+++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++ Табрикоти телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз648
mod_vvisit_counterДирӯз1415
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта9866
mod_vvisit_counterДар ин моҳ28767
mod_vvisit_counterҲамагӣ1237531
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Июли
22
Якшанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Суханрониҳо
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Конибодом

27.06.2018, шаҳри Конибодом

Ҳамватанони азиз! Муҳтарам сокинони шаҳри бостонии Конибодом!

Ин лаҳзаҳо ҳамаи мо ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ – яке аз дастовардҳои бузурги мардуми шарифи Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳам омадаем.

Бинобар ин, ба хурду бузурги кишвар, ҳамватанони бурунмарзиамон ва ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ ин санаи таърихиро самимона табрик мегӯям.

Бисту як сол қабл, яъне 27 июни соли 1997 бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат марҳалаи нав оғоз гардид.

Дар аввали солҳои 90-уми асри гузашта, вақте ки Тоҷикистон акнун ба истиқлолият расида буд ва мардуми мо нахустин пояҳои бинои давлатдории муосири худро мегузоштанд, бадхоҳону хоинони миллати тоҷик кишвари моро ба низоъи дохилӣ, муқовимати сиёсӣ ва мухолифати мусаллаҳона гирифтор карда, дар як муддати кӯтоҳ Тоҷикистони тозаистиқлолро ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд.

Муфассал...
 
Суханронӣ дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Шаҳристон 24.06.2018 12:26, ноҳияи Шаҳристон

25.06.2018

Ҳамватанони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Сафари навбатии мо ба вилояти Суғд ба ифтихори солгарди яке аз дастовардҳои муҳимтарини мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол - Ваҳдати миллӣ доир мегардад ва мо имрӯз бо мақсади ошноӣ бо вазъи зиндагии аҳолӣ ва пешрафти корҳои ободонӣ ба назди шумо - сокинони заҳматпешаи ноҳияи Шаҳристон омадем.

Бо истифода аз фурсати муносиб, ҳамаи шуморо ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ, ки фардо дар кишвари азизамон таҷлил мегардад, самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар як сокини ноҳия сулҳу оромӣ ва файзу баракат орзу менамоям.

Дастовардҳои мардуми шарифи Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ, алалхусус, баъди таъмини сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллӣ собиқа надоранд, зеро мардуми сарбаланди кишварамон зиёда аз бист сол аст, ки ба шукронаи ин неъмати бебаҳо ба хотири ободиву пешрафти давлати соҳибихтиёри худ ва сарзамини биҳиштосои хеш кӯшишу ғайрати рӯзафзун зоҳир менамоянд.

Муфассал...
 
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»

20.06.2018, шаҳри Душанбе

Муҳтарам сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо,

Муҳтарам роҳбарон ва аъзои ҳайатҳо,

Хонумҳо ва ҷанобон!

Ҳамаи шуморо ба шаҳри Душанбе дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» хайрамақдам мегӯям.

Умед дорам, ки аз рӯйи натиҷаҳои чорабинии имрӯза, ки дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикон доир мегардад, ҷиҳати татбиқи ҳадафу вазифаҳои дар сатҳи байналмилалӣ дар арсаи захираҳои об мувофиқашуда иқдомоти амалии муассир сурат хоҳад гирифт.

Итминон дорам, ки конфронси имрӯза барои таҳияи тавсияҳои мушаххас роҷеъ ба мавзӯъҳои ҷаласаи дарпешистодаи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор, ки дар он Ҳадафи шашум оид ба захираҳои об муҳокима мегардад, имконоти мусоид фароҳам меорад.

Бо ибтикори Раиси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 22-юми марти соли равон – дар Рӯзи умумиҷаҳонии захираҳои об – мо ҳама якҷо ба раванди

Муфассал...
 
Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе

14.05.2018

Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Имрӯзҳо мардуми мусулмони олам, аз ҷумла сокинони кишвари мо дар арафаи моҳи шарифи Рамазон қарор доранд, ки ҳамчун айёми раҳмату мағфират, бахшиши гуноҳҳо, поксозии қалбҳо ва иҷрои амалҳои хайру савоб рӯзи 17-уми май фаро мерасад.

Ба ин муносибат кулли мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамаи шумо, ҳозирини арҷмандро самимона табрик гуфта, ба ҳар фарди Ватан саломативу саодатмандӣ, сабру таҳаммул ва дар хонадонашон фазои орому осуда ва файзу баракат орзу менамоям.

Барои мусулмонони Ватани мо, ки пайравони мазҳаби муътадилу таҳаммулгарои ҳанафӣ мебошанд, ислом нишонаи имондорӣ, таҳким бахшидани ҷаҳони маънавӣ ва такмили одобу ахлоқ ба ҳисоб меравад.

Мардуми мо дар доираи аҳкоми шариат фаризаву воҷиботи диниро озодона адо мекунанд

Муфассал...
 
Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе

04.05.2018

Муҳтарам Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид!

Муҳтарам Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо!

Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо!

Хонумҳо ва ҷанобон!

Дар оғоз ҳамаи шумо ва ҳайати ҳамроҳатонро ба диёри бостонии Тоҷикистон хайрамақдам мегӯям.

Чорабинии имрӯза ба яке аз масъалаҳои доғи рӯз - муқовимат бо терроризм ва ифротгароӣ бахшида мешавад.

Итминон дорам, ки ҳамоиши имрӯза барои муҳокимаи ҳамаҷонибаи масоили марбут ба мубориза алайҳи ин вабои аср ва таҳияву татбиқи иқдомоту тавсияҳои муштараки ҳамоҳангшуда дар ин самт мусоидат хоҳад кард.

Мусаллам аст, ки таъмин намудани сулҳу субот ва амнияти пойдори кишварҳо аз ҷумлаи

Муфассал...
 
<< Якум < Пешина 1 2 3 4 5 6 Давом > Охирин >>

Саҳифаи 1 аз 6