Санаи 26 июли соли 2022 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон конфронси байналмилалӣ таҳти унвони “Афғонистон: амният ва рушди иқтисодӣ” баргузор гардид.

Ҳадаф аз баргузории конфронсро баррасии вазъи кунунии Афғонистон, дурнамои рушди иқтисодии он ва масъалаи таъмини амнияти минтақавӣ фаро гирифта буд.

Дар кори конфронс намояндагони беш аз 30 давлат, созмонҳои байналмилалӣ,  коршиносони марказҳои зеҳнӣ ва рӯзнамонигорони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Аз Маркази тадқиқоти стратегӣ дар конфронси мазкур муовини директори Марказ  Муҳаммадзода Парвиз, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷӣ Бахтиёр Холиқов ва сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилӣ Абдуҷабборов Маъруф иштирок намуданд.

Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед