+++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++ Табрикоти телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада +++ Паёми телевизионии Пешвои миллат ба муносибати Соли нави мелодӣ +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1241
mod_vvisit_counterДирӯз1827
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта9855
mod_vvisit_counterДар ин моҳ35317
mod_vvisit_counterҲамагӣ1161754
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Mайи
26
Шанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Роҳбарияти МТС
Директори МТС – Худобердӣ Холиқназар

Маълумоти шахсӣ: миллат - тоҷик, 14 июни соли 1951 таваллуд шудааст.

Маълумот: олӣ, хатмкардаи шуъбаи форсии факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1975), номзади илмҳои таърих (1988); доктори илмҳои таърих (2015)

Фаъолияти меҳнатӣ:

• Январи соли 2014 - Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

• майи соли 2012 – муовини аввали директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

• солҳои 2000 - 2012 – сардори Раёсати таҳияи стратегияҳои миллӣ ва барномаҳои иҷтимоӣ - иқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ

• феврали соли 1998 -январи соли 2000 – вазири меҳнат ва шуғли аҳолии ҶТ,

• солҳои 1993-98 - муовини раиси Маркази ҳамоҳангсозии неруҳои демократии Тоҷикистон дар ИДМ

• 07. 1992 то 11. 1992- вазири корҳои хориҷии ҶТ

• 05. 1992 - 07. 1992 -  вазири корҳои хориҷӣ ва робитаҳои иқтисодии берунии ҶТ

• солҳои 1991-92 –раиси Ҷамъияти «Носири Хисрав»

• солҳои 1989-91 – муаллими калони кафедраи фалсафа ва таърихи Институти забон ва адабиёти рус

• 1987 - 1988 - мушовир- тарҷумони КМ  созмони ҷавонони Иттиходи Шӯравӣ (ВЛКСМ)

• солҳои 1981-87 – корманди Институти шарқшиносии АИ РСС Тоҷикистон

• солҳои 1980-81 – омӯзгори Институти тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон

• 1978 - 1980 - тарҷумони забони форсӣ дар Эрон

• солҳои 1976-78 – мудири лабораторияи факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон

• солҳои 1974 -76 – тарҷумон дар Афғонистон

Доираи фаъолияти илмӣ: фалсафа, сиёсатшиносӣ, ҷомеашиносӣ, низоъшиносӣ, сиёсати хориҷӣ ва дохилӣ, хитойшиносӣ, этика, таҳкими истиқлолият ва бунёди миллӣ - давлатӣ

Интишорот: дар ҳудуди 150 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои Тоҷикистон ва  хориҷӣ. Ду адад маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ, ду монографияи илмӣ ба нашр расондааст.

 
Муовини аввали директор — Сайфулло Сафар Саъдуллозода

Маълумоти шахсӣ: миллат - тоҷик, 12 ноябри соли 1953 таваллуд шудааст.

Маълумот: олӣ, хатмкардаи факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа.

Мукофоти давлатӣ: медал ба ифтихори 20 - солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фаъолияти меҳнатӣ:

• Феврали соли 2014 - муовини аввали директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

• декабри соли 2001 - муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

• солҳои 1998-2001- муовини амалкунандаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

• солҳои 1995-1998 – мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робита бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва муносибати байни миллатҳо

• солҳои 1990-1995 –мудири шуъбаи проблемаҳои фалсафии этнологияи Институти фалсафа ва ҳуқуқи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон

• солҳои 1982- 1990- корманди хурди илмӣ ва баъдан, корманди калони илмии  Институи фалсафа ва ҳуқуқи АИ РСС Тоҷикистон

• солҳои 1979-1982- аспиранти Институти фалсафаи АИ  Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР)

• солҳои 1977-1979 – коромӯз – тадқиқотчии Институти фалсафаи АИ Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР. ш. Москва)

• солҳои 1976-1977 – лаборанти калони Шуъбаи фалсафаи АИ РСС Тоҷикистон.

Фаъолияти иҷтимоӣ:

• Раиси Маркази байналмилалии ҳифзи сулҳи Осиё ба номи устод М. Турсунзода

• Раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон – Корея

• Ҳамраиси Кумитаи ҷамъиятӣ оид ба мусоидат ба равандҳои демократӣ (ҳоло Кумитаи ҷамъиятии рушди Тоҷикистон)

• Сардабири рӯзномаи «Сулҳ дар Осиё» ( "Мир в Азии")

• Муовини сардабири маҷаллаи Маркази тадқиқотии стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз»

• Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Конфедератсияи байналмилалии журналистон

Доираи фаъолияти илмӣ: фалсафа, сиёсатшиносӣ, ҷомеашиносӣ, эстетика, низоъшиносӣ, проблемаҳои робитаи байнимиллатҳо, тақвияти истиқлолият ва сохтмони миллӣ-давлатӣ, сиёсати хориҷӣ, амнияти миллӣ, геополитика, амнияти минтақавӣ

Фаъолияти муштараки омӯзгорӣ: Устоди кафедраи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, Устоди кафедраи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи Славянии Тоҷикистон – Русия, мудири кафедраи фалсафаи Консерваторияи Миллии Тоҷикистон, профессори кафедра

Интишорот: Бештар аз 100 интишори илмӣ (монографияи дастаҷамъӣ, мақолаҳо, китобҳоои дарсӣ)

 
Муовини раис — МУМИНОВА Фарида Маҳмудовна

Маълумоти шахсӣ: Тоҷик, 26 июли соли 1963 таваллуд шудааст.

Маълумот: Олии иқтисодӣ. Хатмкардаи Институти хоҷагии халқи ба номи Г.В. Плеханови шаҳри Москва, факултаи иқтисоди умумӣ, номзади илмҳои иқтисод

Мукофоти давлатӣ: Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фаъолияти меҳнатӣ:

• 11 майи соли 2012 – муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

• сентябри соли 2009 – майи соли 2012 – сардори Раёсати тадқиқоти макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ

• августи соли 2003 – сентябри соли 2009 – муаллими калон, муовини декани факултаи байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

• августи соли 1984 – августи соли 2003 - ассистент, муаллими калони кафедраи Иқтисоди миллии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Доираи фаъолияти илмӣ: Макроиқтисод, Иқтисоди миллӣ, Иқтисоди минтақавӣ ва идоракунӣ, Робитаҳои байналмилалии иқтисодӣ, Амнияти иқтисодӣ, Эконометрика .

Интишорот: муаллифи бештар аз 70 монография, мақолаҳои илмӣ, китобҳо, аз он ҷумла: «Иқтисоди минтақавӣ ва идоракунӣ», «Минтақаҳои Тоҷикистон: назария ва методологияи таҳлил», «Сектори иҷтимоӣ дар пасманзари рушди инсонӣ», «Роҳнамои буҷетии Тоҷикистон»

 
Роҳбари Дастгоҳ – Абдурауфов Раҳмоналӣ

Маълумоти шахсӣ: Тоҷик. 25 ноябри соли 1954 дар ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Маълумот: Олии иқтисодӣ (факултаи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) Фаъолияти меҳнатӣ:

• аз 3 майи соли 2016 то ба ҳол – Роҳбари Дастгоҳи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

• солҳои 2013–2016–сармуҳосиби Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

• солҳои 2008 – 2013 – мудири шуъбаи ҳисоботи Маҷмаъаи давлатии «Кохи Ваҳдат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

• солҳои 2004 – 2008 – сардори шуъбаи хизматрасонии ширкати «Контракт»-и шаҳри Қӯрғонтеппа.

• солҳои 2000–2003 – мудири бонки амонатгузории ноҳияи Восеъ.

• солҳои 1998–2002 – раиси ҷамъияти матлуботи ноҳияи Восеъ.

• солҳои 1994–1998 – директори Идораи маҳсулоттайёркунии ноҳияи Восеъ.

• солҳои 1983–1993 – мудири пункти пахтақабулкунии ноҳияи Восеъ.

• солҳои 1977–1982– нозири давлатӣ оид ба харид ва сифати маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Восеъ.

Доираи фаъолияти илмӣ: менеҷмент, иқтисодиёт

 
Котиби илмӣ – ОДИЛОВА Рухшона Комиловна

Маълумоти шахсӣ: Тоҷик, 17 апрели соли 1977   таваллуд шудааст.

Маълумот: Олии иқтисодӣ. Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, факултаи иқтисод ва идоракунӣ, шӯъбаи иқтисоди миллӣ.

Фаъолияти меҳнатӣ: • сентябри соли 2012 – Котиби илмии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

• солҳои 2000 – 2012 - мутахассиси пешбари Раёсати тадқиқоти масоили иҷтимоӣ ва бозори меҳнати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

• солҳои 1999 - 2000 – ассистенти кафедраи иқтисоди миллии факултаи иқтисод ва идоракунии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон.

Доираи фаъолияти илмӣ: Макроиқтисод, Иқтисоди миллӣ, Иқтисоди минтақавӣ ва идоракунӣ, Барномарезии стратегӣ, Иқтисоди туризм.

Интишорот: бештар аз биступанҷ мақолаи илмӣ доир ба проблемаҳои иқтисоди минтақавӣ, туризми дохилӣ ва байналмилалӣ.