Асосӣ: Маркази матбуот
+++ Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 24.08.2018 11:38, Туркманистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз266
mod_vvisit_counterДирӯз1408
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта4730
mod_vvisit_counterДар ин моҳ19216
mod_vvisit_counterҲамагӣ1431664
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Декабри
13
Панҷшанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Маркази матбуот
60 СОЛИ БОБАРАКАТ!

23.10.2017

Муҳтарам ДАВЛАТОВ Зубайдулло Абдуллоевич –муовини сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба синни мубораки 60 қадам мениҳад.

Зубайдулло Давлатов фаъолияти меҳнатиро дар синни ҳаждаҳсолагӣ оғоз кардааст. Соли 1976 ба Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе дохил шуда, соли 1981 онро бо тахассуси таърихчӣ, ҳуқуқшинос бомуваффақият хатм намудааст. Минбаъд З.А Давлатов ба кори наҷиби омӯзгорӣ машғул мешавад.

Соли 1993 Зубайдулло Давлатов чун омӯзгори варзида барои кор ба Шуъбаи маорифи ноҳияи Фархор даъват мешавад ва ӯ ҳамчун мудир бо истифода аз таҷрибаи андӯхтааш дар беҳбуди вазъи таълиму тарбия дар мактабҳои ноҳия саҳмгузор мешавад. Баъдан, соли 1995 муовини Раиси Ҳукумати ноҳияи Фархор таъйин мешавад ва то соли 1998 дар ин мақом ифои вазифа кардааст.

Муфассал...
 
ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИЛМИЮ МЕТОДИИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

18.10.2017

Имрӯз, 17 октябри соли 2017, ҷаласаи навбатии Шӯрои илмию методии Маркази тадқиқоти страгетии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Ҷаласаи илмию тадқиқотиро бо суханони муқаддимавӣ муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров кушоданд.

Раиси Шӯрои илмию методӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ Фарида Муминова дар оғози кори Шӯрои илмию методӣ ба сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёси дохилӣ Шералӣ Ризоён сухан дод. Ӯ дар мавзӯи “Равандҳои муосир дар байни ҷавонон ва масъалаҳои таъмини амнияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза кард. Сипас муқарриз ва иштирокчиёни Шӯрои илмӣ дар бораи паҳлуҳои мусбату манфии фаъолияти илмию тадқиқотии Раёсати мазкур фикру андешаҳои худро баён намуданд.

Муфассал...
 
МИЗИ ГИРД ТАҲТИ УНВОНИ “ ДАЪВАТИ КУҲАНСОЛОН БАРОИ ИСТИФОДАИ ДОНИШ, ИСТЕЪДОД ВА ТАҶРИБААШОН ДАР РУШДИ ҶОМЕА”

16.10.2017

Рӯзи 14 октябри соли 2017 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизи гирд ба муносибати Рӯзи байналмилалии куҳансолон таҳти унвони «Даъвати куҳансолон барои истифодаи дониш, истеъдод ва таҷрибаашон дар рушди ҷомеа» баргузор гардид. Дар ҳамоиши илмиву амалӣ донишмандони соҳаи геронтологияи кишварамон, коршиносон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, рӯзноманигорони ватанию хориҷӣ ширкат доштанд. Ин нишасти илмию амалӣ ба муносибати даҳсолагии Маркази геронтологии Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид ва фаъолияти ин созмон тайи ин солҳо мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифт.

Мизи гирдро бо сухани муқаддимавӣ муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров кушода, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи байналмилалии табрику муборак гуфта, таъкид намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун суннати неки ниёгонамон куҳансолон ҳам аз ҷониби фарзандону наздикон ва ҳам аз тарафи Ҳукумати кишварамон бо ғамхориҳои ҳаррӯза фаро гирифта шудаанд. Барои дар сатҳи баланди қонунгузорӣ ҳаллу фасл намудани мушкилоти куҳансолон моддаи 34-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016 чунин тағйирот ворид карда шуд: “...Падару модар барои тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъмини падару модар масъуланд”.

Муфассал...
 
ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИЛМИЮ МЕТОДИИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дирӯз, 12 октябри соли 2017, ҷаласаи навбатии Шӯрои илмию методии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Нишасти илмиро бо сухани муқаддимавӣ муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров кушода, таъкид намуд, ки ҷаласаҳои Шӯрои илмию методӣ одатан барои муҳокимаи ҳисоботи илмии раёсатҳои Марказ моҳҳои июл ва октябр баргузор мегарданд. Дар ҷаласаҳои Шӯрои илмию методӣ дараҷаи анҷомёбиии корҳои илмию тадқиқотӣ ва сифати онҳо арзёбӣ шуда, ислоҳи эродҳои аз тарафи тақриздиҳандагон дар нимсолаи аввал гирифташуда санҷида мешавад.

Сипас раиси Шӯрои илмию методӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ Фарида Муминова ҷаласаи кориро оғоз бахшида, ба сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавӣ Хуршед Додихудоев сухан вогузор намуд. Вай дар мавзӯи “Омӯзиш ва таҳлили вазъи кунунии амнияти минтақавӣ, муайян кардани самтҳои муҳимтарини таъмини амнияти минтақав” маърӯза кард. Баъдан муқарриз ва иштирокчиёни ҷаласа дар бораи бурду бохти фаъолияти илмиву тадқиқотии Раёсати мазкур тайи нуҳ моҳи соли ҷорӣ фикру андешаҳои муфид баён намуданд.

Муфассал...
 
МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «Тоҷикистон-2030: таъмини амнияти озуқаворӣ ва истеъмоли ғизо»

09.10.2017

Рӯзи 6 октябри соли 2017 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизи гирд дар мавзӯи «Тоҷикистон-2030: таъмини амнияти озуқаворӣ ва истеъмоли ғизо” баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони вазорату муассисаҳои дахлдор, донишмандони риштаи иқтисод, коршиносони варзида ва рӯзноманигорони ватанию хориҷӣ ширкат варзиданд.

Мизи гирдро бо сухани муқаддимавӣ муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарида Муминова кушода, зимни суханронии худ аҳамияти мубрами мавзӯи таъмини амнияти озуқаворӣ ва мушкилоти ғизо, мушкилоти мавҷуда ин ин соҳа ва роҳҳои ҳаллу фасли онҳо дар пешрафти иқтисодии кишварамон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагонии мардумро таъкид намуд.

Муфассал...
 
<< Якум < Пешина 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Давом > Охирин >>

Саҳифаи 5 аз 19