Асосӣ: Навигариҳо
+++ Ҷавонон бояд осебпазир набошанд! +++ Аҳамияти гулугоҳи Ҳурмуз чун шоҳраги ҳаётӣ барои интиқоли нафт дар ҷаҳон (дар пасманзари афзудани танишҳо миёни ИМА ва Эрон) +++ ЭЪЛОМИЯИ ДУШАНБЕ: НАЗАРИ ВОҲИД БА АМНИЯТУ РУШД ДАР ОСИЁ ВА ҶАҲОН +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт +++ Ваҳдати миллӣ-таҷассумгари дипломатияи сулҳпарвари Пешвои миллат дар ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Нуробод +++ ЭЪЛОМИЯИ панҷумин саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё. Назари умумӣ ба минтақаи амнтар ва шукуфотари МҲТБО +++ Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1760
mod_vvisit_counterДирӯз2420
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта17692
mod_vvisit_counterДар ин моҳ56844
mod_vvisit_counterҲамагӣ1830237
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Августи
25
Якшанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Навигариҳо
«САДА ҶАШНИ МУЛУКИ НОМДОР АСТ…». Беҳрӯзи Забеҳулло дар бораи куҳантарин аз ҷашнҳои олам

17.01.2018

Омад эй сайиди аҳрор, шаби ҷашни Сада,

Шаби ҷашни Садаро ҳурмати бисёр бувад.

Манучеҳрӣ

Ҷашни Сада ба монанди ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, шаби чилла ҷашни миллӣ буда, ба ҳеч қавму дин иртибот надорад. Решаи ҷашнҳои мардуми ориётабор аз ибтидо бо табиату кайҳон ва иҷтимои башарӣ иртибот доштааст. Ба ҳамин тартиб, решаи аксари ҷашнҳои ориёӣ бархоста аз кашфиётест, ки ошкор шудани он ба нафъи тамоми ҷомеи башарӣ будааст, аз қабили кашфи оташ, баробарии шабу рӯз, ихтирои оҳан, даст ёфтан ба улуми кишоварзӣ, тиб, киштисозӣ, тасарруфи уқёнусҳои паҳновар ва ғайра. Барои мисол, Каюмарс тибқи ривоёти «Шоҳнома» аввалин касе буд, ки тоҷи подшоҳӣ бар сар ниҳода, низоми ҳукуматдориро бунёд гузоштааст. Шоҳ Ҳушанг мардуми замони худро бо обёрию санъат ва ҷудо кардани оҳану санг ва сохтани абзори оҳанӣ ошно сохт ва ба онҳо кишоварзӣ омӯхт. Кашфи оташ ва бунёди ҷашни Сада низ ба Ҳушанг нисбат

Муфассал...
 
МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ СОЛИ 2017-И КОРМАНДОНИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

11.01.2018

Тибқи нақшаи тасдиқдкардаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 2017, №24/10-579, дар санаи 10 январи соли 2018 маҷлиси ҷамъбастии соли 2017-и кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори ҷаласа мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллоев ширкат варзид.

Ҷаласаро бо сухани муқаддимавӣ директори МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар кушода, дар бораи фаъолияти илмиву тадқиқотӣ ва ташкилии Марказ дар соли 2017 ба таври мухтасар гузориш дод. Ӯ аз ҷумла қайд кард, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат ба Маҷлиси Олиро сармашқи кори худ карда, дар асоси ин Паёмҳо нақша-чорабиниҳои фаъолияти солонаи худро таҳия ва мавриди иҷро қарор медиҳад. Тамоми тадқиқот ва гузоришҳои кормандони Марказ дар соли 2017 ба амалишавии дастуру супоришҳои Президенти

Муфассал...
 
КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИВИИ ИЛМИВУ АМАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ «МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӣ ВА ТАҲКИМИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӣ ДАР ТОҶИКИСТОН: ВАЗЪ ВА ДУРНАМО»

29.12.2017

Имрӯз, 29 декабри соли 2017, дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси илмиву амалӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таҳкими амнияти иттилоотӣ дар Тоҷикистон: вазъ ва дурнамо» баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони вазорату муассисаҳои дахлдори давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, коршиносон, ва хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ширкат варзиданд.

Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар кушода, иштирокчиёни нишасти илмию амалиро хайрамақдам гуфт ва зимни суханронӣ масъалаҳои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳамгироӣ байни давлат ва созмонҳои ғайридавлатӣ, таҳкими амнияти иттилоотӣ ва мушкилоти дар ин соҳа мавҷудбударо хеле муҳиму актуалӣ арзёбӣ кард ва изҳори умед намуд, ки ҳамоиши имрӯза барои пешрафту тараққиёти кишварамон мусоидат хоҳад кард.

Муфассал...
 
МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ “АФҒОНИСТОН: ТАҲДИДҲОИ НАВИ МИНТАҚАВӢ”

28.12.2017

Рӯзи 28 декабри соли 2017, дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизи гирд дар мавзӯи “Афғонистон: таҳдидҳои нави минтақавӣ” баргузор гардид. Дар ҳамоиш сафирони фавқулода ва мухтори Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва намояндагони сафорати ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони масъули вазорату муассисаҳои давлатии Тоҷикистон, пажӯҳишгарону коршиносон ва воситаҳои ахбори омма ширкат варзанданд.

Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегиии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати фарорасии Соли нави милодӣ– соли 2018 табрик намуда, аҳамияти мавзӯи мизи гирдро ба таври мухтасар шарҳу тавзеҳ дод.

Муфассал...
 
“СОЛИ ҶАВОНОН”: АЗ ИБТИКОР ТО ИФТИХОР (аз Паём то Паёми Пешвои миллат)

25.12.2017

Мусаллам аст, ки тоҷикон дар санаи 9 сентябри соли 1991 баъди ҳазор соли давлатдориву бедавлатӣ аз нав мақоми асолативу таърихии хешро касб карданду дар остонаи нави давлатдории сирф миллӣ ва соҳибистиқлолӣ мавқеъ гирифтанд. Аз рӯзҳои нахустин, ки давлатро як халои идеологӣ фаро гирифта буд ва буҳрони сиёсӣ таҳдидҳо мекард беназмию бесуботиҳоро овард, Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва аҳли равшанзамири миллат умед ба қишри сарнавиштсоз ва оянданигари ҷомеаҷавонон карда, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ аз вартаи нестӣ ба сӯйи бақову устуворӣ давлатии миллии худро бароварданд. Аз рӯзҳои нави давлатдорӣ такя ба ин қишр сари вақт ва мантиқӣ буд, зеро ҷавонон ва умуман насли наврас, ояндаи халқ ватан буда, тафаккури созандаву сарнавиштсоз доранд.

Бояд гуфт, ки эълони соли 2017 ба ҳайси “Соли ҷавонон”, ки бо иқдом ва ташаббуси Пешвои миллат сурат гирифт, имтиёз ва имконоти фарохеро барои ҷавонон фароҳам овард. Дарвоқеъ, қадамҳо барои эълони ин сол аллакай дар соли 2016 гузошта шуда буд. Мувофиқан, тағйиру иловаҳое ба Конститутсия (22 май 2016) дароварда шуд, барои ҷавонон майдони фарохеро боз кард, зеро дар сатҳи мансабҳои олии давлатӣ

Муфассал...
 
<< Якум < Пешина 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Давом > Охирин >>

Саҳифаи 9 аз 60