Асосӣ: Маркази матбуот
+++ Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ +++ Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ: вазъият ва дурнамо +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара +++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф дар мубориза бо терроризм ва экстремизм +++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар самти мубориза бо терроризм +++ ТАБРИКОТИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон +++ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Суан Фук мулоқот намуданд +++ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз480
mod_vvisit_counterДирӯз2491
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта4965
mod_vvisit_counterДар ин моҳ37553
mod_vvisit_counterҲамагӣ1680876
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Июни
19
Чоршанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Маркази матбуот
БАЗМИ НАВРӮЗӢ ДАР МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

19.03.2019

 

Рӯзи 19 марти соли 2019 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори маъмурият ва кумитаи иттифоқи касабаи Марказ базми наврӯзӣ баргузор гардид. Ҷамъомади тантанавиро муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки Наврӯз ҷашнест, ки тамоми инсону мавҷудоти оламро рӯҳу равони тоза бахшида, ба ояндаи нек, рӯзгори обод ва пешрафту созандагӣ ҳидоят мекунад. Ин ҷашни бостонии ниёгони мо, ки дар ҳама давру замонҳо аз ҷумлаи бузургтарин идҳои муқаддаси миллӣ ва ойини зиндагисози мардум ба ҳисоб меравад, ҳамчун рамзи корҳои баҳорӣ ва файзу баракати сол, пеш аз ҳама, ба кишоварзон неруву илҳоми тоза мебахшад. Наврӯз бо нақши созандаи хеш ба киштукори замин, пошидани донаи умед, шинонидани ниҳол ва гулу гулбуттаҳо, хуллас, оғози ҳамаи корҳои мавсими баҳор ҳидоят менамояд.

Муфассал...
 
БАЁЗИ НАВРӮЗӢ

19.03.2019

Наврӯзи ҷаҳонафрӯз дар ҳаёти маънавии мардумони ориёинажод мақому мақому манзалати бузурге дорад. Аз ҳамин ҷост, ки на танҳо дар эҷодиёти шифоҳӣ, балки дар адабиёти китобӣ қариб ҳамаи суханварони форсу тоҷик аз Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ то шоирони муосир ин ҷашни фархундаи миллиро васфу тараннум намудаанд. Инак, чун муште аз хирвор намунае чанд аз ашъори наврӯзии шоирони маъруфи тоҷик ва форсизабонро манзури хонандагони нуктасанҷ ва дӯстдорони Наврӯзи хуҷастапай менамоем:

Муфассал...
 
МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҲИНДУСТОН

18.03.2019

Рӯзи 18 марти соли 2019 мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Сомнадтх Гош баргузор гардид.

Муфассал...
 
ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ

18.03.2019

Фаслҳои сол, вобаста аз ҳаракати Офтоб, дар ҳар қитъаи замин ба ҳар навъ, дар ҳар гуна замон фаро мерасанд. Масалан, ҳангоме ки баҳори Тоҷикистон оғоз меёбад, дар минтақаи Шарқи Дури Русия ҳанӯз зимистон ҳукмрон аст ва баръакс, вақте ки дар он ҷо баҳор фаро мерасад, дар сарзамини аҷдодии мо тобистон ҳукм меронад. Агар ба тарзи дигар гӯем, баҳор бо навбат, вобаста ба ҳаракати Офтоб, дар ҳамаи гӯшаҳои замин ташриф меорад. Дар Тоҷикистон аз фарорасии Наврӯз солшумории суннатии аҷдодӣ оғоз мешавад.

Муфассал...
 
ШАНБЕГӢ БА ПЕШВОЗИ ҶАШНИ НАВРӮЗ

16.03.2019

Имрӯз, 16 марти соли 2019, ҳайати кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусҳои наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти корҳои созандагию  бунёдкории Ватани азизамон ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, имрӯз дар арафаи ҷашни Наврӯзи дилафрӯз ба ҳашари умумӣ баромаданд. Онҳо дар ин чорабинии дастаҷамъӣ ба пешвози ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳуҷраҳои корӣ, даҳлезу роҳравҳо, ҳавлӣ ва гирду атрофи бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро тозаю озода намуданд ва ниҳолу гулбуттаҳо шинонданд. Инчунин, дар ҳашари умумӣ бехи дарахтон, ниҳолу гулбуттаҳоро нарм карда, ба гирду атроф ҳусни тоза зам намуданд. Дар ҳашари умумӣ беш аз 70 нафар кормандони Марказ фаъолона ширкат варзиданд.

Муфассал...
 
<< Якум < Пешина 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Давом > Охирин >>

Саҳифаи 6 аз 26