Асосӣ: Маркази матбуот
+++ Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия +++ Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик дар Федератсияи Россия +++ Таъиноти кадрӣ +++ ТАНОСУБИ ҚУВВАҲО ДАР АФҒОНИСТОН: СУЛҲХОҲОН ВА ҶАНГҶӮЁН +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Қасри фарҳанг дар деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Қасри фарҳанги деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи маҷмааи варзиши Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими «Корвони наврӯзӣ» дар шаҳри Душанбе +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими таҷлили ҷашни Наврӯз +++ Манфиати абарқудратҳо дар Осиёи Марказӣ: «ҳамкорӣ ё рақобат» +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз163
mod_vvisit_counterДирӯз357
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта2634
mod_vvisit_counterДар ин моҳ13088
mod_vvisit_counterҲамагӣ1595789
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Апрели
19
Ҷумъа
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Маркази матбуот
МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҲИНДУСТОН

18.03.2019

Рӯзи 18 марти соли 2019 мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Сомнадтх Гош баргузор гардид.

Муфассал...
 
ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ

18.03.2019

Фаслҳои сол, вобаста аз ҳаракати Офтоб, дар ҳар қитъаи замин ба ҳар навъ, дар ҳар гуна замон фаро мерасанд. Масалан, ҳангоме ки баҳори Тоҷикистон оғоз меёбад, дар минтақаи Шарқи Дури Русия ҳанӯз зимистон ҳукмрон аст ва баръакс, вақте ки дар он ҷо баҳор фаро мерасад, дар сарзамини аҷдодии мо тобистон ҳукм меронад. Агар ба тарзи дигар гӯем, баҳор бо навбат, вобаста ба ҳаракати Офтоб, дар ҳамаи гӯшаҳои замин ташриф меорад. Дар Тоҷикистон аз фарорасии Наврӯз солшумории суннатии аҷдодӣ оғоз мешавад.

Муфассал...
 
ШАНБЕГӢ БА ПЕШВОЗИ ҶАШНИ НАВРӮЗ

16.03.2019

Имрӯз, 16 марти соли 2019, ҳайати кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусҳои наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти корҳои созандагию  бунёдкории Ватани азизамон ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, имрӯз дар арафаи ҷашни Наврӯзи дилафрӯз ба ҳашари умумӣ баромаданд. Онҳо дар ин чорабинии дастаҷамъӣ ба пешвози ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳуҷраҳои корӣ, даҳлезу роҳравҳо, ҳавлӣ ва гирду атрофи бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро тозаю озода намуданд ва ниҳолу гулбуттаҳо шинонданд. Инчунин, дар ҳашари умумӣ бехи дарахтон, ниҳолу гулбуттаҳоро нарм карда, ба гирду атроф ҳусни тоза зам намуданд. Дар ҳашари умумӣ беш аз 70 нафар кормандони Марказ фаъолона ширкат варзиданд.

Муфассал...
 
ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИЛМИИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

15.03.2019

Рӯзи 15 декабри соли 2019 ҷаласаи навбатии Шӯрои илмии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ директори Марказ Диловар Қодирзода кушода, рӯзномаи маҷлисро эълон намуд. Дар ҷаласа масъалаҳои зерин мавриди муҳокима ва тасдиқ қарор гирифтанд:

–Баррасӣ ва тасдиқи ҳайати Шӯрои илмии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Баррасӣ ва тасдиқи нақшаи кории Шӯрои илмии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2019.
Баррасӣ ва тасдиқи барномаю нақшаҳои кории раёсатҳои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019.
–Баррасӣ ва тасдиқи ҳайати Шӯрои илмию методии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Муфассал...
 
БРИФИНГИ САФОРАТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МАВЗӮИ "ҚАТЪНОМАИ МАҶМАИ УМУМИИ СММ "МАЪРИФАТНОКӢ ВА ТАҲАММУЛПАЗИРИИ ДИНӢ" ВА РАВАНДИ ИСЛОҲОТИ ИҶТИМОӢ-ИҚТИСОДӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН"

14.03.2019

Рӯзи 14 марти соли 2019 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон брифинги Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар мавзӯи "Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ "Маърифатнокӣ ва таҳаммулпазирии динӣ" ва раванди ислоҳоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон" баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони сафоратҳои мамолики хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату муассисаҳои марбутаи давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ, донишмандону коршиносон ва рӯзноманигорони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ширкат варзиданд.

Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода кушода, ҳозиринро хайрамақдам гуфт ва қайд кард, ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон кишвари дӯсту ҳамсояи наздики мо мебошад. Боиси хурсандист, ки робитаҳои дипломатӣ, иқтисодиву фарҳангии байни ду кишвари ҳамҷавор солҳои охир беш аз пеш густурда ва мустаҳкам гардида истодаанд.

Муфассал...
 
<< Якум < Пешина 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Давом > Охирин >>

Саҳифаи 2 аз 21