Асосӣ: Маркази матбуот
+++ Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 24.08.2018 11:38, Туркманистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз233
mod_vvisit_counterДирӯз1408
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта4697
mod_vvisit_counterДар ин моҳ19183
mod_vvisit_counterҲамагӣ1431631
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Декабри
12
Чоршанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Маркази матбуот
МУЛОҚОТ БО ДОНИШМАНДИ ҶОПОНӢ

23.02.2018

22 феврали соли соли 2018 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишманди маъруфи ҷопонӣ, профессори Донишгоҳи Токио ҷаноби Шин Кавишима мулоқот баргузор гардид. Дар вохӯрӣ ба ғайр аз кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намоядагони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои пажӯҳишиву таълимӣ ширкат варзиданд.

Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров кушода, меҳмони олиқадри хориҷиро ба сарзамини тоҷикон хайрамақдам гуфт. Сипас дар назди ҳозирин профессор Шин Кавишима робитаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Мардумии Чин ва давлати Ҷопон муфассал суханронӣ намуд. Сипас донишманди ҷопонӣ ба суолҳои гуногуни ҳозирин посухҳои қаноатбахш дод.

Муфассал...
 
САЙФУЛЛО САФАРОВ: «АТОВУЛЛОЕВ ТЕРРОРИСТ БУДАНИ ҲНИТ-РО ДАРК КАРД»

15.02.2018

Дар нишасти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон рӯзноманигорон бо пешниҳоди як силсила суолҳои ҷолиб масоили иқтисодиву сиёсӣ ва дохиливу хориҷии кишварро матраҳ карданд, ки муовини якуми директори Марказ Сайфулло Сафаров ба онҳо посух гуфт.

ПУРСИШ: – Сайфулло Саъдуллоевич, моҳи марти соли равон дар Ҷумҳурии Қазоқистон аввалин саммити роҳбарони Осиёи Миёна баргузор мегардад. Коршиносон мегӯянд, ки дар заминаи ин саммит миёни кишварҳои Осиёи Миёна як иттиҳод ташкил мешавад, ки боиси ҳамгироии бештари кишварҳои ин минтақа хоҳад шуд. Нисбат ба ин масъала шумо чӣ назар доред?

ПОСУХ: – Мо аз нишасти Остона умеди зиёд дорем ва ба ҳамгироии кишварҳои Осиёи Миёна хушбин ҳастем. Будани як иттиҳод ва вусъат додани ҳамбастагии кишварҳои минтақаро мо 13 сол пеш дар китобе, ки бо ҳаммуаллифии Комилов навиштем, ишора карда будем. Лекин як нозукиро таъкид менамоям, ки Иттиҳоди кишварҳои Осиёи Миёнаро бисёриҳо намехоҳанд ва бо ин муқовимат

Муфассал...
 
КОНФРОНСИ ИЛМИВУ АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ "ТОҶИКИСТОН – ТУРКМАНИСТОН: 25 СОЛИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРӢ”

09.02.2018

Имрӯз, 9 феврали соли 2018, дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Сафорати Турманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмиву амалӣ бахшида ба 25-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон таҳти унвони "Тоҷикистон–Туркманистон: 25 соли дӯстӣ ва ҳамкорӣ” баргузор гардид.

Дар он намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафорати Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, коршиносони масоили сиёсӣ, сиёсатшиносон, кормандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ ширкат доштанд.

Муфассал...
 
ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ОЛИМОНИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

26.12.2017

Рӯзи 26 декабри соли 2017 ҷаласаи Шӯрои олимони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Нишасти илмиро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар кушода, меҳмонон, аъзои Шӯрои олимони Марказро ба ин нишасти илмӣ хайрамақдам гуфт.

Сипас ҷаласа таҳти раёсати муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров ба кори худ шурӯъ намуд. Дар назди ҳозирин директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар доир ба фаъолияти илмиву таҳлилӣ, илмиву ташкилии Марказ дар соли 2017 гузориш дода, аз ҷумла қайд кард, ки аз рӯйи нақшаи корҳои илмию тадқиқотӣ барои соли 2017 пажӯҳиш ва тадқиқот дар мавзӯъҳои зерин гузаронида шуд:

Муфассал...
 
КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИВИИ ИЛМИВУ АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР: СОЛҲОИ 2018–2028»

29.11.2017

Имрӯз, 29 ноябри соли 2017, дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси илмиву амалӣ дар мавзӯи «Об барои рушди устувор: солҳои 2018–2028» баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони вазорату муассисаҳои дахлдори давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, коршиносони масоили обу экология, энергетика ва хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ширкат варзиданд.

Конфронси илмиву амалиро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар ифтитоҳ намуда, иштирокчиёни нишасти илмию амалиро хайрамақдам гуфт ва зимни суханронӣ қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббусу ибтикороти наҷиби худ ҷиҳати ҳалли мушкилоти глобалии ҷаҳон аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ баромад менамояд. Дар робита ба коҳиш ёфтани захираҳои обӣ, афзоиши истеъмоли он, тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо ва дигар омилҳое, ки барои ояндаи аҳли башар метавонанд хатар эҷод намоянд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста кӯшишу талош ба харҷ медиҳад, ки

Муфассал...
 
<< Якум < Пешина 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Давом > Охирин >>

Саҳифаи 3 аз 19