Дар шароити мушкилоти печидае, ки мамлакатҳои минтақа ва ҷаҳон мувоҷеҳ ҳастанд, кишварҳо барои пешбурди ҳадафу мақсадҳои худ ҳамгироёна ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мемонад. Ҳадафи муттаҳидӣ пеш аз ҳама, ҳалли масъалаҳои таъхирнопазир ва мусоидат ба таъмини амнияти минтақавӣ, пешрафти иқтисодӣ ва табодули муносибатҳои фарҳангӣ мебошад. Он на танҳо барои нафъи як кишвар ё минтақа арзишманд, балки ҳамчунин дорои зарфиятҳои зиёд ва самтҳои такмил додани муносибатҳо байни мамлакатҳои ҷаҳон мебошад, ки дар самти ташвиқи ҳамоҳангӣ ва такмили рушди соҳаи гуногуни кишварҳо замина мегузорад.

Дар ин росто, тайи 33-соли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сиёсати дарҳои бозаш тавонист, ки робитаҳои хориҷии худро бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон тақвият бахшида, узви комилҳуқуқи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардад ва дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои муҳимми глобалӣ нуфузу эътибори хосаро касб намояд. Имрӯз Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро 192 давлатҳои ҷаҳон эътироф намуда, Тоҷикистон  бо 185 кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ ба роҳ монда шудааст.

Таҳкими муносибатҳои ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ мавриди таваҷҷуҳи хоссаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон қарор гирифт. Ҳанӯз аз 9-уми январи соли 1992 муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон барқарор гардида, сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Теҳрон 18 июли соли 1995 ифтитоҳ ёфт. Дар ин замина, равобити ду кишвар бар пояи пайвандҳои таърихӣ, фарҳангӣ, тамаддунӣ, ва забонӣ тавсея ёфта, имрӯзҳо ҷонибҳо ҳамкории фарогирро дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои нақлиёту энергетика, саноату кишоварзӣ, фарҳангу маориф ва илм ҳамчун омили муҳимми таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ду кишвар арзёбӣ мегардад. Бо дарназардошти ин, тайи солҳои мазкур байни ду кишвар беш аз 200 созишнома ва дигар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд.

Дар баробари ин, ҷонибҳо дар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, бахусус Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории кишварҳои исломӣ ва дигар сохторҳои бисёрҷониба ҳамкориҳои густурда дошта, манфиатҳои миллии ҳамдигарро ҳифз менамоянд.

Бояд зикр намуд, ки байни кишварҳои дӯсту ҳамҷавор Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ дар густариши минбаъдаи равобити миёни ду кишвар нақши муҳим дошта, то имрӯз беш аз 15 нишасти Комиссияи мазкур дар шаҳрҳои Душанбе ва Теҳрон баргузор гардидааст.

Дар ҳошияи сафарҳои роҳбарони кишварҳо бастаи нави санадҳои дуҷонибаи  ҳамкориҳо дар сатҳи минтақаҳо, соҳаҳои нақлиёт, илму фарҳанг, варзиш, технология ба имзо расида, дар низоми пояҳои ҳуқуқии муносибатҳои ду кишвар таъсиргузор мебошанд. Аз ҷумла, аз замони  барқарории равобити дипломатии ду кишвар то кунун аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 18  маротиба ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон беш аз 15 маротиба сафарҳои корӣ анҷом дода шудааст.

Сафари таърихии собиқ Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон  марҳум Иброҳим Раисӣ санаи 8-уми ноябри соли 2023 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфта буд, ки дар ҷараёни ин сафар теъдоди 19 санади ҳамкорӣ дар сохторҳои гуногун байни ду кишвар ба имзо расид ва муҳимтарини онҳо “Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи лағви раводид барои дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ” ба шумор меравад.

Дар идомаи музокирот роҳбарони кишварҳо бо дарназардошти захираҳои бузурги табиии Тоҷикистон, истифодаи имкониятҳои фарохи кишвар дар соҳаҳои энергетика, саноати сабуку хӯрокворӣ, маъдану металлургия, кимиё, истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ ва дорусозӣ, соҳаҳои кишоварзӣ, нақлиёт ва сайёҳӣ, барои тавсеаи ҳамкориҳо зурур шумориданд. Дар ин замина, ҳамкориҳо дар бахши энергетика, аз ҷумла бунёди неругоҳҳои барқи обиву офтобӣ дар қаламрави Тоҷикистон, яке аз самтҳои муҳим ва ояндадори ҳамкориҳои дуҷониба арзёбӣ мегардад. Ҳамзамон, таҳкими ҳамкориҳо дар самти роҳу нақлиёт, аз ҷумла беҳбуди шароити мавҷуда ва истифодаи самараноки имконоти бандарҳои Чобаҳор ва Бандар-Аббос ҳамчун василаи муҳимми рушди ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ба шумор меравад. Масалан, бунёди нақби “Истиқлол” ва Неругоҳи барқи обии “Сангтӯда-2” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун намунаи ҳамкории густурдаи ду ҷониб дониста мешавад.

Бояд гуфт, ки   ҷонибҳо дар таъмини молу маҳсулоти мавриди ниёзи якдигар бархӯрдор буда, сол то сол гардиши молу хизматрасонӣ байни ин ду кишвар дар ҳоли афзоиш қарор дорад. Дар асоси маълумотҳои оморӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон нахи пахта, маҳсулоти кишоварзӣ, меваҳои тару тоза, дегҳо ва дигар молу маҳсулот содирот карда мешавад. Ҳамзамон, дар баробари содироти молу маҳсулоти зарӯрӣ аз Эрон маҳсулотҳои кишоварзӣ, саноатӣ ба монанди филизоти сиёҳ, маҳсулот аз пласмасса, маҳсулоти сафолӣ, маҳсулоти шустушӯӣ, дегҳо, шиша дигар молҳо ворид карда мешавад.

Тавре аз диаграммаи №1 мушоҳида мегардад, гардиши тиҷорат байни Тоҷикистон ва Эрон сол то сол дар ҳоли афзоиш қарор дошта, дар тиҷорати хориҷии кишвар ҳиссаи бештар дорад. Масалан, агар соли 2020 гардиши молу коло байни кишварҳо 57,7 млн. долларро ташкил дода бошад, ин нишондиҳанда дар соли 2023 ба андозаи 196,9 млн. доллар ё 4,4 баробар афзоиш ёфтааст.

Ғайр аз ин, давоми моҳҳои январ-ноябри соли 2024 гардиши тиҷоратӣ байни кишварҳо зиёд гардида, ба самти нави ҳамкориҳо мусоида мекунад. (диаграммаи № 2)

Тибқи маълумотҳои агентии омор гардиши тиҷоратии Тоҷикистон ва Эрон давоми моҳҳои январ-ноябри соли 2024-ум 336,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм ба андозаи 120,1 млн. доллар ё 55 дарсад афзудааст. Дар ин давра, ҳаҷми содирот ба 104,1 млн. доллар ва воридот бошад ба 232,1 млн. доллари ИМА баробар гаштааст.

Дар воқеъ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои имконияту зарфиятҳои зиёди молиявию иқтисодии бештар дошта, барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ тавассути баронамоҳои давлатӣ амалӣ гардонда мешаванд.

Ҳамин тавр, ҷонибҳо барои ташаккули муносибатҳои иқтисодию тиҷоратии худ захираву имкониятҳои зиёд дошта, дар ҳолати истифодаи васеъи имкониятҳои мазкур метавонад робитаи кишварҳоро минбаъд низ наздиктару фарохтар гардонад.

Вобаста ба ин, сафари дарпешистодаи расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон, ки  дар доираи он як қатор санаду созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидан  пешбинӣ шудааст, дар тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ мусоидат хоҳад кард.

Ҷамшед Солиҳов,
муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии
иқтисодиёти соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед