Асосӣ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
+++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи дувуми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон +++ Суханронӣ дар мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ +++ Мулоқот бо Ноиби Президент - Мудири иҷроияи ширкати “Ҷенерал Электрик”-и Амрико дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллетт +++ МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «Нақши Пешвои миллат дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷуҳурии Тоҷикистон» +++ Иштирок ва суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 20.09.2017 01:56, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико +++ Суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ 30.08.2017 08:49, шаҳри Душанбе +++ Ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1279
mod_vvisit_counterДирӯз1354
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта4419
mod_vvisit_counterДар ин моҳ26968
mod_vvisit_counterҲамагӣ893599
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Октябри
18
Чоршанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Тарҷумаи ҳол
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Эмомалӣ Раҳмон 5 октябри соли 1952 дар ноҳияи Данғараи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1969, баъд аз хатми Омӯзишгоҳи касбию техникии № 40-и шаҳри Калининобод (ҳоло Сарбанд), ба ҳайси устои барқ дар Корхонаи равғанкашии шаҳри Қӯрғонтеппа шурӯъ намудааст.

Солҳои 1971-1974 дар Флоти уқёнуси Ором дар хизмати ҳарбӣ буд. Пас аз хизмати ҳарбӣ ба зодгоҳи худ баргашта, дар совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара кор кардааст.

Соли 1982 факултети иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуд.

Солҳои 1976-1987 дар вазифаҳои котиби раёсат, раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара буд. Сипас дар мақомоти ҳизбӣ фаъолият дошт.

Аз соли 1987 то соли 1992 директори совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара буд.

Соли 1990 Эмомалӣ Раҳмон вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ХII интихоб мешавад. Тирамоҳи соли 1992 Раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои намояндагони халқи вилояти Кӯлоб интихоб гардид.

19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

6 ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

6 ноябри соли 1999 Эмомалӣ Раҳмон дар асоси алтернативӣ ва бо овоздиҳии умумихалқӣ бори дуюм ба мӯҳлати ҳафт сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

6 ноябри соли 2006 Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи озоду шаффофи демократӣ дар асоси алтернативӣ бори сеюм ба мӯҳлати ҳафт сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

Қаҳрамони Тоҷикистон (аз 11 декабри соли 1999) мебошад.