Авзои ҷаҳони муосир тақозо мекунад, ки ҳар як раванду падидае, ки дар ҷомеа зуҳур мекунанд, бояд мавриди таваҷҷуҳи хосса қарор гирифта, аз мавқеи манфиатҳои миллӣ мавриди таҳлил, баррасӣ ва арзёбии амиқ қарор дода шавад. Дар низоми манфиатҳои миллӣ дар шароити муосир, қабл аз ҳама, ҳифзи амнияти зеҳнӣ ё худ иқтидори илмии миллат дар ҷойи аввал меистад, ки он маҳз тавассути рушди маориф ва илм амалӣ  хоҳад шуд.

Воқеияти ҷаҳони муосир собит месозад, ки амнияти миллии кишварҳо, аслан аз тариқи баланд бардоштани фаъолияти илмиву технологии тамоми соҳаҳо, рушди сармояи зеҳнӣ ва сатҳи баланди рақобатнокӣ таъмин карда мешавад. Вобаста ба ин, Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар Рӯзи дониш 17-уми августи  соли 2020 соҳаҳои илму маорифро пояи асосии рушд ва амнияти кишвар номида буданд. Ҳамчунин, дар моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи амният» таъкид шудааст, ки “хароб гардидани сифати таълим ва нерӯи зеҳнии мамлакат ҳамчун таҳдид ба амнияти давлат арзёбӣ мешавад”.

Тавре ки медонем, 29 январи соли 2021 Қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ба тасвиб расид, ки аз қабули он як сол сипарӣ шуд. Тибқи моддаи 31, қисми 2, банди 3 қонуни мазкур ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбӣ танҳо барои «онҳое, ки дар шуъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ барои дарёфти тахассуси дараҷаи бакалавр ва мутахассис бори аввал таҳсил менамоянд-дар давраи таҳсил» муқаррар шудааст. Аз муқаррароти қонуни мазкур бармеояд, муҳассилини зинаи магистратура ва докторантура (доктор Рhd) аз ҷалб намудан ба хизмати ҳарбӣ озод нестанд. Ҳамчунин, тибқи қонуни мазкур тамоми хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сарфи назар аз хатми курсҳои омодагӣ дар кафедраҳои ҳарбӣ, онҳо ба хизмати ҳарбӣ ҷалб шуда, ҳамчун сарбози қаторӣ хизмат мекунанд. Бояд зикр намуд, ки дар қонуни мазкур нуктаҳои дигари баҳсангез низ ҷой доранд, вале мо аз баррасии онҳо ин ҷо худдорӣ менамоем.

Бояд зикр намуд, ки таҳлили раванди амалӣ гардидани қонуни мазкур дар тӯли як сол собит намуд, ки он ба манфиатҳои миллии Тоҷикистон мувофиқ набуда, балки, қабл аз ҳама, ба соҳаи илму маориф, ташаккули иқтидори илмӣ ва амнияти зеҳнии кишвар ва ниҳоят, дар оромию суботи ҷомеа метавонад нақши манфӣ гузорад. Мушоҳидаҳои яксолаи мо собит намуд, ки ба нигарониҳои шаҳрвандону намояндагони соҳаи илму маориф нигоҳ накарда, на аз ҷониби мақомоти расмии соҳаи илм ва маориф ва на аз ҷониби муаллифони қонун ё мақомоти дигаре доир ба оқибатҳои манфии амалӣ гардидани қонуни мазкур ишорае нашудааст.

Тибқи ҳисоботи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ниҳоди мазкур аллакай, барои ба муқаррароти ин қонун мувофиқ намудани  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” тағйиру иловаҳоро таҳия намуда, барои мувофиқа ба вазоратҳои дахлдор фиристодааст. Яъне мақомот ва масъулони соҳа, хусусан Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доир ба масъалаи мазкур, аслан мавқеи созишкоронаро интихоб намуданд, ки чунин мавқеъгирӣ наметавонад ба ҳифзи манфиатҳои давлату миллат созгор бошад.

Саволе ба миён меояд, ки дар шароити ҷаҳони муосир, ки тамоми миллатҳои дунё тавассути маориф ба сӯи дастовардҳои навтарини илму технология ва татбиқи онҳо дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишварҳояшон талош меварзанд, зарурати ба таври оммавӣ ба хизмати ҳарбӣ ҷалб намудани донишҷӯён, аспирантон ва докторантони муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва мактабҳои олӣ дар Тоҷикистон аз чӣ иборат бошад? Дар ҳоле ки  шумораи ҷавонони синни даъватӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҷумҳурӣ хеле зиёд аст ва ин имконият медиҳад, ки аз миёни ҷавонони ҳамаи қишрҳои аҳолии кишвар беҳтаринҳо интихоб ва ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват карда шаванд.

Бешубҳа, барои ҳар як давлат артиши пешрафта ва замонавӣ зарур аст. Ҳадаф аз қабули қонуни мазкур низ таҳкими иқтидори ҳарбӣ ва қобилияти мудофиавии мамлакат, ҳифзи марзу буми Ватани азизамон – Тоҷикистон мебошад. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ, бе шакку шубҳа, мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди ватандӯст маҳсуб мешавад.

Вале, бояд зикр намуд, ки таҳкими қобилияти мудофиавии мамлакат танҳо тавассути артиш ғайриимкон аст. Ҳамзамон, таҳкими артиш набояд рушд ва фаъолияти бомароми самтҳои дигари ҳаёти мамлакатро халалдор созад. Дар баробари артиш, мувозинати рушди самтҳои дигари ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мамлакат, аз ҷумла соҳаи илм ва маориф низ бояд таъмин карда шавад. Зеро ки артиши қудратманд ҳамон артишест, ки сарбозону афсарони он бо дониши назариявӣ ва амалии худ доир ба техникаву технологияи наву муосир ҷавобгӯи замон бошанд. Дастрасӣ ба аслиҳаи ҳарбии муосир ва, хусусан аслиҳаи  дақиқрас, бе доштани дониши назариявӣ ва амалӣ комилан ғайриимкон аст. Набояд фаромӯш кард, ки чунин донишро маориф –муассисаҳои таълимӣ медиҳанд.

Бояд зикр намуд, ки   қонуни мазкур  хилофи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ” мебошад. Зеро ки магистратура, ин зинаи дуюми таҳсилоти олии касбӣ маҳсуб шуда, таҳсил дар ин зинаи таҳсилот низ чун зинаҳои мутахассис ва бакалавар бояд дар шакли мунтазам то марҳилаи хатм идома дода шавад. Ҳамчунин, дар сиёсати давлатии Тоҷикистон маориф самти афзалиятнок эълон шудааст, ки он ҳамаи зинаҳои таҳсилот, шуруъ аз боғчаю муассисаҳои таълими ибтидоӣ то муассисаҳои таҳсилоти олии касбию зинаҳои дигари таҳсилот дар магистратура ва докторантураро фаро мегирад.

Тибқи таҳлилҳои мо, идома ёфтани амали қонуни мазкур имкон дорад дар ояндаи наздик дар  чанд самт таъсири манфии худро гузорад:

Якум, бо қабул гардидани ин қонун сатҳи нуфузу эътибори мактаби олӣ ва муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, дар маҷмуъ соҳаи илм ва маориф коста гардида, майлу хоҳиши ҷавонон ба соҳаи мазкур ба таври назаррас коҳиш меёбад. Таҳлили натиҷаҳои имтиҳонҳои дохилшавӣ тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон собит намуд, ки соли 2021 қабул ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ нисбат ба солҳои гузашта ба таври назаррас коҳиш ёфта, ба ҷои 86307 ҷойи дар нақшаи қабул пешбинишуда, ҳамагӣ 64937 нафар комёб гардиданд, ки он 75,2 фоизи нақшаи умумии қабулро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, аз 64937 нафари комёбгардида 53012 нафари онҳо ба муассисаҳои таълимии касбӣ ҳозир шуда, 11925 нафари он ба муассисаҳои таълимӣ ҳозир нашуда, аз таҳсил даст кашиданд. Дар маҷмуъ иҷрои нақшаи умумии қабул 61,5 фоизро ташкил намуд, ки ин аз нақшаи  муайяншуда 33295 нафар кам мебошад.

Аз ҷумла, дар Донишгоҳи миллии  Тоҷикистон – бонуфузтарин мактаби олии кишвар қабули донишҷӯён тақрибан 85-90 фоизи нақшаро ташкил  намуд.

Дуюм, вобаста ба қабули қонуни мазкур хоҳишмандон барои таҳсил дар зинаи дигари мактаби олӣ – магистратура нисбат ба солҳои гузашта хеле кам гардида, ягон мактаби олии ҷумҳурӣ нақшаи қабул ба магистратураро иҷро накардааст. Масалан, дар Донишгоҳи миллӣ нақшаи қабул ба магистратура ҳамагӣ 30 фоизро ташкил медиҳад, ки теъдоди асосии онро занҳо ташкил медиҳанд.  Дар  баъзе ихтисосҳо дар мактабҳои олии кишвар, хусусан дар самти илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ барои таҳсил дар магистратура ягон нафар ҳуҷҷат насупоридааст.

Бояд зикр намуд, ки тибқи талаботи низоми нави таҳсилот танҳо хатмкунандагони магистратура ҳақ доранд, ки ба докторантура (Доктор Рhd) дохил шуда, барои гирифтани дараҷаи илмӣ таҳсилро идома диҳанд.  Дар ин замина қабул ба докторантура (Доктор Рhd) низ коҳиш ёфта, дар ДМТ ба ҷои 194 нафари пешбинишуда ҳамагӣ 57 нафар қабул гардидааст. Вазъияти қабул ба докторантура дар дигар мактабҳои олии кишвар аз ин ҳам бадтар гардидааст. Вобаста ба теъдоди ниҳоят ками дохилшавандагон ба магистратура эҳтимолан соли оянда аз рӯи аксари ихтисосҳо қабул барои таҳсил дар зинаи докторантура ғайриимкон мегардад.  Дар натиҷа низоми тайёр намудани кадрҳои илмӣ хароб гардида, норасоии кадрҳои илмӣ дар ҷумҳурӣ боз ҳам шадидтар хоҳад шуд.

Ҳамин тавр,  аз сабаби ба хизмати ҳарбӣ ҷалб гардидани он қишри асосӣ – магистр ва докторант, ки оянда заминаи асосии ташаккули иқтидори илмии мамлакат маҳсуб мешаванд, тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар, хусусан мактабҳои олӣ ва муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ба мушкилии норасоии шадиди кадрӣ рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.

Бояд гуфт, ки кори илмӣ фаъолияти мунтазамро талаб мекунад. Баъди адои муҳлати хизмат дар сафи артиш на ҳамаи магистр ё докторант ба соҳаи илм бармегардад, агар баргардад ҳам, ин ба фаъолияти илмии ӯ таъсири ҷиддии манфӣ мерасонад. Хусусан, ин амал боиси кашолёбии ҳимояи рисолаи илмӣ мегардад, ки вобаста ба мушкилоти мавҷудаи иҷтимоӣ на ҳар як унвонҷӯй инро қабул дорад.

Сеюм, ба ташаккули захираи зеҳнӣ ё худ иқтидори илмии миллат таъсири мустақими манфӣ мерасонад.

Таҳлилҳо собит месозанд, ки сатҳи дониши мактаббачагону донишҷӯён ва инчунин, сатҳи илмии олимон ва касбияти мутахассисон рӯ ба пастравӣ дорад. Мувофиқи ҷамъбасти натиҷаҳои имтиҳонҳои қабул ба мактабҳои олӣ дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 аз субтести математика дар доираи гурӯҳҳои ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) ва 2-юм (иқтисод ва география) ҳамагӣ 3,2 %‑и довталабон тавонистаанд, ки аз 24 то 40 холро (аз ҷумла, довталабони аз 24 то 31 холгирифта – 2,4 % ва довталабони аз 32 то 40 холгирифта – 0,8 %) соҳиб шаванд, ки ин хеле паст аст. Инчунин, тибқи додаҳои ин ҷадвал соли 2020-ум ҳиссаи довталабони аз 24 то 40 холро соҳибшуда 6,2 %-ро (аз ҷумла, довталабони аз 24 то 31 холро гирифта – 4,3 % ва довталабони аз 32 то 40 холро гирифта – 1,9 %) ташкил додааст, ки ин нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи соли 2021-ум баландтар аст.

Лекин бояд тазаккур дод, ки дар маҷмуъ, ҳар ду нишондод ҳам аз дараҷаи зарурӣ хеле паст будани сатҳи дониши хатмкунандагон аз фанни математикаро нишон медиҳанд.

Дар сатҳи ҷумҳурӣ дар соли 2021-ум аз субтести забони тоҷикӣ дар доираи ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо ҳамагӣ 30,6 %‑и довталабон тавонистаанд, ки ба холҳои маҳдудаи сифатӣ, яъне аз 24 то 40 холро (аз ҷумла, довталабони аз 24 то 31 холгирифта – 24,9 %-и ва довталабони аз 32 то 40 холгирифта – 5,7 %) соҳиб шаванд, ки ин нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи соли 2020‑ум пасттар аст. Зеро дар соли 2020-ум ҳиссаи довталабони аз 24 то 40 холро соҳибшуда 37,5 %-ро (аз ҷумла, довталабони аз 24 то 31 холро гирифта – 29,7 % ва довталабони аз 32 то 40 холро гирифта – 7,8 %) ташкил дода буд.

Тавре ки аз таҳлилҳои боло бармеояд, сатҳи дониши довталабон аз ду фанни калидӣ – математика ва забони тоҷикӣ дар сатҳи паст қарор дошта, тамоили рӯ ба пастравиро дорад.

Бояд гуфт, ки чунин тамоил дар низоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ низ баръало мушоҳида мешавад. Масалан, мувофиқи ҳисоботи Вазорати маориф ва илм дар соли 2021 аз 50732 нафари хатмкунандаи мактабҳои олии ҷумҳурӣ (ба истиснои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии қудратӣ) ҳамагӣ 344 нафар (0,67 %) имтиҳонҳои хатмро бо баҳои аъло ҷамъбаст намуда (334 нафар дар шуъбаи рӯзона, 10 нафар дар шуъбаи ғоибона, фосилавӣ), аз ин шумора 58 нафар муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо дипломи “Аъло” хатм намуданд. Ин рақамҳо далели онанд, ки сатҳи дониши хатмкунандагони макотиби олӣ низ нисбат ба солҳои пеш коҳиш ёфта, имрӯз наметавонад неруи илмии мамлакатро таҳким бахшида, амнияти зеҳнии кишварро таъмин намояд.

Таҳлилҳо собит намуданд, ки дар соли таҳсили 2021-2022 нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ (ба истиснои муассисаҳои тиббӣ) иҷро нагардид. Махсусан, муассисаҳои таълимие, ки аз рӯи равияҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ мутахассисонро омода менамоянд, дар рӯ ба рӯи мушкилоти ҷиддӣ қарор доранд. Чунин ҳолат амалӣ гардидани 20-солаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқро мушаххасан зери суол қарор медиҳад.

Маврид ба зикр аст, ки вазъи илм дар кишвар нигаронкунанда буда, норасоии кадрҳои баландихтисоси илмӣ дар тамоми корхонаю муассисаҳо  мушоҳида мешавад. Илм ба соҳаи бесамар табдил ёфта, сатҳи илмии олимони соҳибунвон рӯ ба пастравӣ дорад. Кор то ҷое расидааст, ки баъзе олимони дорои унвонҳои баланди илмӣ аз уҳдаи навиштани тақриз ба диссертатсия намебароянд.

Тибқи ҳисоботи Вазорати маориф ва илм ба ҳолати моҳи декабри соли 2021 дар ҷумҳурӣ 4421 нафар ашхоси соҳиби унвонҳои илмӣ  фаъолият менамояд, ки аз онҳо 839 нафар доктори илм ва 3582 нафар номзади илм мебошанд. Барои муқоиса, бояд зикр намуд, ки то замони истиқлолият дар ҷумҳурӣ 12 мактаби олӣ ва 3070 нафар номзадҳои илм буданд. Ҳоло бошад, 41 мактабӣ олӣ ва 3582 нафар номзади илм, яъне теъдоди номзадҳои илм ҳамагӣ 500 нафар афзудааст. Чунин тағйироти миқдорӣ дар муқоиса ба теъдоди имрӯзаи мактабҳои олӣ дар кишвар ночиз буда, аз ҷиҳати сатҳу сифат ба солҳои пеш муқоисанашаванда аст. Ҳамин тариқ, имрӯз тамоми мактабҳои олӣ ва институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ аз нарасидани кадрҳои соҳибунвони илмӣ танқисии шадидро эҳсос мекунанд.

Бояд ёдовар шуд, ки дар ҷумҳурӣ норасоии на танҳо олимони соҳибунвон, балки мутахассисон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, хусусан соҳаи омӯзгорӣ ва тандурустӣ бештар эҳсос карда мешавад. Дар маҷмуъ, низоми илму маориф аз ин амал зарари ҷуброннопазир мебинанд, ки ислоҳи он дар оянда мушкил хоҳад гашт.

Чорум, вазъи молиявии тамоми мактабҳои олии кишвар хароб гардида, хусусан буҷети он муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбие, ки пурра аз ҳисоби партохти гурӯҳҳои шартномавӣ ташаккул меёбад, бо кам гардидани теъдоди донишҷӯён ба таври назаррас коҳиш хоҳад ёфт. Тавре ки зикр гардид, соли 2021 нисбат ба нақшаи муқарраргардидаи қабул ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ 33295 нафар довталабон камтар дохил шуданд. Илова бар ин, бинобар сабаби дилсардии донишҷӯён ба таҳсил ва ба дарсҳо иштирок накарданашон аз донишгоҳҳо хориҷ шудани онҳо низ дар як сол ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Тибқи маълумоти Вазорати маориф ва илм соли 2020 бо  чунин сабабҳо 2471 нафар, вале  дар 9 моҳи соли 2021 бошад, 5198 нафар донишҷӯён аз донишгоҳҳо хориҷ карда шуданд, ки нисбат ба соли гузашта 2,1 баробар зиёд аст.

Ҳамчунин, ба ҳолати 19 октябри соли 2021 аз аввали соли таҳсил (дар 9 моҳ) дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар (ба истиснои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии қудратӣ) аз 155.497 нафар донишҷӯи шуъбаи рӯзона 16.737 нафар (10,76%) бо сабабҳои гуногун аз таҳсил дур монданд, ки 88 фоизи онро писарон ташкил медиҳанд.

Ҳамин тавр, бо сабаби иҷро нагардидани нақшаи қабул ва аз таҳсил даст кашидани донишҷӯён дар соли таҳсили сипаришуда дар маҷмуъ 50.032 нафар аз донишгоҳҳои ҷумҳурӣ берун монданд, ки мутаассифона, дар Вазорати маориф ва илм ин равандро чун “динамикаи муқаррарӣ” арзёбӣ менамоянд. Ҳол он ки вазъият хеле нигаронкунанда буда, ҳолати мавҷуда ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад чун “динамикаи муқаррарӣ” арзёбӣ шавад.

Бояд ёдовар шуд, ки дар соли таҳсили 2021-2022 барои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ (ба истиснои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии қудратӣ) тибқи нақшаи қабул 55.823 ҷой ҷудо гардидааст, ки аз он ҳамагӣ 10 655 (19,09%)  ҷойҳои буҷавӣ буда, 45.168-тоаш (80,91%) ҷойҳои шартномавӣ мебошанд.

Дар маҷмӯъ, барои қабули донишҷӯён ба коллеҷҳо ва донишгоҳу донишкадаҳо   тибқи нақша дар соли 2021-ум 86307 ҷой ҷудо гардида буд, ки аз он 17767-тоаш (20,59 %) барои таҳсили ройгон ва 68540-тоаш (79,41 %) барои таҳсили пулакӣ пешбинӣ шудааст. Аз шумораи умумии довталабони комёбгардидае, ки ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ҳозир нашудаанд, 12,13 фоиз ба гурӯҳҳои ройгон ва 87,87 фоиз ба гурӯҳҳои пулакӣ мансуб мебошанд. Ин далели он аст, ки ташаккули буҷети ҳамаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ аз гурӯҳҳои шартномавӣ вобастагии ҷиддӣ дорад.

Дар мактабҳои олӣ бинобар кам гардидани донишҷӯён дар гурӯҳҳои шартномавӣ масъалаи пардохти маоши омӯзгорон ба мушкилии ҷиддӣ табдил ёфта истодааст. Вобаста ба коҳиш ёфтани теъдоди донишҷӯён дар баъзе  мактабҳои олӣ, хусусан дар самти илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ, масъалаи ихтисори воҳидҳои кории омӯзгорон ва муттаҳид намудани кафедраҳо пеш омадааст. Бо идома ёфтани чунин амал вазъият на танҳо дар он мактабҳои олии пурра дар асоси худмабалғгузорӣ фаъолияткунанда, балки дар тамоми мактабҳои олии кишвар мураккаб хоҳад шуд. Идомаи чунин ҳолат метавонад масъалаи тарки мактабҳои олӣ намудани омӯзгоронро ба миён биёрад. Зеро ки сатҳи маоши омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ аз пардохти маблағҳои гурӯҳҳои шартномавӣ вобастагии ҷиддӣ дорад.

Бояд гуфт, ки айни ҳол музди меҳнати омӯзгорони соҳибунвон дар мактабҳои олӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои номзади илм, дотсент 1569 сомонӣ  ва барои доктори илм, профессор 1720 сомонӣ муқаррар шудааст, ки ин, албатта, наметавонад боиси дилгармӣ ва ҳавасмандии омӯзгорони соҳибунвони мактабҳои олӣ бошад.

Панҷум, қонуни мазкур имкон дорад дар ояндаи наздик ба омили   халадор  сохтани оромию субот дар кишвар табдил ёбад. Бояд зикр намуд, ки дар шароити имрӯзаи ҷумҳурӣ масъалаи таъмини шуғли ҷавонон яке аз мушкилоти асосии ҷомеа маҳсуб мешавад. Ҳамасола аз таҳсил дар мактабҳои олӣ берун мондани чунин теъдоди (тақрибан 50 ҳазор нафар) ҷавонон боиси боз ҳам мушкилтар гардидани масъалаи шуғл хоҳад шуд.

Дар сурати идома ёфтани чунин раванд, теъдоди ҷавонони аз таҳсил дурмонда, ки бояд тӯли чор сол ба таҳсил дар мактабҳои олӣ фаро гирифта мешуданд, тақрибан ба 200 ҳазар нафар хоҳад расид, ки дар натиҷа имкон дорад дар ду самт мушкилӣ эҷод шавад.

Аввалан, мушкили умумӣ, ҳам барои ҷомеа ва ҳам барои сохторҳои дахлдори давлатӣ, ҷиҳати бо шуғли муайян таъмин намудани чунин теъдоди бузурги ҷавонони бекасбу кор ва бе таҷрибаи зарурии ҳаётӣ.

Сониян, дар чунин ҳолат тафаккури ҳанӯз ташаккулнаёфта ва осебпазир, сатҳи пасти ҷаҳонбинии ҷавонони аксаран 17-20-солаи бекасбу кор, имкон дорад боиси зуҳури эътирози иҷтимоии ҷавонон гардида, эҳтимолияти ба идеологияи бегона гаравидани онҳоро ба миён биёрад. Зеро ки ҷавонони беназорат ва таҳсилногирифта дар чунин ҳолат аз дарки воқеии арзишҳои миллӣ ва ахлоқию фарҳангӣ дур монда, бештар аз рӯи эҳсосот амал мекунанд, ки дар натиҷа имкон дорад боиси халалдор гардидани оромию суботи ҷомеа гардад.

Бинобар ин, ба андешаи мо, ба ҷои он ки ҷавонони ранҷидаю асабониро дар кӯчаҳои шаҳру ноҳияҳо дошта бошем, беҳтар аст, ки онҳо бо маблағҳои худашон (ба таври шартномавӣ) ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ фаро гирифта шаванд. Дар давраи таҳсил донишҷӯён зери назорат қарор дошта, ҳамзамон сатҳи тафаккур ва ҷаҳонбиниашон боло меравад ва дар натиҷа эҳтимолияти гаравидани онҳо ба фарҳангу идеологияи бегона  камтар мешавад. Донишҷӯй дар раванди таҳсил чун шахсият ба воя расида, нигоҳ ва муносибати ӯ ба дигаргуниҳои ҷомеа ба самти мусбат тағйир меёбад, дар хулқу рафтори ӯ таҳаммулпазирӣ ва ҳисси ватандӯстию худшиносӣ бештар ташаккул меёбад ва устувор мегардад.

Бояд гуфт, ки дар замони истиқлолият зиёд гардидани мактабҳои олӣ ва ҳар чи бештар ба таҳсил фаро гирифтани ҷавонон беҳтарин василаи зери назорат нигоҳ доштани онҳо маҳсуб шуда, чун ҳадафи муҳими стратегӣ арзёбӣ мешавад. Ҳамзамон, ба таҳсил фаро гирифтани ҷавонон дар ин маврид ба як навъи шуғл табдил меёбад ва бояд ёдовар шуд, ки дар кишварҳои дигар низ чунин таҷриба вуҷуд дорад.

Бо назардошти гуфтаҳои боло метавон гуфт, ки Қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» бе таҳлили вазъи сиёсии ҷаҳон, дурнамо ва манфиатҳои миллӣ таҳия ва қабул гардидааст. Қонунҳо бояд созанда буда, набояд ба рушди ҷомеа ва ҳаёти моддию маъанавӣ мухолифат дошта бошанд. Амалияи яксолаи қонуни мазкур собит намуд, ки он хилофи манфиатҳои соҳаи илму маориф, дар маҷмуъ хилофи ҳифзи амнияти зеҳнии кишвар буда, қабл аз ҳама, боиси ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардидани муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва мактабҳои олии кишвар гардид.

Қонуни мазкур воқеан ҳам, кори кормандони комиссариатҳои ҳарбиро осон намудааст. Комиссариатҳои ҳарбӣ бо дахолати дигар мақомоти қудратӣ нақшаи даъвати ҳарбиро безаҳмат аз ҳисоби донишҷӯёну аспирантону докторантҳо пур менамоянд, вале, ҳамзамон, бо ин амал ба соҳаи маориф ва илми ҷумҳурӣ зарари ҷуброннопазир мерасонанд. Ҳол он ки ҳамасола муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳуриро тақрибан зиёда аз 160 ҳазор нафар хатм менамоянд ва нақшаи солонаи  даъват ба хизмати ҳарбӣ бошад, ҳамагӣ 16 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Таҳлилҳо собит месозанд, ки вобаста ба мушкилоти шуғл, аксар ҷавонон барои ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ рафтан изҳори омодагӣ менамоянд, вале аз шароит ва муносибат дар қисмҳои ҳарбӣ изҳори нигаронӣ мекунанд.  Дар сурати мавҷуд будани шароити хуб барои хизмати ҳарбӣ нақшаи даъват бемамониат иҷро мешавад ва барои “тадбирҳои иловагӣ” зарурат боқӣ намемонад. Лекин дар сурати беҳтар нагардидани шароити хизмат ва муносибат бо сарбозон дар қисмҳои ҳарбӣ тадбирҳои иловагӣ низ вазъиятро тағйир дода наметавонанд.

Бояд гуфт, ки илму маорифи ҷумҳурӣ имрӯз дар рӯ ба рӯи буҳрони шадид қарор дошта, ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад. Бо итминони комил метавон гуфт, ки айни ҳол иқтидори зеҳнии, на Академияи илмҳо ва на Вазорати маориф ва илм барои амалӣ намудани чунин як ислоҳот ва аз ҳолати буҳронӣ раҳо намудани соҳаи мазкур басанда нест. Барои ҳалли ин мушкилоти миллӣ тамоми неруҳои фаъоли ҷомеаи илмӣ ва аҳли маорифи кишвар бояд ҷалб ва сафарбар карда шавад. Қабули қонуни мазкур бошад, ҳолати мавҷудаи маориф ва илмро боз ҳам мураккабтар намуда, боиси коҳиш ёфтани таъмини амнияти зеҳнии мамлакат  мегардад.

Ҳифзи Ватан ва хизмат дар сафи артиш ифтихор аст, барои ҳама! Лекин ватанро танҳо бо силоҳ ҳифз намекунанд. Барои ҳифзи ватан насли рӯҳан ва ҷисман солим зарур аст, ки ҳалли ин мушкило аслан, бар дӯши соҳаи маориф ва тандурустӣ  қарор дорад. Яъне, ду соҳае, ки имрӯз дар рӯ ба рӯи мушкилоти ҷиддии кадрӣ қарор дошта, аз норасоии мутахассисони варзида танқисӣ мекашанд ва дар мади аввал ҳадафи таъсири манфии  қонуни мазкур қарор гирифтанд.

Шояд муаллифони қонуни мазкур қабули онро чун воситаи таҳкими ҳифзи ватан ва таъмини бехатарии он арзёбӣ намоянд. Вале набояд фаромӯш кард, ки кафили асосии ҳифзи ватан ва марзу буми он, таъмини амнияти шаҳрвандон, дар мадди аввал, ин илму маорифи рушдёфта ва мардуми босаводи кишвар мебошад. Зеҳнҳо ва истеъдодҳо бояд ҳифз шаванд ва имтиёз дошта бошанд. Ҳатто дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ин гуна одамон имтиёз доштанд ва ба хизмати ҳарбӣ ҷалб карда намешуданд. Дар асри ХХ1 наҷоти инсоният маҳз аз рушди соҳаи маориф вобаста мебошад.

Вобаста ба ин, ба андешаи мо бозбинии Қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ба зарурати воқеӣ табдил ёфта, бояд он дар таҳрири нав ва бо назардошти ислоҳи бандҳои дахлдор, ки ба соҳаи маориф ва илм таъсири бевоситаи манфӣ мерасонанд, пешниҳод карда шавад. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ қабули довталабон ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва даъват ба хизмати ҳарбӣ шуруъ гардидааст, ки ин раванд бояд бо назардошти ҳифзи манфиатҳои давлат танзим ва роҳандозӣ карда шавад.

Абдураҳмон Қурбонов,
доктори  илми фалсафа,
сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои
Иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед