Асосӣ: Амнияти минтақавӣ
+++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++ Табрикоти телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада +++ Паёми телевизионии Пешвои миллат ба муносибати Соли нави мелодӣ +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз129
mod_vvisit_counterДирӯз1827
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта8743
mod_vvisit_counterДар ин моҳ34205
mod_vvisit_counterҲамагӣ1160642
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Mайи
25
Ҷумъа
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Амнияти минтақавӣ
ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ: МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМОИ МУБОРИЗА БО ОНҲО

  1. Камолова М.Р.,
  2. номзади илмҳои
  3. сиёсӣ, муовини сардори Раёсати
  4. омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии
  5. Маркази тадқиқоти стратегии назди
  6. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Дар Паёми навбатии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин таҳдиду чолишҳо омадааст: «Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад.

Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст». [1]

Муфассал...
 
БОЗИИ АБАРҚУДРАТҲО ДАР МИНТАҚА: ТАҲДИДҲО ВА ПОСУХҲО

Вазъи кунунии кишварҳои арабӣ на танҳо кишварҳои ҳамсоя, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Воқеаҳои охири Ховари Миёна ва дар арсаи сиёсӣ пайдо шудани ҳаракатҳои ифротгарои динӣ, ба монанди «Давлати исломии Ироқу Шом», ки ба қатлу куштори мардуми бегуноҳ ва харобу вайрон кардани шаҳру деҳот даст зада истодаанд, як вазъи номуайяни сиёсиро ба вуҷуд овардааст. Албатта, идеяи бунёди як давлати дорои низоми динӣ бе назардошти вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварҳои мустақили арабӣ, ки дорои фарҳангу анъанаҳои хоси қавмию миллии худанд, ғайриимкон аст. Вале саркардагони ин ҳаракатҳо ҳамаи масъалаҳои меҳвариро нодида гирифта, кӯшиши бо зӯр ва истибдод бунёд кардани чунин як давлатеро доранд.

Мутаассифона, имрӯз дар ҷаҳони ислом идеяи бунёди давлати исломӣ ҳам дар масоили сиёсӣ - мафкуравӣ ва ҳам иқтисодӣ - иҷтимоӣ ҳарҷумарҷи зиёдро ба бор овардааст. Дар айни замон ягон муҳаққиқ ояндаи минтақаро пешгӯӣ карда наметавонад. Вале аксарият бар ин ақидаанд, ки ин мушкилот танҳо дар сурати мувофиқаи абарқудратҳои минтақа ва ҷаҳонӣ ҳаллу фасл мешавад. Ҳоло унсури асоси саҳнаи сиёсии минтақа низои мазҳабии мусулмонон мебошад.

Муфассал...
 
Таҳдиди тамоюли ифротгароии динӣ дар Осиёи Марказӣ

Пас аз пошхӯрии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар баъзе аз кишварҳо, аз ҷумла дар Тоҷикистон тамоюли рӯ овардани ҷавонон ба дин ба назар мерасид. Афзудани шумораи масҷидҳо ва инфрасохтори исломӣ (муассисаҳои таълимӣ), вусъат ёфтани имкониятҳои иттилоотиву тарғиботии ассотсиатсияҳо ва ҷамъиятҳои исломӣ гувоҳи гуфтаҳои боло шуда метавонанд.

Экстремизм ифодаи амали тундгароӣ буда, экстремизми динӣ маънои мутаассиб дар дин ва мазҳаб мебошад. Яъне, таҳти таъсири андешаи бардурӯғи аз доираи таълимоти динӣ дур дар ниҳоди шахс боварии комил ба ҳиссиёти экстремистӣ табдил меёбад. Дар натиҷа исломи муътадил ба идеологияи радикалӣ мубаддал гардида, аз ҷониби гурӯҳҳои экстремистӣ, ба монанди «Ваҳҳобия», «Салафия», гурӯҳҳои ифротгароии «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «Гурӯҳи исломии Туркистони Шарқӣ», «Ал-қоида», «Конгресси халқии Курд», «Асбат-ал-Ансар», «Бародарони мусалмон», ҳаракати «Толибон», «Давлати Исломӣ» ва дигарон суистифода мегардад. Ин ҳаракатҳо аз ҳамдигар фарқ кунанд ҳам, аммо аксаран ҳадафи ягона, яъне қонеъ намудани талаботи иқтисодӣ, бедор намудани ҳисси таҳаммулнопазирӣ дар ҷомеа ва бо истифода аз беназарии иҷтимоӣ дар мафкураи мардум бедор намудани мавҷи эътироз, нооромиҳо ва ғайраро доранд.

Муфассал...
 
ЗУҲУРОТИ ИФРОТГАРОӢ ВА ПАЙОМАДИ МАНФИИ ОН

Ноамнӣ ва бесуботии Ховари Миёна боиси ташвиш ва нигарониҳои зиёди кишварҳои минтақа аз ҷумла Осиёи Миёна гардидааст. Cолҳои охир тибқи маълумоти мақомоти қудратии кишвар ҳолатҳои рӯ овардани ҷавонони тоҷик ба ҳаракатҳои ифротгаро зиёд шуда истодаанд, ки ширкати онҳо дар муҳорибаҳои Сурия ва Ироқ ин ақидаро собит месозад. Шомилшавии ҷавонони тоҷик дар ҳизбу ҳаракатҳои тамоюли ифротгароӣ дошта, ба монанди «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ансоруллоҳ», «Байъат», «Ҳаракати Толибон», «Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон», «Салафия» мисоли равшани ин қазия аст. Нафарони мазкур мутаасссифона, намедонанд, ки қурбонии бозингарони бузург ва душманони Тоҷикистон гардидаанд.

Омилҳои гуногунеро метавон зикр намуд, ки ҷавонон таҳти таъсири чунин ҳизбу ҳарактҳо қарор мегиранд. Сатҳи пасти таълиму тарбия дар оила ва надоштани маърифати кофии динӣ ва инчунин, мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, сатҳи бекорӣ сабабгори асосии ҷалб шудани ҷавонон ба ин ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро гардидааст. Яке аз роҳҳои асосии ҷалб намудани ҷавонон ба ин ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ асосан, муҳоҷирати меҳнатӣ ва инчунин ташвиқот аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мебошанд. Чунин раванд омили ба вуҷуд оварандаи нооромӣ ва бесуботии ҷомеа хоҳад шуд, зеро баҳсҳо ва муборизаҳои идеологӣ ва ғоявӣ дар майдони шабакаҳои иттилоотӣ бо тамоми шиддат

Муфассал...
 
<< Якум < Пешина 1 2 3 4 Давом > Охирин >>

Саҳифаи 4 аз 4