УДК:

МАВЗӮИ МАҚОЛА – выравнивание по середине
НОМУ НАСАБИ МУАЛЛИФ, – пурра, выравнивание по середине
Дар бораи муаллиф (номзади илмӣ, ҷои кор, суроға, телефон, e-mail) – выравнивание по середине

Аннотатсия (калимаи “Аннотатсия” – ро нанависед!) – выравнивание по ширине

Матни мақола – выравнивание по ширине

АДАБИЁТ

1. Махмадов А.Н., Асадуллаев И.К. Национальный интерес Таджикистана. (Методическое руководство). – Душанбе: Авесто, 2009.–С. 8.

2. Френсис Фукуяма. Неясность национального интереса // Независимая газета. 1992, 16 октября. -С.3-5.

МАВЗӮИ МАҚОЛА – бо забони русӣ

НОМУ НАСАБИ МУАЛЛИФ, – пурра, бо забони русӣv Дар бораи муаллиф (номзад, ҷои кор, суроға, телефон, e-mail) – бо забони русӣ

Аннотатсия бо забони русӣ (калимаи “Аннотатсия”–ро нанависед!) – выравнивание по ширине

МАВЗӮИ МАҚОЛА – бо забони англисӣ

НОМУ НАСАБИ МУАЛЛИФ, – пурра, бо забони англисӣ

Дар бораи муаллиф (номзад, ҷои кор, суроға, телефон, e-mail) – бо забони англисӣ

Аннотатсия бо забони англисӣ (калимаи “Аннотатсия”–ро нанависед!) – выравнивание по ширине

НАМУНА


УДК:351.746(575.3)

ҶАНБАҲОИ СИЁСИИ ҲАЛЛИ ПРОБЛЕМАҲОИ МАРЗӢ БАЙНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҶУМҲУРИИ ХАЛҚИИ ХИТОЙ

ХОЛИҚНАЗАР ХУДОБЕРДӢ,

директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих,
шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҳусейнзода бинои 4, ҳ. 12,
тел.: +992 918 17 78 13, e-mail: khalik@ mail.ru

Дар мақола масъалаи ҳаллу фасли одилонаи проблемаи сарҳадӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой аз соли 1992 то соли 2002 мавриди таҳлил қарор дода шудааст. Муаллиф баъд аз баррасӣ ва таҳлил ба чунин натиҷа расидааст, ки Тоҷикистон ва Хитой бо саъю талоши муштарак, бо шеваи «созиши оқилона» тавонистанд проблемаи марзии тайи беш аз 200 сол ноҳалро байни ду кишвар ҳаллу фасл намоянд. Дар натиҷа, аз 28 000 километри мураббаъ ҳудуди баҳснок дар қитъаи «Помири Бузург» дар ағбаи Узбел ҳамагӣ 3,5 фоизи ҳудуди қитъаи баҳснок ба Хитой гузашт ва 96,5 фоизи он дар қаламрави Тоҷикистон боқӣ монд.

Калидвожаҳо: музокироти дуҷониба, Эъломияи муштарак, проблемаи сарҳадӣ, ҳудуди марзӣ, машваратҳои баробарҳуқуқ, ҳусни тафоҳум, гузашти мутақобила, вазорати корҳои хориҷӣ.

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз касби истиқлолияти давлатӣ дар санаи 9 сентябри соли 1991, барои ҳаллу фасли проблемаҳои сарҳадӣ бо Ҷумҳурии Халқии Хитой кӯшиш ба харҷ дода, аз соли 1992 дар Ҳайати муттаҳида дар шакли 4+1, яъне бо иштироки Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирѓизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як тараф ва Ҷумҳурии Халқии Хитой аз тарафи дигар, фаъолона ширкат варзид.

Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳайати муттаҳида имконият дод, ки Тоҷикистон аз Вазорати корҳои хориҷии Русия асноди зарурӣ ва созишномаҳою протоколҳои дахлдори музокироти Шӯравӣ – Хитойро дарёфт намуда, баъдан музокироти мустақими дуҷонибаро бо Хитой барои ҳаллу фасли проблемаҳои сарҳадӣ шурӯъ кунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ ва давлати соҳибистиқлол уҳдадор шуд, ки проблемаи қитъаҳои баҳснок дар марзи давлатии Тоҷикистону Хитойро бар асоси ҳуқуқи қабулшуда дар амалияи байналмилалӣ ҳаллу фасл намояд. Тоҷикистон ва Хитой ба ҳалли проблемаҳои марзӣ дар асоси чунин асноди ҳуқуқӣ, монанди «Эъломияи муштарак дар бораи барқарорсозии равобити дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой», аз 4 январи соли 1992 ва «Эъломияи муштарак дар бораи усулҳои асосии муносиботи мутақобила байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой» аз 9 марти соли 1993, оғоз карданд.

АДАБИЁТ

1. Холикназаров Х. Таджикистан-ШОС: стабильность и процветание. Душанбе, 2013. – С.18.

2. Зарифи Х., Сатторов А. Таджикистан-Китай: становление государственной границы. История и современность. Душанбе, 2014. – С. 191.