ДУШАНБЕ, 3.02.2020 Ҷаҳони муосир илова бар рушду нумӯ ва пешравиҳояш дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ гоҳо ба амвоҷи афкору андешаҳои вопасгароёна дучор мешавад. Баъзе равияву ҳаракатҳо ва аҳзобу ҷабҳаҳое арзи вуҷуд кардаанд ва таъсири худашонро барои халалдор кардани амнияту суботи минтақаҳо расонида истодаанд ва ин таъсирот аз як минтақа ба дигар манотиқи олам убур карда, вазъияти ҷомеаи ҷаҳониро муташанниҷ намудааст. Инро бояд дар назар дошт, ки дар ҳама давру замонҳо чунин ҳаракатҳо вуҷуд доштанд. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ хусусияти тахрибкоронаи чунин ҳаракатҳоро омӯхта, фаъолияташонро мамнуъ эълон кардааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ яке аз ташаббускорони мубориза бар зидди ин гурӯҳҳо мебошад.
Ин матлабро ходими пешбари илмии Институти омӯзиши масъалаҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Тоҷикистон Субҳуддин ЗИЁЕВ дар як мақолаи худ, ки ба АМИТ «Ховар» ирсол доштааст, зикр намудааст.
Дар зер матни пурраи ин мақоларо пешниҳоди хонандагони арҷманд месозем.
Терроризм ва экстремизм, ки вабои имрӯзаи асранд, ҷомеаи ҷаҳониро бештар аз ҳар вақти дигар ба ташвиш овардаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз чанд сол пеш бо эҳсоси ин хатар ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор дода буданд, ки ба он бетафовут набошанд ва дар ин самт тадбирҳои заруриву муассир биандешанд.
Дар ин мақола идеологияи ташкилоти экстремистии (ТЭ) “Ихвон-ул-муслимин” ва таъсири он ба раванди исломгароӣ дар ҷомеаи мо мавриди омӯзиш қарор дода хоҳад шуд. ТЭ “Ихвон-ул-муслимин” (ба тоҷикӣ- “Бародарони мусалмон” – тавз. АМИТ “Ховар”) қариб сад сол пеш зуҳур карда, ба як ҳизби фаромиллии исломгаро табдил шудааст, ки ҳоло дар бисёре аз кишварҳои арабӣ ва мусулмоннишин тарафдор дорад.
ТЭ “Ихвон-ул-муслимин” ба шакли дақиқ соли 1928 (1307 шамсӣ/1347 қамарӣ) дар шаҳри Исмоилияи Мисри Араб таҳти роҳбарии Ҳасан Абураҳмон Муҳаммад ал-Банно ас-Соъотӣ (1906-1946) ташкил шуда, сипас фаъолияти худро дар қаламрави дигар кишварҳои арабӣ-исломӣ густариш додааст. Ин ба ном наҳзат ба таъсир аз андешаҳои диншиносону фақеҳони мамолики араб Иброҳим Ҳусайн аш-Шозилӣ, Сайид Қутб (1906-1966), Муҳаммад Ҷамолуддин бин ас-Сайид ал-Афғонӣ Асадободӣ (1838-1897) ва Муҳаммад Абдуҳ (1849-1905) вам гӯё дар посух ба шикасти дохилии мусулмонон ва қудрату нуфуз ва истисмори кишварҳои хориҷӣ болои кишварҳои исломӣ, ба вижа бар кишвари Миср падид омадааст.
ТЭ Ихвон-ул-муслимин ҷиҳати расидан ба аҳдофаш дар заминаҳои мухталифи фарҳангӣ, низомӣ ва сиёсӣ ба мубориза пардохт ва дар ин раванд чандин бор бо дасти ҳукумати Малик Форуқ (1920-1965), аз охирин подшоҳони мамлакати мисрӣ, қариб аз байн бурда шуд ва тайи ин муддат шумори зиёде аз аъзои он дастгир ва нобуд карда шуданд.
ТЭ “Ихвон-ул-муслимин” бо номи расмии “الإخوان المسلمون”, яъне (“Бародарони мусулмонон”) шинохта шудааст. Дар аввал фаъолияти ин ҳаракат махфӣ буд ва масъулони ин созмон барои густариш додани он аз тариқи буклетҳо, номаҳо ва суханрониву мулоқоти шахсӣ истифода мекарданд, ки айни ҳамин ҳолро мо дар фаъолияти солҳои аввали ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати ислом (ТТЭ ҲНИ) мушоҳида мекунем.
Ҳасан ал-Банно дар аввали фаъолияти ҳизбаш ба Донишгоҳи “ал-Азҳар аш-Шариф” таваҷҷуҳи хосса дошт. Ин донишгоҳ соли 972 мелодӣ сохта шуда, то имрӯз фаъолият мекунад ва солҳо макони таҳсили на фақат донишҷӯёни хориҷии шимоли Африқо, балки донишҷӯёни аксари кишварҳои мусалмоннишин, аз ҷумла, толибилмони тоҷик низ мебошад. Фориғуттаҳсилини тоҷики ин Донишгоҳ то чанде пеш идеологияи ихвониҳоро дар Тоҷикистон таблиғ карда, сабаби ташаннуҷи авзои сиёсии ҷомеа мешуданд.
ТЭ “Ихвон-ул-муслимин” дар вазъияте ақоиди ифротии худро рӯи кор овард, ки аз як тараф мақомоти ал-Азҳар созишҳои нав ба нави ҷомеа ва тағйирот дар масоили диниро рад мекарданд ва аз сӯи дигар қисми навгароён ба дунболи ҷомеае буданд, ки бояд дар он дин ва сиёсат аз ҳам ҷудо бошанд. Роҳбари ТЭ “Ихвон-ул-муслимин” Ҳасан ал-Банно дар ин ҳолат кӯшиши худро барои таблиғ мустаҳкамтар намуда, аз фурсат истифода карда, ба созмондиҳиву иқдомоти амалӣ оғоз кард. Ин гурӯҳ дар аввал барои паҳн намудани ақоиди хеш мардуми таҳҷоиро дар иҷрои амалҳои найрангвор ва муғризона истифода мекард ва ба монанди “ба номаке” паҳн кардани арзишҳои исломӣ ва хайрхоҳӣ машғул буд, аммо оҳиста-оҳиста ба амалҳои сиёсӣ даст зада, вазъи ҷомеаи Мисрро муташанниҷ намуда, махсусан дар муборизааш “бо баҳонаи” баровардани ҳокимияти мустамликавии Англия аз Миср ва решакан кардани ҳама шаклҳои нуфузи Ғарб дар Миср ҳизбашро таблиғ намуда, фаъолияташро пеш мебурд.
ТЭ “Ихвон-ул-муслимин” бо баҳонаи ҷорӣ намудани ислоҳоти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар Миср ва соири мамолики исломӣ мехост қудратро ба даст оварад. Мувофиқи маълумоти худи Ҳасан ал-Банно, ҳангоме ки дар шаҳри Исмоилия дар канори Канали Сувейс зиндагӣ мекард, шаш нафар дӯстон ва шогирдонаш, ки узви коргарони ширкатҳои Канали Сувейс буданд, ба назди ӯ меоянд ва аз ноадолатиҳое, ки аз сӯи хориҷиҳо бар мусалмонон ва арабҳо дар он ҷо раво дида мешуд, шикоят мекунанд. Ҳасан ал-Банно, ки худ як нафари ҷангҷӯву ситезаҷӯ буд, додхостанҳои пешина ва шикоятҳояш боис шуд, ки ӯ роҳбарии онҳоро бар зимма гирад ва ҷамоати Ихвон-ул-муслиминро таъсис диҳад. Ин ташкилот дар аввал як ҷамоати хурде буд ва худи ал-Банно дар 12-солагӣ ба як ташкилоте шомил шуда буд, ки ақоиди исломгароиро таблиғ менамуданд ва ин ташкилоти сиёсӣ сабаби асосии ташкили “Ихвон-ул-муслимин” гардид. Дар охири соли 1930 ин ташкилоти экстремистӣ дар тамоми манотиқи Миср бо найрангҳои фаровон шуъбаҳо таъсис дод ва баъдтар 500 ҳазор мардуми омии мисриро ба узвияти худ даровард. Ҳасан ал-Банно рӯзномае бо номи “Ихвон-ул-муслимин” таъсис дод ва фикру андешаҳои таблиғотияшро дар шакли суханрониҳо ва навиштаҳо дар ин рӯзнома интишор медод ва саранҷом дар китобе ба номи “ал-Маҷмуъа ар-рисола” навиштаҳояшро гирдоварӣ намуд ва мавриди таваҷҷуҳи маҳфилҳои сиёсӣ ва динӣ гардид. Дар натиҷаи афзоиши аъзо ва густариши доманаи фаъолиятҳояш Ҳасан ал-Банно қароргоҳи аслии ТЭ “Ихвон-ул-муслимин”-ро ба шаҳри Қоҳира кӯчонид. Муассиси ТЭ “Ихвон-ул-муслимин”-и Ҳасан ал-Банно дар маркази фаъолиятҳо, ки (ат-Таҳзиб) ном дошт, ба созмондиҳии ташкилоташ пардохт ва доманаи фаъолияти Ихвон-ул-муслимин васеътар гардид. Ӯ дар заминаи ташкилоти экстремистиаш дар Миср марказе ба номи (المهد الامهات المسلمین) (Гаҳвораи модарони мусалмонон) барои таблиғи занҳои мисрӣ ба ҷиҳодро таъсис дод. Баъд аз ин ТЭ “Ихвон-ул-муслимин” дигар ҳадафҳоро пеша кард ва соли 1939 ба ҷалби арабҳои дигар манотиқ пардохта, бо такя бар ормони Фаластин ва “бо баҳонаи” ҳимояи ҳуқуқи арабҳо ТЭ “Ихвон-ул-муслимин” ба як ташкилоти сиёсӣ мубаддал гардид ва ин ба густариши нуфузи онҳо дар Сурия, Урдун ва то ҳудуде дар Лубнон, Судон ва шимоли Африқо доман кашид ва Ҳасан ал-Банно худро пешвои бузурги (مرشد العام) ин созмон эълон намуд [11]. Аз ин таҳлилҳо бармеояд, ки муршиди оми ихвониҳо баъди густариш ёфтани ин ҷунбиш хост муборизаро алайҳи мамлакатҳои арабӣ барои ғасби ҳокимият ба роҳ монад ва ташкили хилофатро пеша намуд, ки айни ҳамин кирдорро мо дар аввалин солҳои истиқлолияти Тоҷикистон аз тарафи роҳбарон ва муассисони ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИ мушоҳида мекунем, ки мехостанд дар Тоҷикистон табаддулот кунанд. Агар аз ҷониби мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ пеши роҳи ТЭТ ҲНИ гирифта намешуд, ҳоло мамлакат дар зери фарҳанги бегонагон мемонд ва фарҳангу тамаддуни ғании хешро аз даст медод.
Отиф Абдуллоҳ, муҳаққиқи масоили исломи сиёсии судонӣ оид ба ТЭ “Ихвон-ул-муслимин” навиштааст, ки “ин ҳаракат мафҳуми миллигароии исломиро ба ҷои миллигароии минтақавӣ дар чорчӯбаи зинда кардани давлати хилофат изҳор намуд. Пас аз Миср ва Судон шохаҳои ин ҳаракат дар бисёр минтақаҳои арабӣ ва исломӣ монанди Тунис, Мағриб, Марокаш, Туркия ва Покистон мунташир шуд “[9,10]. Имрӯзҳо мушоҳида мешавад, ки ҳама кишварҳои дар боло зикр гардида, ки ТЭ “Ихвон-ул-муслимин” идеологияаашро дар он кишварҳо интишор дода буд, зери ошӯб, ҷанг, хунрезӣ ва дар ҳоли харобшавӣ қарор доранд ва ин аз ифротӣ будани ТЭ “Ихвон-ул-муслимин” хабар медиҳад.
Ин ҷо зарур дониста мешавад, ки аркони аслии ҷунбиши экстремистии “Ихвон-ул-муслимин”-ро барои хонандагон дарҷ намоем, то ба ҳамагон равшан бигардад, ки ин ҳаракат барои нооромии ҷомеаи ҷаҳонӣ чӣ қадар нақшаҳоро тарҳрезӣ намудаву ҳайаташро мустаҳкам намудааст. Дафтари ҷаҳонии иршоди оми ихвон масъулияти олии иҷрои фаъолиятҳои ТЭ “Ихвон-ул-муслимин”-ро бар уҳда дорад ва ҳамаи фаъолиятҳои иҷроии ТЭ “Ихвон-ул-муслимин”-ро идора мекунад. Дафтари иршод аз 13 узв ташкил мешавад, ки аз сӯи шӯрои машваратӣ аз минтақаҳои мухталиф интихоб мешавад. Ин ҷо қобили тазаккур аст, ки дар низомномаи ТЭТ ҲНИ низ айни чунин вазифаҳо мушоҳида мешаванд ва ин шабоҳатҳо аз равобити ТЭТ ҲНИ бо ТЭ “Ихвон-ул-муслимин” гувоҳӣ медиҳанд.
Ҳизбу ҳаракатҳои даҳшатафкан, ба мисли “ДИИШ”, “Толибон”, ТЭТ ҲНИ ва чандин аҳзоби дигар, ки аз номи ислом бар зидди ислом шиорҳо ва шеваҳову аломатҳоро раво медоранд, ҳар яке ба худ шиорҳои хос доранд. Шиори расмии ТЭ “Ихвон-ул-муслимин”, ки мисли аҳзоби мазкур аз номи ислом бар зидди ислом равона шудааст, ин «الاسلام هو الحل» (“Ислом роҳи ҳал аст”) мебошад, аммо шиори аслиашон, ки нақшаҳои тарҳрезикардаашонро тасвир мекунад, чунин аст:
الله غایتنا، والرسول قدوتنا، والقرآن دستورنا، والجهاد سبیلنا، والموت فی سبیلالله أسمی أمانینا
(“Худованд ҳадафи мо, Паёмбар намунаи мо, Қуръон қонуни асосии мо, ҷиҳод роҳи мо ва марг дар роҳи Худо волотарин орзуи мост”). Ҳасан ал-Банно, ки ин шиорро муаррифӣ карда буд, ин гурӯҳро на фақат гурӯҳи динӣ, балки гурӯҳи сиёсӣ низ эълон карда буд ва ин буд, ки ТЭ “Ихвон-ул-муслимин” тавонист тавассути нақшаҳои сиёсии худ дар мавзеъгирӣ дар қиболи таҳаввулоти ҷаҳони ислом ва ҷаҳони араб ифо кунад. Аммо роҳи ҳалли ин ташкилоти экстремистӣ ислом набуда, мушоҳида мешавад, ки ин ташкилот зидди ислом муборизаҳо бурдааст ва мардуми гумроҳу нодонро дар атрофи худ ҷамъ намуда, бар зидди ҳукуматҳо ва миллатҳо муборизаҳои даҳшатафкан намудааст.
Дидгоҳҳои ТЭ “Ихвон-ул-муслимин” дар тӯли таърих дар маърази тағйир ва таҳаввул будааст. Пас аз маҳв шудани Ҳасан ал-Банно соли 1949 бархе аз аъзои тундрави ихвониҳо дар ҷомеа озод шуданд ва ба тадриҷ ба ҷамоатҳои ҷаҳонии кучаку бузург, монанди “Ҷамоати ҷиҳоди исломӣ” дар Миср пайвастанд, ки баъдҳо пояи аслии ташкили “ал-Қоида” қарор гирифт. Бояд тазаккур дод, ки ташкилоти террористӣ ва экстремистии “ал-Қоида” дар заминаи ташкилоти террористӣ ва экстремистии “Ихвон-ул-муслимин” ба вуҷуд омадааст. Ташкилкунандагони асосии ТТЭ ал-Қоида узви ташкилоти Ҳасан ал-Банно буда, баъди рӯ ба завол ниҳодани ТЭ “Ихвон-ул-муслимин” мехостанд бо ивази номи “Ихвон-ул-муслимин” бар ал-Қоида фаъолияти ташкилоташонро пеш баранд. Вале бо мурури замон ТЭ “Ихвон-ул-муслимин” дубора пурқувват гардид ва ин ду гурӯҳи террористӣ бо ҳампаймонии дуҷониба фикри қудратро ба даст гирифтан намуда, хостори ташкили давлати хилофат шуданд. ТЭ “Ихвон-ул-муслимин” роҳи сиёсати худро бар иршод ва таблиғ дар батни ҷомеаи мусулмонон қарор дод, то ҷомеаи исломиро барои барпошавии ҳукумати хилофат омода созад, вале ҷамоатҳои ҷаҳонӣ хостори ҳаракатҳои инқилобӣ ва ислоҳи умур ба сурати ҷиҳодӣ шуданд. Сайид Қутб, ки худ аз назарияпардозони мавриди эҳтироми ТЭ “Ихвон-ул-муслимин” буд, асосан бо мафҳуми таҳзиб мухолиф буд ва сиришти ҳукуматеро, ки бар пояи интихобот ва таҳзиб бошад, ба рӯҳи ислом мухолиф медонист. Вале ТЭ “Ихвон-ул-муслимин” расман таҳзиб ва такассур дар ҳукуматро пазируфт ва бар хилофи ҷараёни салафии ҷиҳодӣ, ки қонунҳои мавҷударо натиҷаи роҳи мувофиқи кофирон медонанд ва усулан демократияро хилофи шаръ талаққӣ мекунанд, ин аркон ва аслҳои ҷомеаи мардумсолориро пазируфт. Сайид Қутб ва бархе аз исломгароён дар оғоз чандон аҳамияте ба мафҳуми миллат намедоданд ва ҳамвора бар уммати исломӣ каломи худро маҳкам мекарданд ва миллатро мафҳуми воридотӣ ва ғарбӣ дониста ва қавмиятгароиву натсионализмро нишонае аз ҷоҳилият қаламдод мекарданд, вале бо мурури замон ТЭ “Ихвон-ул-муслимин” бо костан аз нақши ҷаҳонии худ тамаркузи бештаре бар миллигароӣ намуд. Ҳамчунон ки метавон гурӯҳҳое аз миллигароии арабиро дар дидгоҳҳои бархе аз раҳбарони ТЭ “Ихвон-ул-муслимин” мушоҳида намуд [2]. Аслан Сайид Қутб ба мафҳуми миллат аҳамият намедод ва ин найрангу бозиҳои сиёсии ӯ буд, ки барои дубора нуфуз пайдо кардани ТЭ “Ихвон-ул-муслимин” бо қудратҳо дар як давраи муайян созиш кард ва он то ҷое расид, ки ин найрангҳо ва хиёнатҳо Муҳаммад Мурсии ихвониро ба сари қудрат овард.
ТЭ “Ихвон-ул-муслимин”-и Миср дар ҷараёни эътирозоти соли 2011-и Миср, ки ба суқути ҳукумати Ҳуснӣ Муборак анҷомид, ширкат дошт ва дар нишасти хабарии раҳбарони аршади ҳизб 9 феврал эълон шуд, ки “Ихвон-ул-муслимин бо ҳукумати мазҳабӣ мухолиф аст, чун онро мухолифи ислом медонад ва хостаи он бар пояи ҳукумати маданӣ бар марҷеияти ислом аст”. Ва дар мавриди изҳори назари мақомоти кишварҳои дигар роҷеъ ба ҳаводиси Миср низ эълон карданд: “ТЭ “Ихвон-ул-муслимин” масъули изҳороти хориҷиҳо, чи эронӣ, чи лубнонӣ ва чи дигарон нест ва мухолифи дахолати дигарон дар умури дохилии Миср аст”. ТЭ “Ихвон-ул-муслимин” ҳамчунин эълон карда буд, ки хостаи онҳо хостаи эътирозгарони паноҳҷӯ дар Майдонултаҳрир ва Ҷамъияти меҳанӣ барои тағйир аст, ки аъзои ТЭ “Ихвон-ул-муслимин” низ дар таъсиси он ширкат доштаанд.
Ҳасан ал-Банно васфи ҳукуматеро менамояд, ки онро ТЭ “Ихвон-ул-муслимин” мехоҳад. Чуноне, ки дар яке аз номаҳояш ба ҷавонон гуфтааст: “Мо як ҳукумати исломиеро мехоҳем, ки мардумро ба сӯи масҷид мебарад ва ба ҳидояти ислом роҳнамоӣ мекунад”. Ӯ мегӯяд: ”Мо низоми ҳукуматеро, ки бар асосҳои ислом такя намекунад ё асосҳои ҳукмашро аз ислом намегирад, эътироф намекунем. Ҳамзамон ба ҳизбҳои сиёсӣ эътироф надорем. Ва на ба ин шакли тақлидие, ки имрўз аҳли куфр ва душманони ислом моро маҷбур кардаанд, ки бар он ҳукм намоем ва ҳукм намуда, бар он амал намоем. Мо барои зинда кардани низоми ҳукми исломӣ бо тамоми ҷузъиёташ ва барои барпо кардани ҳукумати исломӣ бар асоси ин низом кўшиш ба харҷ медиҳем”.
Ин андешаҳо ва афкори Ҳасан ал-Банно бисёр иртиҷоиянд ва агар ин созмон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ мамнуъ эълон карда намешуд, метавонист як мушкилоти ҷиддие барои ҷомеаи ҷаҳонӣ эҷод кунад. Ҳадафи ин ташкилот – бозгашт ба асри сангин ва олами ҷаҳолат аст!
Баъди Ҳуснӣ Муборак, ки дар Миср сӣ сол раҳбарӣ карда буд, дар нахустин интихоботи парлумонӣ ТЭ “Ихвон-ул-муслимин” тақрибан нисфи курсиҳоро дар Маҷлиси Намояндагон ба даст овард. Ва соли 2012 намояндаи ТЭ “Ихвон-ул-муслимин” Муҳаммад Мурсӣ (1951-2019), аввалин президенти демократии интихобшудаи мисрӣ баъди Баҳори араб, 51% овоз ба даст овард ва ҳаракати ТЭ “Ихвон-ул-муслимин” дубора дар ин давра нуфуз пайдо кард.
Соли 2013 мавҷи ҷадиди эътирозгарон алайҳи давлати инқилобӣ шакл гирифт, ки 3 июли соли 2013 шӯриш ба суқути давлат кашида шуд ва дар ҷои ӯ раиси Суди олии конститутсионӣ Адлӣ Мансур ба василаи артиш ба унвони раиси ҷумҳури муваққатии давлати интиқолӣ барои баргузории интихобот таъйин гардид. 26 марти соли 2014, Абдулфаттаҳ ас-Сисӣ истеъфояшро ҳамчун вазири дифоъ эълон кард ва моҳи майи соли 2014 дар давраи якум ва 2-юми апрели соли 2018 дар давраи дуввум бо пирӯзӣ ҳамчун президенти Миср интихоб шуд. Ҳаракати ТЭ “Ихвон-ул-муслимин” дар замони раҳбарии охирин президенти мисрӣ бо доштани хусусиятҳои ифротиву тафритиаш гурӯҳи экстремистӣ-террористӣ эълон карда шуд ва қисми зиёди ҷонибдорони мисрии ин ҳаракат маҳв карда шуданд.
ТЭ “Ихвон-ул-муслимин” доманаи фаъолияти худро ба аксари мамолики ҷаҳон, алалхусус ба минтақаҳои Осиёи ҷанубу-шарқӣ, Шарқи Наздику Миёна ва Осиёи Марказӣ паҳн намуда, дар ин манотиқ мардуми бедонишу гумроҳро ба узвияти худ пазируфтааст. Аз ҷумла, ин ташкилоти экстремистӣ дар Тоҷикистон чандин нафарони ноогоҳу бесавод ва бехабар аз фарҳангу тамаддуни ғании хешро ба узвияти худ пазируфтааст.
Бо сабаби ифротӣ буданаш ҳукумати кишвари Миср ин ҳаракатро экстремистӣ эълон кардааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд муборизаи шадидро алайҳи онҳо ба роҳ монанд. Ташкилоти экстремистии “Ихвон-ул-муслимин”, ки хусусияти фароминтақавӣ дорад, ҳаёти озодонаву оромонаи ҷомеаро халалдор месозад. Ҳарчи зуд мебояд пеши роҳи ин ҷунбиши номатлуб гирифта шавад, вагарна ин ҷунбиш метавонад нооромии доимиро дар тамоми гӯшаву канори олам ба вуҷуд орад.
Пайомадҳо ва хатарҳои даҳшатноки ташкилоти экстремистии “Ихвон-ул-муслимин”-ро ин ҷо зикр намудан бамаврид аст, то нафарони ноогаҳу бехабар аз ҳар қавму миллате, ки набошанд, аз ин пайомадҳои нооромкунанда бохабар бошанд ва гаравидан ба ин ташкилоти террористиро, ки оқибат ба маргу нобудиву маҳкумият ба зиндон оварда мерасонад, худро аз ин ҷунбиш дур нигоҳ доранд.
Ихвониҳои ифротӣ ғайр аз китоби муқаддаси “Қуръони Карим” ва суннати Пайғамбари ислом дигар арзишҳоро намепазиранд ва дар пайи несту нобуд кардани арзишҳои ҷовидонаи халқу миллатҳо ҳастанд. Онҳо зиндагӣ карданро фақат дар доираи маҳдуди шариат қабул доранд ва мехоҳанд бар болои бани башар давлати халифат ҳукмфармо бошад ва ҳукумати дунявиро умуман қабул надоранд. Ҳар нафаре, ки узвият ба ташкилоти экстремистиашонро мепазирад, бояд тайёр бошад, барои ҳимоят аз ихвониҳо ҷиҳод кунад ва даст ба муҷозоту куштор бизанад. Ҷиҳод, ки худ қатл маҳсуб меёбад, барои онҳо зарурӣ дониста мешавад. Ихвониҳо низомҳои сиёсии имрӯза, аз қабили демократия, коммунистӣ, сотсиалистӣ ва дигар навъи низомҳои сиёсиро низоми давраи ҷоҳилият меҳисобанд ва бар зидди ин низомҳо мубориза мебаранд ва низоми дунявиятро низоми зиддидинӣ меноманд. Миллат аслан барои ихвониҳо маънӣ надошта, онҳо пайваста бар болои ҳама миллатҳо мубориза мебаранд ва аз байн бурдани миллатҳо яке аз ҳадафҳои асосии ихвониҳо мебошад. Ҳама гуна анъанаву расму оин ва ёдгориҳои таърихии миллатҳо барои онҳо беарзиш ва дурӯғин маҳсуб мешавад.
Пас, аз ин ҳаракат ҳазар бояд кард!
Субҳуддин ЗИЁЕВ,
ходими пешбари Институти омӯзиши
масъалаҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ
Бознашр: АМИТ”Ховар”