+++ 16 НОЯБР – РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ +++ Нақши дипломатияи иттилоотӣ дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи дувуми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон +++ Суханронӣ дар мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ +++ Мулоқот бо Ноиби Президент - Мудири иҷроияи ширкати “Ҷенерал Электрик”-и Амрико дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллетт +++ МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «Нақши Пешвои миллат дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷуҳурии Тоҷикистон» +++ Иштирок ва суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 20.09.2017 01:56, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико +++ Суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ 30.08.2017 08:49, шаҳри Душанбе +++ Ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз330
mod_vvisit_counterДирӯз1407
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта3175
mod_vvisit_counterДар ин моҳ26826
mod_vvisit_counterҲамагӣ937938
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Ноябри
22
Чоршанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Вохӯриҳои дохила
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

25.10.2017 13:10, шаҳри Душанбе. Имрӯз дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ карда шуд. Ҳамин тариқ бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш Назризода Саидраҳмон Рустам аз вазифаи муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуда, Завқизода Завқӣ Амин - муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Тибқи қарорҳои дигари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гадоиён Шокирҷон Гадо аз вазифаи директори Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор” озод гардида, Саидзода Муҳаммадтоҳир - директори Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор” таъин карда шуд.

Муфассал...
 
Суханронӣ дар мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ

14.10.2017 09:41, шаҳри Душанбе

Муҳтарам соҳибкорон ва сармоягузорон!

Ҳозирини арҷманд!

Мулоқоти имрӯзаи мо ба муносибати Рӯзи соҳибкорон, ки се сол қабл ҳамчун рамзи дастгирии фаъолияти касбии шумо дар роҳи ободии Ватан эълон гардида буд, сурат мегирад.

Ба ин муносибат кулли соҳибкорони ватандӯсти кишвар ва ҳамаи шумо, ҳозирини муҳтарамро табрик мегӯям ва дар фаъолияти минбаъдаатон барору комёбиҳои нав орзу менамоям.

Дар ин толор, ҳамчунин, соҳибкорону сармоягузорони хориҷӣ низ ҳузур доранд, ки ман ба ҳар яки онҳо барои ҳамкорӣ ва саҳми арзишмандашон дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон изҳори сипос намуда, барори кор мехоҳам.

Муфассал...
 
Мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ

14.10.2017 12:54, шаҳри Душанбе Имрӯз дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» таҳти сарпарастӣ ва бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори таҷлили сеюмин солгарди «Рӯзи соҳибкорон», ки ҳамасола 14 октябр ҷашн гирифта мешавад, мулоқоти Пешвои миллат бо соҳибкорон ва сармоягузорон баргузор гардид.

Дар мулоқот намояндагони Ҳукумат ва вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ, ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ ва ҷумҳуриявӣ, бонкҳои тиҷоратӣ ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, коршиносони варзида, ширкатҳои сармоягузор аз мамолики олам, дар маҷмуъ зиёда аз ду ҳазор нафар иштирок карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот дар назди иштирокчиёни сершумор суханронӣ карда, нахуст ба ҳамаи соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар “Рӯзи соҳибкорон” комёбӣ ва муваффақият орзу намуданд.

Муфассал...
 
Мулоқот бо роҳбарияту фаъолон ва масъулони соҳаҳои гуногуни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 15.02.2017 13:52, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияту фаъолон ва масъулони соҳаҳои гуногуни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Дар мулоқот раёсат ва аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, намояндагони ташкилоту муассисаҳои гуногуни пойтахт, доираи соҳибкорону тоҷирон, аҳли илму маърифат, зиёиён, иттиҳодияҳои эҷодию динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Нахуст дар ҳузури иштирокчиёни мулоқот Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, аз гузашта ва имрӯзи ҳаёти иқтисодию иҷтимоии пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе ва мушкилоту

Муфассал...
 
Суханронии Пешвои миллат бахшида ба нахустин таҷлили “Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ” ва ифтитоҳи бинои Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ

29.09.2016, шаҳри Душанбе

Муҳтарам собиқадорон ва кормандони хизмати дипломатӣ!

Ҳозирини гиромӣ!

Дар раванди таърихии ташаккул ва рушди Тоҷикистон ба ҳайси давлати соҳибихтиёру мустақил сиёсати хориҷии он нақши сазовор дорад.

Шароити мушаххаси таърихии инкишофи кишвари соҳибистиқлоли мо, хислат ва муҳтавои таҳаввулоти байналмилалӣ тайи чоряк асри гузашта аҳаммияти хоссаи омили беруниро дар ҳаёти ҷомеаи мо ва робитаи зичи рушди дохилии кишварро бо воқеияти байналмилалӣ муайян намуд.

Дар вазъияти пуртазоди солҳои аввали истиқлолият роҳандозии равобити хориҷӣ ва муаррифии шоистаи давлати навини мо дар арсаи байналмилалӣ яке аз муҳимтарин самтҳои раванди давлатсозӣ буд.

Муфассал...
 
<< Якум < Пешина 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Давом > Охирин >>

Саҳифаи 1 аз 12