Боиси шукргузории зиёд аст, ки имрӯз дар саросари кишварамон сулҳу субот тантана дораду мардум дар фазои оромиву осоиштагӣ осудаҳолона кору зиндагӣ меамоянд. Симои шаҳру деҳотамон аз баракати сулҳу субот, сиёсати бунёдкоронаву созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол ба таври шинохтанашаванда дигаргун ва ободтару зеботар мегардад. 

Агар саҳифаҳои начандон дури таърихи кишварамонро варақгардон намоем, хоҳем дид, ки 27 сол муқаддам дар кишварамон  нооромӣ ҳукмфармо буду мавҷудияти халқу миллатамон зери бори суол қарор дошт. Он рӯзҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ агарчӣ аксари мардум аз нарасидани озуқа сахт танқисӣ мекашиданд, вале аз хурд то бузург орзуи оромиву осииштагӣ дар дил доштанд.

Агарчи қатъи ҷангу хунрезӣ ва таъмини осоиштагӣ орзӯи ҳарлаҳзаинаашон буд, аммо касе ба ин рӯзи хушу пурсаодат расиданро бовар надошт. 

Яке аз вазифаҳои муҳимтарини солҳои ҷанги шаҳрвандӣ таъмини амният ва манфиатҳои давлату миллат ба шумор мерафт, ки ба он танҳо бо таъсиси Артиши миллӣ  муваффақ шудан имкон дошту халос.

Аз ин хотир, роҳбарияти давлат  ҷиҳати ноил шудан  ба ин мақсад тадбирҳои зарурӣ  андешида, бар яке аз рукнҳои давлатсозии хеш ноил гардиданд.

 23-юми феврали соли 1993 таҳти роҳбарии Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллӣ таъсис ёфт, ки то имрӯз дар тeли 27 соли мавҷудияташ таҳким ёфту  беандоза пуриқтидор гардид.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини таъсисёбӣ то имрӯз  барои дар рӯҳияи манфиатҳои миллӣ ва истиқлолияти Ватан,  ҷасорату мардонагӣ, садоқати бепоён ва фидокорӣ тарбия ёфтани ҳар як хизматчии ҳарбӣ хизматҳои шоиста намудааст.

Боиси сипосу шукргузории ҳамешагии мост, ки хизматчиёни  ҳарбӣ корнамоии  қаҳрамонони гузаштаи халқамонро сармашқи фаъолияти ҳамарӯзаи худ намуда, дар ҳифзи амнияти халқу Ватан мардонагию шуҷоат ва фидокориҳои бемисл  нишон додаанд.  

Ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ, ки бо кӯшишу талошҳои душманони дохилию берунии кишвару миллатамон рӯй дод, сабақи  талхи он солиёни зиёд фаромуш намешавад. Бо вуҷуди он ки ин ҷанг барои мо талафоти бисёр овард, сабақи он мардуми моро сарҷамъ сохта, ҳушдор дод, ки мо бояд дигар ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиамонро аз даст надиҳем, фирефтаи дасисаю иғвои душманони халқу миллатамон нашуда, ваҳдати миллӣ ва якпорчагии Ватани азизамонро пос дошта, ба қадри истиқлолияти Ватанамон бирасем.

Агарчӣ аз анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ ва баимзорасии созишноми истиқрори сулҳи тоҷикон соли равон 23 сол сипарӣ мешавад, ҳанӯз ҳам рақибони сиёсии кишвару миллатамон барои дубора барангехтани оташи ҷанг ва халалдор кардани осудагию сулҳу суботи халқу кишварамон талош доранд.

Дар тӯли 23 соли тантанаи Ваҳдати миллӣ кишварамон ба дастовардҳои беназир ноил гардид. Тамоми ободкорию  созандагиҳои кишварамон маҳз бо аз баракат ва тантанаи сулҳу суббот муяссарамон гардидааст.

Бо василаи ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 беш аз 1 миллион нафар аз Тоҷикистон дидан намудаву онро ободу шукуфо дарёфтаанд. Аз ҳама муҳимтар хуб эҳсос намудаанд, ки кишвари мо аз ҷумлаи амнтарин давлатҳои дунё ба шумор меравад.

Онҳо аз азму талоши роҳбарияти кишварамон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон    муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон изҳори қаноатмандӣ намудаанд, ки пас аз хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ дар як муддати кутоҳ кишварамонро соҳиби чунин дастовардҳо гардонидаанд.

Имрӯз месазад, ки мо аз саҳми бузург ва шоистаи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон дар ҳифзи давлату миллат ва истиқлолиятамон бо ифтихор ҳарф бизанем. Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон ин эътибор ва шаъну шарафро ба осонӣ ба даст наовардаанд. Хизмати содиқонаи ҳазорон сарбозони шуҷоъ ва корнамоиҳои вантандӯстонаи онҳо буд, ки Артиши миллӣ ба комёбиҳои бузург ва шаъну эътибори бепоён ноил  гардид.

Ихтиёран  хизмат намудан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамонро қарзи виҷдон ва шаъну шарафи ҷавонмардони   ватандӯст  аст.

Онҳо бо ин амали хуб собит менамоянд, ки падару модар ва ватани ҷоноҷонашонро сидқан дӯст медоранду дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар хизмат намуда, қарзи фарзандии худро дар назди Ватан ва падару модар адо менамоянд

Ҳар як ҷавонписар бояд фаромӯш накунад, ки ихтиёрӣ ба ҷо овардани хизмати ҳарбӣ беҳтарин сифати xавонмардӣ ба шумор меравад. Ин гуна ҷавонмардон муҳофизони ҳақиқии ватан, фарзандони шоистаи халку миллатанд, ки ҳифзи Ватанро бо амри дил интихоб намудаанд.

Шоистаи таҳсин ва қобили зикр ва аст, ки айни ҳол дар нуқтаҳои муҳими муҳофизатӣ, хоса дар сарҳади давлатамон ба хотири ҳифзи кишвар аз ҳамлаҳои душманон ҷавонони ғаюри миллатамон шабҳои зиёди бедорхобиро паси сар намуда, фароғату осоиш ва амнияти моро ҳифз менамоянд.   

Аз ин рӯ, ҷавонмардони дигар бояд бо нидои  дил ба ҳифзи  халқу Ватан дар роҳи ҳифзу ҳимояи он омода ва дар лаҳзаҳои зарурӣ дар ин роҳ ҷоннисорӣ намуданро шаъну шараф ва қарзи виҷдонии худ донанд.

Ҳар касе ки дар Артиши миллӣ хизмати ҳарбиро ба ҷо меоварад, чусту чолокӣ, ҷасорат, шуҷоат, далерӣ, мардонагӣ омӯхта, дигар хислатҳои наҷибро  дар худ парвариш медиҳад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон    муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар яке  аз баромадҳои худ таъкид намуда буданд, ки

 «Ихтиёран хизмат намудан дар  сафи Қувваҳои Мусаллаҳ нишонаи бузурги ватандӯстӣ, азму ирода ва ҷасорату далерии ҷавонмардони мо буда,  ин сифатҳо зимни хизмати ҳарбӣ боз ҳам ташаккул меёбад».

Айни  замон имконияту шароитҳо дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтару хубтар гардида, дар қисму воҳидҳои он шумораи зиёди ҷавонони кишварамон  хизмати ҳарбиро сарбаландона ба ҷо оварда истода, садоқати худро ба Ватан ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон медиҳанд.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола дар доираи таҷлили солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари ҷумҳурӣ дар ҳамкории ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, Раёсати маорифи шаҳр, Бахши ҷавонон, варзишу сайёҳӣ, Комиссариати ҳарбӣ ва Ташкилоти мададгори мудофиа мусобиқоти анъанавии «Ватанпарвар» доир  карда мешаванд.

Ин чорабиниҳо имконият медиҳанд, ки ҷавонписарони шаҳрамон аз худ ҷасурӣ, чусту чолокӣ нишон дода, ба хизмати Модар – Ватан ҷиддан омода  гарданд.

Кишваре, ки 27 сол муқаддам дар миёни алангаи оташ буду касе аз ободию осоиштагии ояндаи он боварӣ надошт, боиси шукргузории зиёд аст, ки имрӯз дар саросари он фазои оромию сулҳу субот тантана дорад. Ҳамарӯза ба сӯи ободию шукуфоӣ қадамҳои устувор мегузорад.

Насли калонсоли ҷомеа хуб медонанд, ки ин комёбӣ ва дастоварди бузурги халқу миллат ва давлатамон ба осонӣ ба даст надодааст. Дар роҳи пуршебу фарози расидан ба сулҳу субботу осоиштагӣ халқи моро қурбониҳои зиёд пеш омад. Барои ба ин рӯзи пурсаодат ва хушию хуррамӣ расидан саҳми Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бениҳоят бузург аст. 

Имрӯзҳо аз баракати сулҳу субот ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар саросари  кишварамон барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30– солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2021 воқеъ мегардад, тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааанд.

Бо василаи бунёди сислсилаи иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ ва иншооти иҷтимоӣ   кишварамон боз ҳам зебову пешрафта гардида, сатҳи рӯзгори халқамон дучанд боло мегардад. Дар саросари мамлакатамон дар ду соли омодагӣ ба истиқболи ин ҷашни пуршукӯҳ бунёд ва  мавриди истифода қарор ёфтанд, ки дар пешрафти кишвар ва рӯзгори сокинони он мусоидати комил намуданд. 

Дар ин муддат шумораи зиёди биноҳои хуштарҳу замонавӣ ва бо технологияи муосир муҷаҳҳази қисмҳои ҳарбӣ бунёд гардиданд, ки аз ҳусни таваҷҷуҳ ва ғамхории  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон    муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон башорат медиҳанд.

Ин гуна дастовардҳо ва ғамхориҳои  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ба хотири ҳифзу таъмини амнияти саросарии кишвару миллат нигаронида шудааст,  ҳар нафар аз сокини мамлакат дидаву ба ӯ изҳори сипос менамояд. Аз умқи дил таманно менамояд, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқтадир ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон поянда ва парчами шукӯҳу ифтихори Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷовидона парфишон бод!

27–умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар –ҳомии   миллату давлатамон барои тамоми сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол   мубораку фархунда бод!

Мирзо Ашӯров,

коршиноси Маркази тадқиқоти

стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  

Чоп кунед