Асосӣ: Навигариҳо
+++ Паёми телевизионии Пешвои миллат ба муносибати Соли нави мелодӣ +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Урдун +++ 16 НОЯБР – РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ +++ Нақши дипломатияи иттилоотӣ дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи дувуми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон +++ Суханронӣ дар мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ +++ Мулоқот бо Ноиби Президент - Мудири иҷроияи ширкати “Ҷенерал Электрик”-и Амрико дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллетт +++ МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «Нақши Пешвои миллат дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷуҳурии Тоҷикистон» +++ Иштирок ва суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 20.09.2017 01:56, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико +++

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз440
mod_vvisit_counterДирӯз1510
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1950
mod_vvisit_counterДар ин моҳ26706
mod_vvisit_counterҲамагӣ1015288
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Январи
23
Сешанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Навигариҳо
МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ “АФҒОНИСТОН: ТАҲДИДҲОИ НАВИ МИНТАҚАВӢ”

28.12.2017

Рӯзи 28 декабри соли 2017, дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизи гирд дар мавзӯи “Афғонистон: таҳдидҳои нави минтақавӣ” баргузор гардид. Дар ҳамоиш сафирони фавқулода ва мухтори Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва намояндагони сафорати ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони масъули вазорату муассисаҳои давлатии Тоҷикистон, пажӯҳишгарону коршиносон ва воситаҳои ахбори омма ширкат варзанданд.

Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегиии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати фарорасии Соли нави милодӣ– соли 2018 табрик намуда, аҳамияти мавзӯи мизи гирдро ба таври мухтасар шарҳу тавзеҳ дод.

Муфассал...
 
“СОЛИ ҶАВОНОН”: АЗ ИБТИКОР ТО ИФТИХОР (аз Паём то Паёми Пешвои миллат)

25.12.2017

Мусаллам аст, ки тоҷикон дар санаи 9 сентябри соли 1991 баъди ҳазор соли давлатдориву бедавлатӣ аз нав мақоми асолативу таърихии хешро касб карданду дар остонаи нави давлатдории сирф миллӣ ва соҳибистиқлолӣ мавқеъ гирифтанд. Аз рӯзҳои нахустин, ки давлатро як халои идеологӣ фаро гирифта буд ва буҳрони сиёсӣ таҳдидҳо мекард беназмию бесуботиҳоро овард, Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва аҳли равшанзамири миллат умед ба қишри сарнавиштсоз ва оянданигари ҷомеаҷавонон карда, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ аз вартаи нестӣ ба сӯйи бақову устуворӣ давлатии миллии худро бароварданд. Аз рӯзҳои нави давлатдорӣ такя ба ин қишр сари вақт ва мантиқӣ буд, зеро ҷавонон ва умуман насли наврас, ояндаи халқ ватан буда, тафаккури созандаву сарнавиштсоз доранд.

Бояд гуфт, ки эълони соли 2017 ба ҳайси “Соли ҷавонон”, ки бо иқдом ва ташаббуси Пешвои миллат сурат гирифт, имтиёз ва имконоти фарохеро барои ҷавонон фароҳам овард. Дарвоқеъ, қадамҳо барои эълони ин сол аллакай дар соли 2016 гузошта шуда буд. Мувофиқан, тағйиру иловаҳое ба Конститутсия (22 май 2016) дароварда шуд, барои ҷавонон майдони фарохеро боз кард, зеро дар сатҳи мансабҳои олии давлатӣ

Муфассал...
 
“ЗАБОНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК ЗАБОНИ ТОҶИКИСТ!” Президенти АИ Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ дар ҷавоб ба онҳое, ки зарурати забони миллӣ ва ҳувияти миллиро дар давлати миллӣ нодида мегиранд

Имрӯзҳо дар баъзе расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои бесарунӯг ва аслан бемаъние доман паҳн кардаанд ва ҳар кадом аз ашхоси гуногун дар дохил ва хориҷи кишварамон кӯшиш мекунад ба савол дар бораи он ки забони мардуми Тоҷикистон бояд чӣ ном дошта бошад, аз рӯи фаҳмиши худ посух бигӯяд. Дар ин бора нигориши навбатии Президенти Акдемияи илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод РАҲИМӢ:

Ин нукта, ки забони миллӣ яке аз муҳимтарин намодҳои ҳастии миллат ва бунёдитарин унсури миллатсоз маҳсуб мешавад, ҷойи шакку шубҳа надорад. Аз ин аст, ки ҳар кадом давлати миллӣ ба сифати дастгоҳи ҳифзи манфиат ва арзишҳои миллӣ дар навбати аввал забонро мавриди пуштибонӣ ва ҳимояи ҳаматарафа қарор медиҳад. Забони давлатию расмии давлати миллии тоҷикон — Тоҷикистони азизи озоду соҳибистиқлол забони тоҷикист ва мақоми ҳуқуқии забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ дар моддаи 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври равшану возеҳ таъйид шудааст.

Муфассал...
 
МУБАЛЛИҒОН МУНАҚҚИД МЕШАВАНД

Чаро бархе аз ҳаммеҳанони мо чун аз муассисае, ки қаблан дар он ифои вазифа менамуданд, бо диди айбҷӯӣ ба он чашм медӯзанд? Ҳангоме, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз он муассиса маводи интиқодӣ нашр гардид, эшон ҳамонлаҳза мунаққиди корхонае мешаванд, ки дар аҳди пешин дар он ифои вазифа менамуданд. Агар ба ин мушкилиҳо нек назар кунем, дарҳол дармеёбем, ки инсонҳо аз ҷои рондашудаашон нафрат пайдо карда, барои ҳамешагӣ он ҷоро мавриди мазаммат қарор медиҳанд.

Онҳое, ки масъули вазифае дар муассисаи давлатӣ мебошанд, бе чунучаро ба хориҷа сафарҳои хидматӣ карда, ҷаҳд хоҳанд кард, ки тибқи дастур фаъолият намоянд новобаста аз ин, ки дастур аз дохил аст ва ё аз хориҷ, аммо замоне фаро хоҳад расид, ки мансабдор аз мансаб барканор мегардад ва дар муҳит ӯро чун пешина истиқбол нахоҳанд кард. Онзамон чун ҳезум месӯзад, чун оташ сурх мешавад ва чун муҳоҷир тасмим мегирад, ки минбаъд дар Меҳан зистани ӯ ҳоҷат надорад ва бояд ба хориҷ аз кишвар сафар карда, шаҳрвандиро дар мамлакати дигар соҳиб гардад. Эҳсоси бадбинӣ дар зеҳни собиқ корманди давлатӣ пайдо шуда, омили асосии сангпартоиҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хориҷа мегардад. Вале мутаваҷҷеҳ бошед ба суоли матраҳ: Чаро нисбат ба муассисае, ки дар он солҳои дароз фаъолият доштем ва маҳз дар муҳити он комил гаштем, бинобар эҷод гардидани мушкилиҳо дар авзои хонаводагӣ ва иҷтимоии мо бадбину бадгӯ мешавем? Магар аз омилҳои асосии пайдоиши бадбинӣ хусусияти зотии зиёӣ намебошад, ки зудранҷанду ҳассосияти басо инқилобиро соҳиб

Муфассал...
 
МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «Имкониятҳои рушди низоми арзёбии фазои сармоягузорӣ дар миқёси минтақаҳои Тоҷикистон»

19 декабри соли 2017 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизи гирд дар мавзӯи «Имкониятҳои рушди низоми арзёбии фазои сармоягузорӣ дар миқёси минтақаҳои Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони вазорату муассисаҳои дахлдор, донишмандони риштаи иқтисод, коршиносони варзида ва рӯзноманигорони расонаҳои ахбори оммаи ватанӣ ширкат варзиданд.

Мизи гирдро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба ҳамоиши илмиву амалӣ хайрамақдам гуфт ва зимни суханронии худ қайд кард, ки сармоягузорӣ яке аз масъалаҳои муҳим ва мубрами иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, зеро пешрафту тараққиёти иқтисодиву иқтимоии кишварамон ба таъмини рушди сармоявии иқтисодиёт вобастагии зич дорад. Аз ин ҷост, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи бештар ба ҷалби сармоягузорӣ зоҳир менамояд.

Муфассал...
 
<< Якум < Пешина 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Давом > Охирин >>

Саҳифаи 2 аз 54