо ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ хусусияти фаромиллӣ дошта, дар ҳоли ҳозир сатҳу миқёси таҳдиду хатарҳо бузург гаштаанд. Гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар яке аз омилҳои асосии носубот гардидани вазъияти амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ гашта, он ҳамчун яке аз манбаъҳои асосии маблағгузории терроризм ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ ба ҳисоб меравад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи байналмилалӣ ва яке аз кишварҳои ташаббускор дар самти таъмини амнияти минтақавию байналмилалӣ, ба масъалаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ диққати аввалиндараҷа зоҳир менамояд.

Гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккил имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда, муборизаи самаранок бар зидди онҳо бо истифодаи нерӯи танҳо як кишвар ва ё як созмони минтақавӣ дар алоҳидагӣ  ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаи ба даст овардани истиқлоли давлатӣ, масъалаи мазкурро аз авлавиятҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии худ қарор дода, на танҳо барои таъмини амнияти худ, балки барои тамоми ҷомеаи ҷаҳониро аз ин хатар эмин нигаҳ доштан талошҳои зиёд намудааст.

Муташанниҷ будани вазъияти ҳарбӣ-сиёсӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва номуайян будани раванди истиқрори сулҳ ва амният дар ин кишвар, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар баромадҳои худ ҳамеша қайд менамояд, ки барои таъмини амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ ҳалли қазияи Афғонистон аҳамияти аввалиндараҷа дорад.

Бо назардошти вазъи кунунии бесуботӣ дар Афѓонистон, мутаассифона майдони кишти кӯкнор мунтазам зиёд мегардад. Омили мазкур дар ояндаи наздик низ ҳамчун таҳдиди асосӣ ба амнияти миллї ва минтаќавї боқӣ хоҳад монд.

Бо дарназардошти вазъияти кунунӣ, дар самти мубориза ва пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои судмандро бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, инчунин созмону ташкилотҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ ба роҳ мондааст. Миёни ин ташкилотҳо Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мақоми хосса дорад.

СААД ҳамчун созмони ҳарбӣ-сиёсӣ ба масъалаҳои муҳими таъмини амнияти минтақавӣ, аз ҷумла пурзӯр намудани назорат дар сарҳади миёни Тоҷикистону Афғонистон ҷиҳати пешгирӣ ва муқовимат бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир диққати аввалиндараҷа зоҳир менамояд.

Маҳз дар доираи ҳамкориҳо дар самти мазкур, дар Созмони Аҳдномаи амнияти  дастаҷамъӣ амалиёти махсуси оперативӣ-пешгирии “Канал”  ташаккул  ёфта, он яке аз механизмҳои муҳими мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба ҳисоб меравад.

Ҳамин тавр, бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иштирокчии фаъоли муносибатҳои байналмилалӣ дар мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ диққати махсус зоҳир намуда, бо мақсади ҳарчи бештар бартараф намудани ин зуҳуроти номатлуб дар ҳамбастагӣ бо кишварҳои аъзои СААД сиёсати худро амалӣ менамояд.

Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 Раисии СААД-ро бар ӯҳда дорад ва дар ин давра ба масъалаи мубориза бо таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир диққати махсус медиҳанд.

Дар баробари ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хатари гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро эҳсос менамояд, диққати ҷомеаи ҷаҳониро ҳамеша ба масъалаи мазкур ҷалб менамояд. Аз ҷумла, 16-17 майи соли 2019 Конфронси байналмилалии сатҳи баландро дар мавзӯи “Ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар самти мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил” баргузор гардид.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар ҷаласаи ифтитоҳии конфронси болозикр қайд намуданд: “Маблағҳои аз муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар бадастовардашуда яке аз сарчашмаҳои асосии таъмини молиявии терроризм  мебошанд. Тоҷикистон бо дарки воқеии хатари глобалии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар давоми солҳои тӯлонӣ  талошҳои худро ба мубориза бо ин зуҳуроти хатарбор равона намуда, дар ин самт таҷрибаи кофӣ низ касб кардааст”.

Дар ҳақиқат, таҷриба ва нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир хеле назаррас буда, дар 20 соли охир мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон зиёда аз 125 тонна маводи нашъаоварро аз муомилоти ғайриқонунӣ  баровардаанд, ки ҷони садҳо ҳазор оламиёнро эмин нигоҳ доштааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти манфиатҳои миллии кишвар минбаъд низ ин сиёсати худро идома дода, ҳамкориҳоро дар доираи СААД боз ҳам амиқтар гардонида, дар соли Раисии худ дар ин Созмон ба масъалаи таъмини амнияти дастаҷамъӣ, таҳкими сулҳу субот дар фазои масъулияти СААД, баланд бардоштани нақши Созмон дар ҳалли масъалаҳои мубрами сиёсати байналмилалӣ ва паст кардани таҳдиду хатарҳои мавҷуда, аз ҷумла терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар таваҷҷӯҳи хосса зоҳир менамояд.

Абубакр Маҳмадсаидзода,

мутахассиси Раёсати омӯзиши

масъалаҳои амнияти минтақавӣ

Чоп кунед