Асосӣ: Навигариҳо
+++ Ҷавонон бояд осебпазир набошанд! +++ Аҳамияти гулугоҳи Ҳурмуз чун шоҳраги ҳаётӣ барои интиқоли нафт дар ҷаҳон (дар пасманзари афзудани танишҳо миёни ИМА ва Эрон) +++ ЭЪЛОМИЯИ ДУШАНБЕ: НАЗАРИ ВОҲИД БА АМНИЯТУ РУШД ДАР ОСИЁ ВА ҶАҲОН +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт +++ Ваҳдати миллӣ-таҷассумгари дипломатияи сулҳпарвари Пешвои миллат дар ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Нуробод +++ ЭЪЛОМИЯИ панҷумин саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё. Назари умумӣ ба минтақаи амнтар ва шукуфотари МҲТБО +++ Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1780
mod_vvisit_counterДирӯз2420
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта17712
mod_vvisit_counterДар ин моҳ56864
mod_vvisit_counterҲамагӣ1830257
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Августи
25
Якшанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Навигариҳо
АЗ ДИЁНАТ ТО ХИЁНАТ

14.08.2018

«Ман чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда будам, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиори диниву мазҳабӣ сурат мегиранд, ба дини мубини ислом иртиботе надоранд, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд. Мубориза бо терроризм ва экстремизм муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд».

Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20 январи соли 2016

Тоҷикистони тозабунёдро баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, ҳизбу гурӯҳҳои гуногуни манфиатҷӯ тавонистанд, ки бо талошҳои ғаразонаи худ ба гирдоби мушкилоти зиёди иқтисодию иҷтимоӣ, хатарҳои ҷиддии аз байн рафтани давлати тоҷикон гирифтор намоянд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои аввали роҳбарии давлатро ба душ гирифтанаш, тамоми кӯшишу заҳмати худро тариқи нишастҳои мусолиҳатомез барои сарҷаъмӣ ва барқарории сулҳу суботи сартосарии кишвар сафарбар намуд.

Муфассал...
 
ПАРДАИ ШАРМ АЗ МИЁН БАРДОШТАНД… Дар ҳошияи ҳамоиши наҳзатиён дар шаҳри Дортмунд

19.07.2018

Тавре медонем, чанде пеш дар шаҳри Дортмунди Германия як гурӯҳ наҳзатиён ба ном ҳамоиш карда, гӯё аз солгарди сулҳу ваҳдат сухан гуфтаанд, ҳол он ки онҳо маҳз бо ҳамин дастовардҳои беназири миллат ва Давлати Тоҷикистон мушкил доранд. Дар ин бора мулоҳизаҳои як нафар хонандаи фаъоли мо пешниҳод мешавад.

Имрӯз якчанд беору номус ва хоину ватанфурӯш, ки аз тарси ҷавобгарии ҷиноятӣ ба хориҷи кишвар фирор карда, хиёнатҳои худро ба халқу Ватан бо кумаки хоҷагони хориҷиашон таҳти пӯшишҳои сиёсиву мухолифи давлат буданҳо пинҳон намудаанд ва дар тамоми ҷаҳон фаъолияти тахрибкоронаашонро «ҳимояи арзишҳои демукросӣ» муаррифӣ кардан мехоҳанд, дар охир чун диданд макру фиребашон асар накард ва дар ин роҳи бадкорӣ ноком шуданд, ба ҷойи аз халқу давлат пӯзиш пурсидан даст ба туҳмату таҳрифкорӣ задаанд.

Масалан, ҳамоише, ки гурӯҳаке аз хоинони наҳзатӣ чанд рӯз пеш дар шаҳри Дортмунди Германия ташкил карданду гӯй аз солгарди сулҳу ваҳдат ҳарф заданд, пур аз таҳрифу таҳқири ҳам милат ва ҳам таърих буд. Дар ин ҳамоиш наҳзатиён пардаи

Муфассал...
 
ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИЛМИЮ МЕТОДИИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

06.07.2018

Дар санаи 3 ва 5 июли соли 2018 ҷаласаҳои навбатии Шӯрои илмию методии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Нишасти илмиро бо сухани муқаддимавӣ муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров кушода, дар бораи фаъолияти илмиву ташкилиии Марказ дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ ба таври мухтасар маълумот дода, зимнан қайд кард, ки кормандони раёсатҳои Марказ тибқи нақшаи корҳои илмию тадқиқотӣ дар соли 2018 дар доираи самтҳои зерин тадқиқот мебаранд:

• масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотӣ, иҷтимоӣ, миллӣ ва минтақавӣ ҳамчун стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

• ташаккули низоми миллии баҳогузории индикативии амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

• таҳлили омилҳои асосии берунӣ ва дохилии масъалаҳои амнияти минтақавӣ дар замони муосир;

• арзёби ва мониторинги амнияти сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муфассал...
 
Дар Душанбе Конференсия бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 расман ба кор шурӯъ мекунад

20.06.2018

Баъд аз чанд лаҳза дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Кохи Сомон» Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 расман ба кори худ шурӯъ мекунад.

Дар Конференсияи байналмилалии мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ мекунанд.

Барои иштирок дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд ба шаҳри Душанбе роҳбарони як зумра давлатҳо, аз ҷумла, Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн, Раиси иҷроияи Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулло Абдулло, ҳамчунин муовини Дабири кулли СММ Луи Женмин, Котиби генералии Созмони Ҳамкории Шанхай Рашид Олимов, Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Петер

Муфассал...
 
ОБ МАНБАИ РУШДИ УСТУВОРИ КИШВАРҲОИ ҶАҲОН

07.06.2018

Ҳадафи аслии қабули Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028» ташкили ҳамкориҳои судманди байни кишварҳо дар сатҳи байналмилалӣ барои кам кардани хатарҳои бамиёномада мебошад. Маълум аст, ки дар даҳсолаҳои охир инсоният ба таҳдидҳои муосири ҷаҳонӣ дучор гардид: инҳо тағйирёбии иқлими сайёра ва бар асари он зиёдшавии фалокатҳои табиӣ, обхезӣ, яхчу тармафароӣ, обшавии пиряхҳо, проблемаҳо оид ба таъминоти об бинобар зиёдшавии босуръати аҳолӣ, хурӯҷи бемориҳои сирояткунанда ва ғайра мебошанд.

Баъд аз қабули Қатъномаи зикршудаи Маҷмаи умумии СММ бештар як сол сипарӣ гардид. Дар ин давра Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор иқдомоти муассиреро дар доираи чорабинии мазкур ба нақша гирифт. Ба сохторҳои дахлдор супориш дода шуд, ки масъалаҳои вобаста ба обро омӯхта баромада, чорабиниҳои мушаххас созмон диҳанд. Вобаста ба ин дар сатҳҳои маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҷаласаҳои коршиносону олимон гузаронида шуданд.

Бо назардошти он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон манбаи бузурги захираҳои обӣ буда, дар

Муфассал...
 
<< Якум < Пешина 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Давом > Охирин >>

Саҳифаи 4 аз 60