Асосӣ: Амнияти минтақавӣ
+++



Хабарҳои охирин

Меҳмонҳо

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз902
mod_vvisit_counterДирӯз1047
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта4663
mod_vvisit_counterДар ин моҳ20456
mod_vvisit_counterҲамарӯза627208
Visitors Counter 1.5

Омор

Маводҳои аз назар гузаронидашуда : 1132015
Феврали
25
Шанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Ulti Clocks content
Амнияти минтақавӣ
Ҷавонон дар муқобили ифротгароӣ ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ба масъалаҳои тарбияи ҷавонон дар оила ва ҷомеа, муҳайё кардани шароити мусоид барои илмомӯзӣ, кору фароғати онҳо, диққати ҷиддӣ зоҳир менамоянд. Имрӯз ҳам татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, меҳвари фаъолияти онҳоро ташкил медиҳад.

Бо ин мақсад даҳҳо қонуну қарорҳо ва барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» қабул карда шуданд, ки онҳо барои муттаҳид намудани ҷавонон дар пешрафти кишвар, ҳимояи марзу буми он, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва корҳои созандагиву ободкорӣ фаъолона ширкат кардани онҳо, роҳи васеъ кушоданд. Инчунин, Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар мамлакат то соли 2020 қабул карда шуд ва дар он иштироки ҷавононро дар ҳалли вазифаҳои мубрами рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар таъмин мекунад.

Оид ба масъалаи ҷавонон дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат

Подробнее...
 
ТЕРРОРИЗМ - ВАБОИ АСР РАДИКАЛИЗМИ ҶАВОНОН - ХАТАР БА АМНИЯТИ КИШВАРҲО

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир ҷараёнҳои иртиҷоии ба монанди терро¬ризм, экстремизм, ифротгароӣ ва ғайра дар минтақаҳои гу-ногуни ҷаҳон батадриҷ доман паҳн намуда, ба омили асосии мураккабшавии муносибатҳои байналхалқӣ табдил ёфтаанд. Тамоми ҷараёнҳои номбурда дар фаъолияти худ аз чорабиниҳои радикалӣ истифода мекунанд. Аз ин лиҳоз онҳоро ҷараёнҳои террористӣ, радикалӣ ё экстремистӣ – радикалӣ ё ифротгароӣ-радикалӣ меноманд.

Созмону ҳаракатҳои радикалии террористӣ - экстремистӣ ба монанди “Ҷабҳат-ун-нусра”, «Давлати Исломӣ», «Ваҳҳобия», «Салафия», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҳаракати исломии Узбекистон», «Гурӯҳи исломии Туркистони Шарқӣ», «Ал-қоида», «Конгреси халқии Курд», «Асбат-ал-Ансар», «Бародарони мусалмон», ҳаракати «То¬либон» ва ғайра имрӯз ба пиёдакунандаи манфиатҳои абарқудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла Осиёи Миёна, табдил ёфтаанд.

Аз воқеаҳое, ки вақтҳои охир дар хоки давлатҳои Сурия, Лубнон, Ироқу Афғонистон, Туркия, Сомалӣ,

Подробнее...
 
Манфиати абарқудратҳо дар Осиёи Марказӣ: «ҳамкорӣ ё рақобат»

Тағйир ёфтани муносибатҳои абарқудратҳо дар саҳнаи сиёсии ҷаҳон ва бархӯрди манфиатҳои геостратегии онҳо ҷиҳати тасарруфи захираҳои ғании кишварҳои минтақа як амали муқаррарӣ шуда истодааст. Дастгирии рӯй рост ва ё пардапӯшонаи инқилобҳои ранга ва табадуллотҳи сиёсӣ бори дигар бархӯрди нобоварии муносибатҳои сиёсии миёни қудратҳои ҷаҳониро собит менамояд. Чунин бархӯрди манфиатҳоро метавон дар Сурия, Ироқ, Либия мушоҳида намуд. Имрӯзҳо тарҳрезии заминаҳои интиқоли чунин бархӯрдҳо аз он ҷумла ба Осиёи Марказӣ низ аз эҳтитмол дур нест.

Осиёи Марказӣ ҳамчун минтақаи муҳими ҳамкориҳои бисёрсамта ба ҳисоб меравад. Мавқеи ҷуғрофии мусоид, сарватҳои табиӣ, нафти хом, газ ва инчунин, дигар захираҳои табии диққати қудратҳои ҷаҳониро ба худ ҷалб намудааст.

Раванди таҳаввулоти Осиёи Марказӣ баёнгари он аст, ки минтақаро ба тадриҷ вориди бозии хатарнок мегардад. Дар вазъияти нави геополитикии ҷаҳон муносибати Русия ва Ғарб (хосса ИМА) тезутунд шуда истодаасту кишварҳои Осиёи Марказиро зарур аст то дар раванди амалигардонии стратегияи сиёсати хориҷии хеш ин омилро ба эътибор гиранд.

Қудратҳои манфиатдор, баҳсҳои ҳассоси марзии миёни кишварҳои минтақаро тақвият дода, бо ин роҳ мехоҳанд вазъи сиёсиро ноустувор карда, барои низоҳҳои дохили минтақа замина омода намоянд.

Подробнее...
 
КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ ТАҚДИРСОЗ

Имсол аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 сол сипарӣ мешавад. Конститутсия омили муҳими муттаҳидкунанда, ҳифзи сулҳу субот, оромӣ ва ризояти шаҳрвандӣ дар ҷомеа мебошад. Ин санади тақдирсоз ҳамаи паҳлуҳои ҳаёт ва фаъолияти инсон, сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятиро дар бар мегирад ва санади тақдирсозест, ки роҳи рушду пешрафти давлати тоҷиконро дар садсолаҳо равшан месозад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти давлатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6 ноябри соли 1994 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, аз 10 боб ва 100 модда иборат аст.

Ҳамчуноне ки дар дебочаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр карда шудааст, мардуми Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор медонад ва зимни таъмини соҳибихтиёрии давлат ва рушду камоли он озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас мешуморад, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор додааст. Мавриди тазаккур аст, ки

Подробнее...
 
Варақаи матбуотӣ

Имрӯз, 23 сентябри соли 2016 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо ҳаракати ҷамъиятии «Друзья России» («Дӯстони Россия») Мизи гирд дар мавзуи «Таҳдиду хатарҳои нав аз тарафи ДИИШ барои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ» баргузор гардид. Дар он коршиносони мустақил, намояндагони гурӯҳҳои ҷамъиятӣ, кормандони вазорату идораҳои дахлдор, инчунин, намояндагони корпуси дипломатӣ ширкат варзиданд.

Иштироккунандагони Мизи гирд қайд карданд, ки терроризми байналмилалии муосир ва экстремизми динӣ ба як проблемаи глобалии хатарноки муосир табдил ёфтааст ва ба амнияти тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид мекунад.

Дар рафти муҳокима ба масъалаи фаъолияти органҳои ҳифзи ҳуқуқ дар соҳаи мубориза ва пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба терроризм ва экстремизм, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд. Чунончи, намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати ҳозиринро ба нақши технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, ки аз тарафи экстремистон фаъолона ба мақсади ҷалби ҷавонон ба сафҳои худ истифода мешавад, ҷалб намуд. Вазъияти ҳарбию низомӣ дар кишварҳои Шарқи Наздик мавриди мубоҳисаи васеи коршиносон қарор гирифт. Аз тарафи онҳо сенарияҳои эҳтимолии рушди вазъият дар Сурия, Ироқ ва Афғонистон дар робита ба ҳамкориҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мубориза алайҳи ДИИШ пешгӯйӣ карда шуд.

Подробнее...
 
<< Якум < Пешина 1 2 3 Давом > Охирин >>

Саҳифаи 1 аз 3