Асосӣ: Конференсияҳо ва мизиҳои мудаввар
+++

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз278
mod_vvisit_counterДирӯз1873
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта2151
mod_vvisit_counterДар ин моҳ24567
mod_vvisit_counterҲамагӣ818947
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Августи
21
Душанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Ulti Clocks content
Конференсияҳо ва мизиҳои мудаввар
МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «ХУСУСИЯТҲОИ ҲАМГИРОИИ МИНТАҚАВӢ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ: МАСЪАЛА ВА ДУРНАМО»

Рӯзи 30 декабри соли 2016 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизи гирд дар мавзӯи «Хусиятҳои ҳамгироии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ:

масъала ва дурнамо» баргузор гардид. Дар ҳамоиши илмию амалӣ намояндагони сафоратҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ, Федератсияи Русия, коршиносону мутахассисони масоили байналмилалӣ, намояндагони вазорату сохторҳои дахлдор, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ, намоядагони воситаҳои ахбори омма ширкат намуданд. Дар нишасти мазкур масъалаҳои муҳими ҳамгироии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифтанд.

Ҳамоишро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар бо сухани муқаддимавӣ кушода, иштирокчиёни нишасти илмию амалиро хайрамақдам гуфт ва мухтасаран дар бораи ба равандҳои ҳамгироии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ: вазъияти имрӯза ва дурнамо маълумот ироа намуд. Сипас сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон И.С.Лякин-Фролов, намояндагони сафоратҳои ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Қирғизистон суханронии табрикӣ намуданд.

Муфассал...
 
МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО СОЛИ 2030: АФЗАЛИЯТҲО ВА МЕХАНИЗМҲОИ АМАЛИГАРДОНӢ»

Рӯзи 21 декабри соли 2016 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизи гирд дар мавзуи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030: афзалиятҳо ва механизмҳои амалигардонӣ» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони вазорату идораҳо, коршиносон олимони иқтисодшинос ва мутахассисони соҳавӣ дар бораи пешбурди ислоҳоти иқтисодӣ ва дурнамои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори назар ва мубодилаи афкор намуданд.

Ҳадафҳои мизи гирд чунин буданд:

• баррасии рушди ояндаи дарозмуддати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мубоҳисаҳои коршиносӣ оид ба самтҳои калидии рушд;

• дастгирӣ ва пешбурди ташаббусҳое, ки ба таъмини самаранокии дигаргуниҳои иқтисодӣ дар доираи таъмини рушди устувор равона шудаанд;

Муфассал...
 
«Масъалаҳои ояндабинӣ ва моделсозии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Созмони ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) силсилаи семинарҳои илмиро дар мавзӯи «Масъалаҳои ояндабинӣ ва моделсозии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро баргузор менамояд.

Дар доираи силсила семинарҳои илмӣ оид ба «Масъалаҳои ояндабинӣ ва моделсозии макроиқтисодии ҶТ»

Дар доираи силсила семинарҳои илмӣ оид ба «Масъалаҳои ояндабинӣ ва моделсозиимакроиқтисодии ҶТ» дар таърихи 31.10.2014 семинари навбати дар Маркази тадқиқоти стратегии наздиПрезиденти ҶТ баргузор гардид.

Муфассал...
 
Созмони ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ)

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Созмони ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) силсилаи семинарҳои илмиро дар мавзӯи «Масъалаҳои ояндабинӣ ва моделсозии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро баргузор менамояд.

Семинари навбатие, ки дар санаи 03.10.2014 сурат гирифт, дар он аз ҷониби намояндаи доимии Фонди байналмилалии асъор дар Тоҷикистон ҷаноби Айдин Биболов дар мавзӯи «Вазъи макроиқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷкистон» маърӯза карда, моҳият ва аҳамияти ин масъаларо арзёбӣ намуд. Зимни нишаст мавсуф роҷеъ ба масъалаҳои макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи тадқиқоти Фонди байналмилалии асъор дар соли 2014 ба иштирокчиёни семинар маълумот ироа намуд. Ӯ дар баробари ин ба саволҳои ширкаткунандагони семинар посухи қаноатбахш дод.

Дар семинар намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ иштирок ва суханронӣ намуданд ва баргузории чунин нишастҳои илмиро муфид ва саривақтӣ донистанд.

 
Ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ)

МТС назди Президнти ҶТ дар якҷояги бо ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) силсилаи семинарҳои илми дар мавзӯи «Масъалаҳои ояндабинӣ ва моделсозии макроиқтисодии ҶТ” – ба роҳ мондааст.

Дар семинари мазкур намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ташкилотҳои ҷамъияти ва созмонҳои ѓайри ҳукумати иштирок ва суханрони намуданд.

Дар таърихи 27.09.2014. аз тарафи таҳлилгар оид ба масоили сиёсӣ ва иқтисодӣ машваратчии калони Oxford policy Management-и Англия доктор Матео Кабелло дар мавзӯи таҳлили сиёсати иқтисодӣ дар кишварҳои рӯ ба тарақӣ гузориш дода шуд.

Муфассал...
 
<< Якум < Пешина 1 2 Давом > Охирин >>

Саҳифаи 1 аз 2